Санаи 5-уми октябри соли равон дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттиллоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҷамъомади тантанавӣ доир гашт. Пас аз садо додани Суруди миллӣ ҷамъомадро Директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек пеш бурда, дар масоили таърих ва рушди забони тоҷикӣ баромади мухтасар намуд. Сипас кормандони МД ММПИ Ҷумъагул Назарова ва Ҳасан Гадоев бо маърӯза баромад намуданд. Аз ҷумла, шоира Ҷ.Назарова аз шеърҳои тозаэҷодаш дар мавзӯи забони модариро қироат намуд. Ҷамъомад дар руҳияи баланди ифтихори миллӣ, басо хотирмон ва дилнишин ҷараён гирифт.
М. Сидиқов-муовини директори КДПТ МД ММПИ