Низомномаи шуъбаи хизматрасонии КДПТ

Муқарарроти умумӣ

1. Шуъбаи хизматрасонӣ (минбаъд – Шуъба) ҷузъи таркибии сохтори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии  патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КДПТ) мебошад.
2. Шуъба корҳои китобхонавӣ ва хизматрасонии маълумотию иттилоотиро ба донишҷўён, унвонҷўён, олимон, зиёиён ва мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаҳои гуногун ва соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ сару кор доранд, таъмин менамояд.
3. Тарғиби фаъолияти шуъба, КДПТ ва корҳои маълумотию иттилоотиро ба роҳ мемонад.
4. Шуъба дар ихтиёри худ муҳр бо навиштаи «Шуъбаи хизматрасонии КДПТ ММПИ» -ро доро мебошад.
5. Дар асоси самтҳои фаъолияти худ шуъба тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии зерин кору фаъолият менамояд:
-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»;

-Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ;

– Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Созишнома ва санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ ва ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, ки ба онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо мебошад;

– Оиннома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (минбаъд – МД ММПИ);

– Низомнома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ;

– Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва методӣ, ки ба зиммаи фаъолияташ гузошта шудааст.

6. Шуъба фаъолияти худро дар асоси нақшаи солона, ки аз рўйи тартиби муқарраргардида, тасдиқ карда шудааст, ба роҳ мемонад ва пешбурди кори худро бо дигар шуъбаҳои КДПТ ба танзим дароварда мутобиқ менамояд.

Самтҳои асосӣ ва фаъолияти шуъба

7. Самтҳои асосӣ ва фаъолияти шуъба аз инҳо иборат мебошад:

– хизматрасонии китобхонавӣ-иттилоотӣ ба истифодабарандагони КДПТ;

– тарғибу ташвиқи фаъолияти КДПТ дар байни хонандагони китобхона;
– омода намудани маъхази электронии маълумотӣ – ҷустуҷўии хонандагони КДПТ;
– ташкили кўмаки амалӣ-методии китобхонавӣ ба вазорату идораҳо, муассиса ва ташкилотҳо;
– иҷрои дархостҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ва маълумотию-иттилоотӣ;
– ташкили хизматрасонии абонементи байни китобхонавӣ;
– ташкил ва таъмини дастрасӣ ба хазинаи электронии адабиётҳои патентӣ, илмӣ-техникӣ, иқтисодӣ, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ ва адабиёти фармоишӣ;
– ташкили босифати кор, қонеъ гардонидани истифодабарандагони китобхона аз хизматрасонии электронии китобхонавӣ ва патентию иттилоотӣ дар ҳудуди КДПТ аз он ҷумла, тариқи шабакаи Интернет.

Уҳдадориҳои шуъба

8. Шиносоӣ намудани истифодабарандагони китобхона бо қоидаҳои истифодабарӣ ва шароити китобхона ва пешниҳоди маслиҳатҳо оид ба истифодабарии феҳристҳои алифбоӣ ва низомнокӣ.
9. Бақайдгирии хонандагони КДПТ дар маъхази электронӣ ва ҷустуҷўӣ. Пешниҳоди ҳисоботи омории истифодабарандагони КДПТ.
10. Хизматрасонии китобхонавӣ-иттилоотӣ дар шуъба, толори хониш ва хона. Пешниҳод баҳри иҷрои дархостҳои фаврии хонандагон ба шуъбаи нигоҳдории хазинаҳо.
11. Ташкили намоишгоҳҳои мавзўӣ-ҷашнӣ ва воридоти нав.
12. Ташкил ва пешбурди корҳои огоҳонӣ ва барҳамдиҳии қарздории хонандагон.
13. Бақайдгирӣ, назорати доимӣ ва риоя намудани муҳлати истифодаи адабиёти хазинаи китобхона.
14. Назорат ва бақайдгирии гум кардани адабиётҳо аз ҷониби хонандагон, талаби баргардонидани адабиётҳои аслӣ (гумшуда) ё дар ҳаҷми муқарраргардида талаби нархи аслӣ.
15. Омода намудани санад ба адабиётҳо ва маводҳои гумшуда дар якҷоягӣ бо шуъбаи мукаммалот ва коркарди хазинаҳои КДПТ.
16. Гузаронидани корҳои ташвиқотию тарбиявӣ бо мақсади ҳифз ва беосеб нигоҳ доштани адабиёт дар байни истифодабарандагони китобхона.

Ваколатҳои шуъба

17. Ҳуҷҷатҳои меъёрию методе, ки ба фаъолияти шуъба таалуқ доранд, коркард намуда, омода намояд.
18. Барои рушду нумў ва фаъолияти шуъба ба роҳбарияти КДПТ пешниҳодҳо намояд.
19. Дар кори мизи мудаввар, конфронсҳо ва семинар-машваратҳое, ки ҷониби КДПТ, МД ММПИ ва дигар китобхонаҳои дохилу хориҷи кишвар баргузоршаванда саҳми худро гузорад ва иштирок намояд.
20. Бо китобхонаҳои дохил ва хориҷи кишвар, нашриётҳо, ташкилоту маассисаҳо ташкилотҳои байналхалқӣ оиди фаъолияти шуъба мукотиба ва доду гирифт намояд.
21. Дар асоси «Низомномаи Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Марказии миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Тарифҳои хизматрасонии КДПТ МД ММПИ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» хизматҳои пулакиро ба роҳ монда иҷро намояд.

Ташкил ва фаъолияти  шуъба

22. Сохтор ва штати шуъба дар асоси вазифаҳои дар Низомномаи мазкур нишондодашуда ташкил карда мешавад.
23. Шуъбаро мудири шуъба роҳбарӣ менамояд.
24. Мудири шуъба бо пешниҳоди Директори Китобхона ва бо фармоиши Директори МД ММПИ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
25. Мудири шуъба кори шуъбаро ташкил намуда, барои иҷроиши вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда ҷавобгар мебошад.
26. Корҳои молиявӣ оиди пуррагардонӣ, бақайдгирӣ, азқайдбарорӣ, ташкили нигоҳдорӣ ва истифодаи хазинаи шуъба дар сметаи (харҷномаи) умумии сарфаи маблағҳо оиди нигаҳдошти хазинаи шуъбаи маълумотию иттилоотии КДПТ ба нақша гирифта мешавад.
27. Штати шуъба аз вазифаҳои зерин иборат мебошанд: китобдори дараҷаи якум, китобдори пешбурд, саркитобдор, мудири шуъба. Миқдори штати шуъба дар асоси сметаи (харҷномаи) умумии сарфаи маблағҳо оиди нигаҳдошти хазинаи китобхона ба нақша гирифта мешавад.

Ҳуқуқ ва уҳдадории мудири шуъба

28. Мудири шуъба кори шуъбаро роҳбарӣ намуда, иҷрои супориш ва вазифаҳои ба зиммаи шуъба бударо таъмин менамояд.
29. Аз тарафи кормандон риоя намудани интизоми меҳнат, истеҳсолот ва муҳофизати меҳнатро назорат мекунад.
30. Тартиб додани нақшаи кории шуъба, иҷрои нақшаҳои моҳона, семоҳа, нимсолава солонаро таъмин менамояд.
31. Беосеб нигоҳдории хазинаро ба уҳда дорад.
32. Ба истифодабарии дуруст, ҳифзи молу ашёи шуъба, риояи қоидаҳои бехатарии зиддисўхторӣ ва техникаи бехатарӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъба ҷавобгар мебошад.
33. Дар сурати ҳозир набудани мудири шуъба дар шуъба иҷрои вазифаҳои ў муваққатан ба зиммаи саркитобдори шуъба вогузор мегардад.
Пештара
Баъди