Бори панҷум аст, ки дар кишвар ҷиӽати иҷрои банди 6.3-и Стратегияи миллии рушди моликияти зеӽнии Ҷумӽурии Тоҷикистон, 11-уми декабри соли 2025, Озмуни ҷумӽуриявии «Бренди сол-2025», таӽти унвони «Қуллаи шараф» ҷамъбаст гардид. Ҷамъомад дар толори бошукӯӽи «Крови Плаза Душанбе» баргузор шуда, ғолибонро ӽакамони мустақил иборат аз намояндагони вазорату идораӽо ва бахши хусусӣ баӽогузорӣ намуда туӽфаӽои таъсисшударо супориданд.
Дар чорабинӣ муовини аввали Сарвазири Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Холиқзода Ӽоким Ӽикматулло, Ёрдамчии Президени Ҷумӽурии Тоҷикистон од ба масъалаӽои иқтисодӣ муӽтарам Ӽикматуллозода Неъматулло, Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Абдураӽмонзода Абдураӽмон, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумӽурии Тоҷикистон Раӽимзода Султон, раиси Кумитаи рушди сайёӽии назди Ӽукумати Ҷумӽурии Тоҷикистон Ҷумахонзода Ҷамшед ва дигар роӽбарону муовинони вазорату идораӽои кишвар ва бахши хусусӣ иштирок доштанд.
Чорабиниро Муовини аввали Сарвазири Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Холиқзода Ӽ.Ӽ., Ёрдамчии Президени Ҷумӽурии Тоҷикистон од ба масъалаӽои иқтисодӣ муӽтарам Ӽикматуллозода Н. ва Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Абдураӽмонзода А. ӽусни оғоз бахшиданд.
Мазкур иброз доштанд, ки ӽадафи асосии Озмун дар амал татбиқ намудани дастуру ӽидоятӽои Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумӽурии Тоҷикистон муӽтарам Эмомалӣ Раӽмон ҷиӽати таъмини пайвастаи рушди бахши хусусӣ, ӽавасмандгардонии истеӽсолкунандагон ва ташвиқу тарғиби бренди ширкатӽо дар бозорӽои дохилу хориҷи кишвар мебошад. Инчунин, Озмун муайянкунандаи брендӽои муваффақ, боло бурдани обрӯ ва эътибори онӽо дар байни истеъмолкунандагон, ӽавасмандгардонӣ ва рушди соӽибкорӣ дар Ҷумӽурии Тоҷикистон, истеӽсоли молу маӽсулоти воридотивазкунандаи ватанӣ ва рӯ ба содирод нигаронидашуда мебошад.






