EAPATIS

Еapatis.com

Маъмурияти КДПТ!

Диққат!

Аз моҳи ноябри соли 2007  оғоз намуда  бо ибтикори Маъмурияти Маркази миллии патенту иттилоот  ва Идораи патентии Авросиё Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ба Шабакаи умумиҷаҳонии Системаи патентию иттилоотии Авросиё (ЕАПАТИС) www.eapatis.com пайваст карда шуд. Хазинаи патентии шабакаи мазкур зиёда аз 84 миллион ҳуҷҷатҳои патентиву иттилоотиро дар бар мегирад.   Ғайр аз ин дар ин маъхаз  зиёда аз 30 ҳазор мақолаҳои илмӣ 10 маъхаз доир ба фанҳои тиб (тариқи ройгон) барои истифода намудан пешниҳод гардидааст. Олимону мутахассисон, ихтироъкорон ва навоварони мо барои ҷустуҷӯи маводу иттилооти зарурӣ ҳамасола ба хориҷи кишвар сафар менамоянд аммо акнун онҳо метавонанд аз ин маъхази бебаҳои китобхонаи мо бемамоният истифода баранд. Бо кӯмаки мутахассисони китобхона  ва ё  истифодабарандагон худ метавонанд  аз навигариҳои ихтироъҳои ҷаҳон аз наздик шинос шаванд ва ё шабеҳияти ихтироъи худро аз ин шабака дарёб намоянд.  Иттилооти хазинаи шабакаи мазкур аз соли 1924    то ба имрӯзро  ташкил медиҳад.

Ба маълумоти истифодабарандагони Китобхонаи давлатии патентию техникии (КДПТ) МД ММПИ расонида мешавад, ки барои истифода намудан аз ин маъхази бебаҳо ба мудири шуъбаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентии КДПТ  Бахталиева Оина  муроҷиат намоед.

  • •(+992) 934199947
  • •(+992) 931729999
  • kdpt.tj@mail.ru