- Муқарарроти умумӣ
- Шуъбаи маълумотию иттилоотӣ (минбаъд – шуъба) ҷузъи таркибии сохтори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КДПТ) мебошад.
- Шуъба ташкили нигоҳдории хазинаи соҳавӣ, корҳои китобхонавӣ ва хизматрасонии маълумотию иттилоотиро ба мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаҳои гуногун ва соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ сару кор доранд, таъмин менамояд.
- Тарғиби хазинаи шуъба, КДПТ ва корҳои маълумотию иттилоотиро ба роҳ мемонад.
- Шуъба дар ихтиёри худ муҳр бо навиштаи «Шуъбаи маълумотию иттилоотии КДПТ ММПИ» -ро доро мебошад.
- Дар асоси самтҳои фаъолияти худ шуъба тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии зерин кору фаъолият менамояд:
-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»; -Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ; – Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; – Созишнома ва санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ ва ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, ки ба онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо мебошад; – Оиннома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (минбаъд-МД ММПИ); – Низомнома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии КДПТ ; – Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва методӣ ки ба зиммаи фаъолияташ гузошта шудааст. |
- Шуъба фаъолияти худро дар асоси нақшаи солона, ки аз рўйи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааcт ба роҳ мемонад ва пешбурди кори худро бо дигар шуъбаҳои КДПТ ба танзим дароварда мутобиқ менамояд.
- Самтҳои асосӣ ва фаъолияти шуъба
- Самтҳои асосӣ ва фаъолияти шуъба аз инҳо иборат мебошад:
– пуррагардонии хазинаи маълумотию-иттилоотӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрию- ҳуқуқӣ, илмию методӣ, адабиёт ва маҷаллаҳои миқдори нашрашон кам;
– омода намудани маъхази маълумотӣ – ҷустуҷўии электронӣ ба хазинаҳо;
– ташкили хизматрасонии китобхонавӣ ва маълумотию иттилоотӣ;
– тарғиби хазинаи маълумотию-иттилоотӣ, бо роҳи методӣ ва кўмаки амалӣ ба вазорату идораҳо, муассиса ва ташкилотҳо;
– ҷорӣ намудани шабакаи автоматикунонии иттилоотӣ – китобхонавӣ;
– Иҷроиши дархостҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ва маълумотӣ-иттилоотӣ.
- Уҳдадориҳои шуъба
- Ташкил ва пуррагардонии хазинаҳои соҳавии маълумотӣ-иттилоотӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, илмӣ – методӣ, адабиётҳо ва маҷаллаҳои миқдори нашрашон кам.
- Қабул, баҳисобгирӣ, ҷойгиркунонӣ ва нигаҳдории адабиётҳо, маҷаллаҳо варақаҳои иттилоотӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои батанзимдарорандаи амалкунанда.
- Таҳлили истифодабарии хазинаи маълумотию-иттилоотӣ, меъёрию- ҳуқуқӣ, илмӣ – методӣ, адабиётҳо ва маҷаллаҳои миқдори нашрашон кам.
- Таъмини бехатарӣ, ҳифз ва ҳолати нигоҳдории хазинаи маълумотию-иттилоотӣ.
- Истифодабарӣ ва таъмини низоми автоматикунонии китобхонавӣ – иттилоотӣ бо пешбурди феҳристи электронӣ дар хазинаи шуъба.
- Пешниҳоди хизматрасониҳои китобхонавӣ ва маълумотию иттилоотӣ дар соҳаи ҳифзи объектхои моликияти саноатӣ.
- Омода намудани намоишгоҳҳои мавзўии маълумотию иттилоотӣ.
- Пешниҳоди маслиҳатҳо доир ба хазинаи маълумотию иттилоотӣ.
- Гузаронидани ҷустуҷўҳои маълумотӣ-иттилоотӣ.
- Омўхтани малакаи кории шуъбаҳои маълумотию-иттилоотии китобхонаҳои илмию техникӣ ва патентии Идораҳои патентии давлатҳои хориҷа бо мақсади истифодаи он дар пешбурди кори шуъба.
- Ваколатҳои шуъба
- Ҳуҷҷатҳои меъёрию методе, ки ба фаъолияти шуъба таалуқ доранд, коркард намуда, омода намояд.
- Барои рушду нумў ва фаъолияти шуъба ба роҳбарияти КДПТ пешниҳодҳо намояд.
- Дар кори мизи мудаввар, конфронсҳо ва семинар-машваратҳое, ки ҷониби КДПТ, МД ММПИ ва дигар китобхонаҳои дохилу хориҷи кишвар баргузоршаванда саҳми худро гузорад ва иштирок намояд.
- Бо китобхонаҳои дохил ва хориҷи кишвар, нашриётҳо, ташкилоту маассисаҳо ташкилотҳои байналхалқӣ оиди пуррагаргардонии шуъба мукотиба ва доду гирифт намояд.
- Дар асоси «Низомномаи Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Марказии миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тарифҳои хизматрасонии КДПТ МД ММПИ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» хизматҳои пулакиро ба роҳ монда, иҷро намояд.
- Ташкил ва фаъолияти шуъба
- Сохтор ва штати шуъба дар асоси вазифаҳои дар Низомномаи мазкур нишондодашуда ташкил карда мешавад.
- Шуъбаро мудири шуъба роҳбарӣ менамояд.
- Мудири шуъба бо пешниҳоди Директори Китобхона ва бо фармоиши Директори МД ММПИ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
- Мудири шуъба кори шуъбаро ташкил намуда, барои иҷроиши вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда ҷавобгар мебошад.
- Корҳои молиявӣ оиди пуррагардонӣ, бақайдгирӣ, азқайдбарорӣ, ташкили нигоҳдорӣ ва истифодаи хазинаи шуъба дар сметаи (харҷномаи) умумии сарфаи маблағҳо оиди нигаҳдошти хазинаи шуъбаи маълумотию иттилоотии КДПТ ба нақша гирифта мешавад;
- Штати шуъба аз вазифаҳои зерин иборат мебошанд: китобдори дараҷаи якум, китобдори пешбурд, саркитобдор, мудири шуъба. Миқдори штати шуъба дар асоси сметаи умумии сарфаи маблағҳо оиди нигаҳдошти хазинаи китобхона ба нақша гирифта мешавад.
- Ҳуқуқ ва уҳдадории мудири шуъба
- Мудири шуъба кори шуьбаро роҳбарӣ намуда, иҷрои супориш ва вазифаҳои ба зиммаи шуъба бударо таъмин менамояд.
- Аз тарафи кормандон риоя намудани интизоми меҳнат, истеҳсолот ва муҳофизати меҳнатро назорат мекунад.
- Тартиб додани нақшаи кории шуъба, иҷроиши нақшаҳои моҳона, семоҳа, нимсола нуҳмоҳа ва солонаро таъмин менамояд.
- Беосеб нигоҳдории хазинаро ба уҳда дорад.
- Ба истифодабарии дуруст, ҳифзи молу ашёи шуъба, риояи қоидаҳои бехатарии зиддисўхторӣ ва техникаи бехатарӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъба ҷавобгар мебошад.
- Дар сурати ҳозир набудани мудири шуъба дар шуъба иҷрои вазифаҳои ў муваққатан ба зиммаи саркитобдори шуъба вогузор мегардад.