Муқарарроти умумӣ
1.Шуъбаи мукаммалот ва коркарди хазинаҳо (минбаъд – Шуъба) ҷузъи таркибии сохтори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КДПТ) мебошад.
2. Шуъба ташкили нигоҳдории хазинаи миллӣ ва соҳавӣ, корҳои китобхонавӣ ва хизматрасонии маълумотию иттилоотиро ба мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаҳои гуногун ва соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ сару кор доранд, таъмин менамояд;
3. Шуъба дар ихтиёри худ муҳр бо навиштаи «Китобхонаи давлатии патентию техникии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «КДПТ ММПИ», «Хазинаи патентии КДПТ ММПИ Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Нусхаи ҳатмӣ»-ро доро мебошад;
4. Дар асоси самтҳои фаъолияти худ шуъба тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии зерин кору фаъолият менамояд:
-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»; -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»; -Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ; – Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; – Созишнома ва санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ ва ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст; – Оиннома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (минбаъд-МД ММПИ); – Низомнома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ; – Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва методӣ ки дар зиммаи фаъолияташ гузошта шудааст. |
5. Шуъба фаъолияти худро дар асоси нақшаи солона, ки аз рўйи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааст ба роҳ мемонад ва пешбурди кори худро бо дигар шуъбаҳои КДПТ ба танзим дароварда мутобиқ менамояд.
Самтҳои асосӣ ва фаъолияти шуъба
6. Таъмини пурраи мукаммалгардонӣ бо ҳуҷҷатҳои патентӣ, адабиёт дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, адабиёти илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқшиносӣ, адабиёти бадеӣ ва бачагона, ҳуҷҷатҳои меъёрию- ҳуқуқӣ.
7. Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии адабиёти воридгашта ва хориҷшуда, инчунин, коркарди адабиёти ба хазина воридшуда аз он ҷумла, коркард ва ташкили хазинаи электронӣ.
8. Ташкили феҳристи анъанавӣ ва электронӣ.
9. Омода намудани маъхази маълумотӣ – ҷустуҷўии электронӣ ба хазинаҳо.
10. Ташкили хизматрасонии китобхонавӣ ва маълумотию иттилоотӣ.
11. Тарғиби хазинаи КДПТ, бо роҳи методӣ ва кўмаки амалӣ ба вазорату идораҳо, муассиса ва ташкилотҳо.
12. Ҷорӣ намудани шабакаи автоматикунонии иттилоотӣ – китобхонавӣ.
Уҳдадориҳои шуъба
13. Ташкил ва пуррагардонии хазинаҳои соҳавии маълумотӣ-иттилоотӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, илмӣ – методӣ, адабиётҳо ва маҷаллаҳои миқдори нашрашон кам.
14. Қабул, баҳисобгирӣ, ҷойгиркунонӣ ва нигаҳдории адабиётҳо, маҷаллаҳо варақаҳои иттилоотӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои батанзимдарорандаи амалкунанда.
15. Коркарди хазинаи маълумотию-иттилоотӣ, меъёрию- ҳуқуқӣ, илмӣ – методӣ, адабиётҳо ва маҷаллаҳои миқдори нашрашон кам.
16. Ташкили маъракаи обунаро дар як сол ду маротиба ба роҳ монда воридшавии ҳуҷҷатҳо, адабиётҳо ва ҳафтаномаю маҷаллаҳоро назорат менамояд.
17. Тавассути додугирифти байналмиллалӣ, харидорӣ намудани адабиёту маҷаллаҳо, адабиёту маҷаллаҳое, ки ҳамчун тўҳфа ба хазинаи китобхона супорида мешаванд, ҳуҷчатҳои патентӣ иттилоотӣ, нашрияҳои расмии Идораҳои патентӣ, ҳисоботҳои солона, адабиёту маҷаллаҳо дар соҳаи моликияти зеҳнӣ, нашрияҳои иттилоотӣ, илмӣ-техникӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқшиносӣ ва меъёриву ҳуқуқиро дастрас менамояд.
18. Адабиёт, ҳафтанома ва маҷаллаҳои воридшударо қабул мекунад, ба қайд ва ба ҳисоб мегирад.
19. Адабиёти аз ҳисоб баровардаро аз китобҳои инвентарӣ ва феҳристҳо мебарорад.
20. Адабиёти патентӣ, илмӣ – техникӣ, иқтисодӣ ва ғайраро аз рўйи cинфбандии даҳгонаи универсиалӣ (СДУ) мураттаб менамояд.
21. Варақаҳоро ба феҳристҳои зерин мегузорад:
– хизмати алифбоӣ;
– хонандагӣ алифбоӣ; – хонандагӣ системавӣ; – феҳристи алифбоӣ ба адабиёти соҳаи моликияти зеҳнӣ – феҳристи системавӣ ба адабиёти соҳаи моликияти зеҳнӣ; – феҳристи алифбоии нашрияҳои даврӣ; – феҳристи алифбоӣ ба адабиёт бо забони тоҷикӣ; – феҳристи адабиёту маҷаллаҳои электронӣ; |
– феҳристи адабиётҳои нашрашон кам.
22. Феҳристҳоро таҳрир мекунанд ва тафтиши дурусти ҷобаҷогузории варақаҳои библиографиро санҷиш мегузаронад; |
23. Феҳристи библиографии «Воридоти нав» – ро омода ва ташкил мекунад; |
24. Варақаҳои библиографии ба тариқи автоматикунонӣ коркардкардашударо чоп намуда, дар феҳристҳо ҷобаҷогузорӣ мекунад. |
25. Омўзиши малакаи кории шуъбаҳои мукаммалот ва коркарди хазинаҳои китобхонаҳои илмию техникӣ ва патентии Идораҳои патентии давлатҳои хориҷа бо мақсади истифодаи он дар пешбурди кори шуъба. |
Ваколатҳои шуъба
26. Ҳуҷҷатҳои меъёриву методӣ, ки ба фаъолияти шуъба тааллуқ дорад, коркард карда барояд. |
27. Барои рушду нумў ва фаъолияти шуъба ба роҳбарияти КДПТ пешниҳодҳо намояд. |
28. Дар кори конфронсу семинар – машваратҳо ва чорабиниҳои фарҳангиву мадании аз тарафи маъмурияти КДПТ ва МД ММПИ баргузоршаванда саҳми худро гузорад ва иштирок намояд. |
29. Дар асоси «Низомномаи Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Марказии миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» хизматҳои пулакиро ба роҳ монда иҷро намояд. |
Ташкил ва фаъолияти шуъба
30. Сохтор ва штати шуъба дар асоси вазифаҳои дар ин Низомномаи нишондодашуда коркард карда мешавад. |
31. Шуъбаро мудири шуъба роҳбарӣ менамояд. |
32. Мудири шуъба бо пешниҳоди Директори Китобхона ва бо фармоиши Директори МД ММПИ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. |
33. Мудири шуъба кори шуъбаро ташкил намуда, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда ҷавобгар мебошад. |
34. Корҳои молиявӣ оиди пуррагардонӣ, муккамалот, ташкили нигаҳдорӣ ва истифодаи хазинаи шуъба дар сметаи (харҷномаи) умумии сарфаи маблағҳо оиди нигаҳдошти хазинаи китобхона ба нақша гирифта мешавад. |
35. Штати шуъба аз вазифаҳои зерин иборат мебошанд: китобдори дараҷаи якум, китобдори пешбурд, саркитобдор, мудири шуъба. Миқдори штати шуъба дар асоси сметаи умумии сарфаи маблағҳо оиди нигаҳдошти хазинаи китобхона ба нақша гирифта мешавад. |
Ҳуқуқ ва уҳдадории мудири шуъба
36. Мудири шуъба кори шуьбаро роҳбарӣ намуда, иҷрои супориш ва вазифаҳои ба зиммаи шуъба бударо таъмин менамояд. |
37. Аз тарафи кормандон риоя кардани интизоми меҳнат ва истеҳсолот муҳофизати меҳнатро назорат мекунад. |
38. Тартиб додани нақшаи кори шуъба, ташкилии хисобот ва баҳисобгири оиди кори шуъба, иҷроиши нақшаҳои моҳона, нимсола ва солонаро таъмин менамояд. |
39. Беосеб нигоҳдории адабиётҳои воридгардидаро то замони коркард ба уҳда дорад. |
40. Ба истифодабарии дуруст, ҳифзи молу ашёи шуъба, риояи қоидаҳои бехатарии зиддисўхторӣ ва техникаи бехатарӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъба ҷавобгар мебошад. |
41. Дар сурати ҳозир набудани мудири шуъба, дар шуъба иҷрои вазифаҳои ў муваққатан ба зиммаи саркитобдори шуъба вогузор мегардад. |