Иштирок ва суханронии мудири Шуъбаи маркетинг ва рушди КДПТ Файзуллозода Чорёр Саидаъзам дар мизи мудаввар таҳти унвони ” Нақши технологияҳои муосири иттилоотӣ дар хизматрасонӣ ба истифодабарандагон ” дар МД “Китобхонаи миллӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Раванди хизматрасонии фосилави дар КДПТ”.
Дар мизи мудаввар китобдорон аз китобхонаҳои ҳудуди кишвар иштирок доштанд, ки фикру ақидаҳои худро тариқи хати ба масъулини чорабини пешниҳод намуданд ва иброз доштанд, ки дар раванди пешравии илму технологияҳои муосир китобхонаҳо низ ба дастовардҳои назарас ноил гардидаанд.




