Романи «Сапитамон-Рухшона-Искандар» аз ҷониби нависандаи таърихнигор Давлатшоҳи Тоҳирӣ дар жанри румони таърихӣ ба қалам дода шудааст. Қаҳрамонони асар Сапитамон, Датафарн,Фаридун, Апома, ки якҷоя бо аҳли меҳнаткашу ватандӯст бар зидди ҷангҷӯёни яғмогари румию юнонӣ бо сарварии Искандари Мақдунӣ мардонавор ҷангидаанд дар бар мегирад.
Романи мазкур саропо аз далерию шуҷоати фидокорони гузаштагонамон дар раҳи ҳимояи марзу буми Ватан ҳикоят мекунад.
Боварист, ки мутолиаи асар дар тарбияи ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон аҳамияти калон дорад. Онро метавонед аз хазинаи адабиётҳои бадеии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ дастрас намоед.

