Санаи 18-уми марти соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассиса бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид.
Директори муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо кормандонро ва дар симои онҳо наздиконашонро сараввал аз номи роҳбарияти вазорат ва инчунин аз номи худ самимона табрику таҳният намуда, қайд карданд, ки Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёгони некноми мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.
Ин ҷашни бузург бо шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон на танҳо ба мақоми расмӣ соҳиб гардид, балки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат ба ҳайси ҷашни эҳёи табиату зебоӣ мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари ҷаҳон бо шукӯҳу шаҳомат таҷлил мегардад.
Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонии як қатор мамлакатҳои ҷаҳон ҷашни ниёгони тоҷикон – Наврӯз, санаи 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64 аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид.
Ҷашни Наврӯз ҳамасола дар муассиса бо анъанаҳои аҷдодӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.