СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ
Имрӯз, яъне 29 октябри соли 2021 дар Китобхонаи давлатии патентию техникиии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Нақши китобдори ҷавон дар тарғиби сарватҳои иттилоотӣ” баргузор гардид.
Семинарро бо сухани муқаддимавӣ директори китобхона Холиқов Т.Х. кушода ҳозиринро хайрамақдам намуд. Дар семинар муовини директори Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов ва муовини директори Пажуҳишгоҳи фарҳанги вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарифҷон Комилов иштирок ва суханронӣ намуданд.
Семинар бо баромаду музокираи иштирокдорон басо рангин ва хотирмон доир гардид.
М, Сидиқов-муовини директори КДПТ МД ММПИ