Низомномаи шуъбаи автоматикунонии КДПТ

Муқаррароти умумӣ

  1. Шуъбаи автоматикунонӣ ҷузъи таркибии сохтори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КДПТ) мебошад;
  2. Шуъба ташкили корҳои вобаста ба автоматикунонӣ-электронии китобхонавии ҳудуди китобхона, хизматрасонии маълумотию иттилоотиро тавассути шабакаи байникомпютерӣ ва Интернетиро ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаҳои гуногун ва соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ сару кор доранд, таъмин менамояд;
  3. Тарғиби фаъолияти шуъба, КДПТ ва корҳои автоматикунонӣ ва маълумотию иттилоотиро ба роҳ мемонад;
  4. Шуъба дар ихтиёри худ муҳр бо навиштаи «Шуъбаи автоматикунонии КДПТ ММПИ» -ро доро мебошад;
  5. Дар асоси самтҳои фаъолияти худ шуъба тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии зерин кору фаъолият менамояд:
-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва

ҳуқуқҳои вобаста ба он»;

-Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ;

– Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Созишнома ва санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ ва ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст;

– Оиннома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (минбаъд-МД ММПИ);

– Низомнома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ;

– Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва методӣ, ки ба зиммаи фаъолияташ гузошта шудааст.

  1. Шуъба фаъолияти худро дар асоси нақшаи солона, ки аз рўйи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааст, ба роҳ мемонад ва пешбурди кори худро бо дигар шуъбаҳои КДПТ ба танзим дароварда мутобиқ менамояд.

Самтҳои асосии фаъолияти шуъба

  1. Ташкили дастгоҳи автоматикунонидашудаи маълумотӣ-ҷустуҷўйӣ ба шуъбаҳои КДПТ.
  2. Ташкил ва азнавсозии саҳифаи Интернетии КДПТ www.gptb.tj.
  3. Ташкили хизматрасонии электронии автоматикунонидашудаи китобхонавӣ ва маълумотию ҷустуҷўӣ.
  4. Ташкил ва хизматрасонии китобхонаи электронӣ, хизматрасонии умумишабакавӣ ва техникии дастгоҳҳои автоматӣбарномавӣ, назорати риояи қоидаҳои истифодабарии онҳо.
  5. Коркард ва ҷорӣ намудани манбаи маълумотҳо тибқи технологияҳои иттилоотии нав.
  6. Таъмир, насб ва барқарор намудани барномаҳои электронӣ ва компютерии КДПТ.
  7. Бақайдгирӣ ва бартараф намудани хатогиҳо ва нуқсонҳо дар принтерҳо ва технологияҳои рақамӣ.
  8. Пешбурди корҳои автоматикунонӣ-профилактикӣ, гигиенӣ, бо роҳи методӣ ва кўмаки амалӣ ба вазорату идораҳо, муассиса ва ташкилотҳо.
  9. Дастрас намудани КДПТ ба шабакаҳои автоматикунонидашуда, китобхонаҳо ва хазинаҳои электронӣ.
  10. Иҷроиши дархостҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ва маълумотӣ-иттилоотӣ аз маъхазҳои Интернетӣ ва автоматикунонидашудаи китобхонавӣ.
  11. Назорати фаъолияти камераҳои назоратии ҳудуди китобхона.
  12. Пешниҳоди мукотиба ва доду гирифти электронӣ тавассути почтаҳои электронии gptb.tj@mail.ru ва librarypatenttj@mail.ru.
  13. Назорати ҳармоҳаи истифодаи мақсадноки технологияҳои компютерӣ ва рақамии КДПТ.
  14. Маҳдуд намудани компютерҳои КДПТ аз ворид шудан ба сомонаҳои ғайрифаъолияти корӣ.
  15. Пешниҳоди истифодаи шабакаи Интернет ба компютерҳои КДПТ тибқи реҷаи муайян.

Уҳдадориҳои шуъба

  1. Ташкил ва коркарди дастгоҳҳои маълумотӣ-ҷустуҷўӣ ба хазинаҳои патентӣ, маълумотӣ-иттилоотӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, илмӣ – методӣ, адабиётҳо ва маҷаллаҳо.
  2. Қабул, баҳисобгирӣ, ҷойгиркунонӣ ва нигаҳдории технологияҳои компютерӣ, рақамӣ, аудиовизуалӣ ва маъхазҳои электронӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои батанзимдарорандаи амалкунанда.
  3. Таҳлили истифодабарии хазинаи автоматикунонидашудаи электронӣ, саҳифаи Интернетӣ, пешниҳоди ҳисоботҳои электронии оморӣ ва мукотибаи электронӣ.
  4. Таъмини бехатарӣ, ҳифз ва ҳолати нигоҳдории маъхазҳои электронӣ, Маъхази маълумотӣ ва ҷустуҷўии “ИРБИС”, шабакаи байникомпютерӣ, саҳифаи Интернетии КДПТ www.kdpt.tj.
  5. Истифодабарӣ ва таъмини системаи автоматикунонии китобхонавӣ – иттилоотӣ бо пешбурди феҳристи электронӣ дар хазинаи шуъба.
  6. Пешниҳоди хизматрасонии электронии китобхонавӣ ва маълумотию иттилоотӣ дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ.
  7. Дастрас намудани КДПТ ба хазинаҳои электронии китобхонавӣ ва маъхазҳои пурраматни Интернетӣ.
  8. Пешниҳоди маслиҳатҳо оид ба истифодабарии технологияҳои компютерӣ, автоматикунонии ҷараёнҳои китобхонавӣ, саҳифаи Интернетӣ, маъхазҳои истифодабарияшон бо реҷаи «Дастрас», Маъхази маълумотӣ ва ҷустуҷўии “ИРБИС”.
  9. Гузаронидани ҷустуҷўҳои фаврӣ-дархостии маълумотӣ-иттилоотӣ.
  10. Ташкил ва ба истифода додани Маъхазҳои электронии КДПТ.
  11. Назорати ҳаррўзаи фаъолияти технологияҳои компютерӣ, камераҳои назоратӣ, технологияҳои рақамӣ ва аудиовизуалӣ, почтаҳои электронии gptb.tj@mail.ru ва librarypatenttj@mail.ru ва саҳифаи Интернетии КДПТ www.gptb.tj.
  12. Таъмири компютерҳо, барқарор намудани барномаҳои компютерӣ, бартараф кардани хатогиҳо ва нуқсонҳо дар принтерҳо ва компютерҳо, бартараф кардани нуқсонҳо дар хати шабакавии Манбаи маълумотӣ ва ҷустуҷўии «ИРБИС» ва хати байникомпютерии шуъбаҳои китобхона, азнавсозии саҳифаи Интернетии китобхона www.gptb.tj, насб намудани барномаҳои зиддивирусӣ, омода намудани варақаҳои иттилоотӣ, шиорҳо, овезаҳо, буклетҳо, тақвимҳо, китобу маҷаллаҳо ва нашрияҳои даврӣ ва дастурҳои гуногуни китобхонашиносӣ, аз он ҷумла «Номгўи адабиётҳои нав»-и КДПТ.
  13. Омўхтани малакаи кории шуъбаҳои автоматикунонии Китобхонаҳои илмию техникӣ, патентии идораҳои патентии давлатҳои хориҷа бо мақсади истифодаи он дар пешбурди кори шуъба.

Ваколатҳои шуъба

  1. Хуҷҷатҳои меъёрию методие, ки ба фаъолияти шуъба таалуқ доранд, коркард намуда омода намояд.
  2. Барои рушду нумўъ ва фаъолияти шуъба ба роҳбарияти КДПТ пешниҳодҳо намояд.
  3. Дар кори мизи мудаввар, конфронсҳо ва семинар-машваратҳое, ки аз ҷониби КДПТ, МД ММПИ ва дигар китобхонаҳои дохилу хориҷи кишвар баргузоршаванда саҳми худро гузорад ва иштирок намояд.
  4. Бо китобхонаҳои дохил ва хориҷи кишвар, нашриётҳо, ташкилоту маассисаҳо ташкилотҳои байналхалқӣ оиди корҳои автоматикунонии шуъба мукотиба ва доду гирифт намояд.
  5. Дар асоси «Низомномаи Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Марказии миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тарифҳои хизматрасонии КДПТ МД ММПИ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» хизматҳои пулакиро ба роҳ монда, иҷро намояд.

Ташкил ва фаъолияти шуъба

  1. Сохтор ва штати шуъба дар асоси вазифаҳои дар Низомномаи мазкур нишондодашуда ташкил карда мешавад.
  2. Шуъбаро мудири шуъба роҳбарӣ менамояд.
  3. Мудири шуъба бо пешниҳоди Директори Китобхона ва бо фармоиши Директори МД ММПИ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
  4. Мудири шуъба кори шуъбаро ташкил намуда, барои иҷроиши вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда ҷавобгар мебошад.
  5. Корҳои молиявӣ оиди пуррагардонӣ, бақайдгирӣ, азқайдбарорӣ, ташкили нигоҳдорӣ ва истифодаи хазинаи шуъба дар сметаи умумии сарфаи маблағҳо оиди нигаҳдошти хазинаи шуъбаи автоматикунонии КДПТ ба нақша гирифта мешавад;
  6. Штати шуъба аз вазифаҳои зерин иборат мебошанд: китобдори дараҷаи якум, китобдори пешбурд, саркитобдор, роҳбари Интернетӣ, мудири шуъба. Миқдори штати шуъба дар асоси сметаи (харҷномаи) умумии сарфаи маблағҳо оиди нигаҳдошти хазинаи китобхона ба нақша гирифта мешавад.

Ҳуқуқ ва уҳдадории мудири шуъба

  1. Мудири шуъба кори шуъбаро роҳбарӣ намуда, иҷрои супориш ва вазифаҳои ба зиммаи шуъба бударо таъмин менамояд.
  2. Аз ҷониби кормандон риоя намудани интизоми меҳнат, истеҳсолот ва муҳофизати меҳнатро назорат мекунад.
  3. Тартиб додани нақшаи кории шуъба, иҷроиши нақшаҳои моҳона, семоҳа, нимсола ва солонаро таъмин менамояд.
  4. Беосеб нигоҳдории хазина ва маъхази электронии КДПТ-ро шахсан ба уҳда дорад.
  5. Истифодабарии дуруст ва ҳифзи молу ашёи шуъба таъмин намудани риояи қоидаҳои зиддисўхтор ва техникаи бехатариро аз кормандон талаб менамояд.
  6. Дар сурати ҳозир набудани мудири шуъба, дар шуъба иҷрои вазифаҳои ў муваққатан ба зиммаи саркитобдори шуъба вогузор мегардад.
Пештара
Баъди