Абӯалӣ ибн Сино

Аз ҷониби нашриёти “Ирфон”осори мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Абӯалӣ ибн Сино иборат аз қисматҳои “Ҷадал”,”Хитоба”,”Суфастой” ва “Фанни шеър”, ки аз бахшҳои муҳими илми мантиқи”Китоб-уш-шифо” иборат аст ба чоп расида, пешкаши ҳаводорони осори нобиғаи тоҷик Абӯалӣ ибн Сино гардид.

Муҳимтарин арзиши ин осор аз он иборат аст,ки роҳи озод намудани тафаккури инсон аз шабаҳҳо,сафсатаву суханбозиву фиреб,дурӯғу хаёлоти номатлубе, ки ба инсон ба таври мақсаднок, иҷборӣ ва ё тасодуфан бо роҳҳои мухталиф ворид мешаванд,нишон дода мешавад.Ногуфта намонад, ки китоб аз забони арабӣ тарҷума карда шудааст. Шумо метавонед,китоби мазкурро аз Китобхонаи давлатии патентию техникӣ дастрас намоед.

Шуъбаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентӣ

Пештара
Баъди