«Нақши Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар худшиносии миллӣ». Таҳти чунин унвон дар Китобхонаи миллӣ ҳамоиш доир гардид
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ миёни сухансароён, шоирону орифони адабиёту фарҳанги оламшумули форсу тоҷик ҷойгоҳи баланд дошта, бо эътибори андешаҳои ирфонӣ, ахлоқӣ, фалсафӣ ва афкори гаронқадри маънавии хеш беш 800 сол инҷониб маъруф аст. Ҷаҳони тафаккури ин алломаи ирфону адаб ҳамеша андешаҳои инсонгароиву инсонсозиро ба ҳукми шиори зиндагӣ ва ҳикмати пурбори маънавӣ ҷилвагар месозад. Ин нукта 21 […]











