Донишҷӯи ДМТ Шамил Абдураҳмонзода дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойи дуюм гардид

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Донишҷӯи ДМТ Шамил Абдураҳмонзода дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойи дуюм гардид

ДУШАНБЕ, 8.12.2021. /АМИТ «Ховар»/. Донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шамил Абдураҳмонзода дар интернет-олимпиадаи байналмилалии «Низоми интихоботии давлатҳои ҷаҳон», ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия баргузор гардид, сазовори ҷойи дуюм ва дипломи дараҷаи II гардид, иттилоъ доданд аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Олимпиадаи мазкур аз ҷониби Донишкадаи байналмилалии мониторинги инкишофи демократия, парламентаризм ва риояи ҳуқуқи интихоботии шаҳрвандон — давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) баргузор гардида, мақсад аз он баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии ҷавонон, шиносоӣ бо асосҳои мурофиаи интихоботи демократӣ ва сайқал додани дониши мутахассисони соҳаи ҳуқуқшиносӣ мебошад.

Дар олимпиада 1213 донишҷӯ аз 107 донишгоҳи 18 давлати дунё иштирок намуданд. Дар баробари донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ, инчунин муҳассилин аз донишгоҳҳои Руминия, Конга, Латвия, Сербия ва Черногория иштирок намуданд.

Озмун аз се давр иборат буда, ду давр дар Тоҷикистон ва давраи ниҳоӣ дар шаҳри Санкт-Петербург доир гардид. Олимпиадаи мазкур аз 1 то 30 сентябр баргузор гардида, аввали моҳи декабри соли равон ғолибон муайян ва дипломҳо ба таври электронӣ ба гирандагони он расонида шуданд.

АКС: ДМТ

Пештара
Баъди

Leave A Comment