Захираҳои китобхонавӣ-иттилоотӣ ҳамчун объекти моликияти зеҳнӣ

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Захираҳои китобхонавӣ-иттилоотӣ ҳамчун объекти моликияти зеҳнӣ
Моликияти зеҳнӣ – офаридаи зеҳну таффакур ва маҳсули кори эҷодии инсон аст.
Яке аз объектҳои калидии моликияти зеҳнӣ ин объекти ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он мебошад. Ҳамаи сарчашмаҳое, ки дар хазинаи китобхонаҳо захира карда мешаванд ҳамчун асар объекти ҳуқуқи муаллифанд. Моликияти зеҳнӣ бо китобхонаҳо ба ҳам робитаи зич доранд.
Вобаста ба ин баъзе аз масъалаҳоеро, ки ҷанбаҳои вобастагии китобхонаҳоро бо моликияти зеҳнӣ мепайванданд, дар поён дида мебароем:
• Китобхонаҳо захираҳоро (сарчашмаҳоро) ҷамъоварӣ (бойгонӣ) ва маводҳоеро, ки объектҳои моликияти зеҳнианд, тибқи қонунгузорӣ ва принсипҳои истифодабарии бовиҷдонона ба хонандагон дастрас менамоянд.
• Захираҳои китобхонавӣ ин ҷамъоварии ҳуҷҷатҳо (китобҳо, захираҳои электронӣ) буда, объектҳои моликияти зеҳнӣ ба ҳисоб мераванд. Китобхона ин объектҳоро ҳамчун баррандаҳои моддӣ идора, нигоҳдорӣ ва дастрасӣ ба онҳоро таъмин менамояд. Аммо ҳуқуқи моликият (ҳуқуқи муаллифӣ) моликияти эҷодкор (муаллиф) боқӣ мемонад. Вазифаи асосии китобхона ин таъмини дастрасии сарчашмаҳо ба хонандагон ва риояи ҳуқуқи муаллифии муаллифон ва дорандагони ҳуқуқ дар ҳамаи давру замон, бахусус дар даврони рақамикунонӣ ба ҳисоб меравад.
• Агар захираҳои китобхонавӣ ин сарчашмаҳои анъанавӣ ва ё рақамии ҷамъвардашуда бошад, пас моликияти зеҳнӣ “калиди” ҳуқуқӣ ба ин сарчашмаҳо аст.
• Китобдор на танҳо вазифадор аст қонунҳои соҳаи ҳуқуқи муаллифро донад, балки ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ муқаррароти муҳими онро баррасӣ карда тавонад. Ба хонанда доир ба бовиҷдонона ва ё софдилона истифода бурда тавонистани сарчашмаҳоро фаҳмонида тавонад.
• Гузариш ба сарчашмаҳои рақамӣ масъалаҳои моликияти зеҳниро тезутунд мегардонад масалан, ба даст овардани ҳуқуқи дастрасӣ ба захираҳои электронӣ, масъалаҳои баҳсталабанд.
• Ҳар як мақола ва сарчашмаҳои электронии дар фонд захиракардашуда асари илмӣ, адабӣ ва ё санъат ба ҳисоб меравад, ки бо ҳуқуқи муаллиф ҳифз карда мешавад.
• Китобхона шакли моддиро (китоб, файл), ки барандаи объекти ғайримоддӣ (асаре, ки бо ҳуқуқи муаллиф ҳифз шудааст) аст, идора мекунад.
• Китобхона ҳамчун соҳиби нусхаи воқеӣ (ҳақиқӣ) ҳуқуқ ба мундариҷаи онро надорад, танҳо ҳуқуқи истифодабарии муваққатиро пешниҳод менамояд.
• Китобхонаҳо сарчашмаҳоеро, ки моликияти зеҳнии онҳо ҳифз шудаанд, ҷамъоварӣ намуда, ба объектҳои моликияти зеҳнӣ дастрасӣ медиҳанд, аммо дар навбати худ бояд ҳуқуқҳои муаллифиро риоя намоянд, дар байни дастрасӣ ба сарчашмаҳо ва ҳифзи ҳуқуқи муаллифон як тавозунеро (баробарӣ) ба амал оранд.
• Низоми моликияти зеҳнӣ кӯшиш менамояд манфиати эҷодкорон ва дастрасии донишҳоро ба хонандагон ба мувофиқа (тавозун) орад. Ин нақши муҳим, яъне таъмини ин дастрасиро китобхонаҳо мебозад.
• Дар моддаи 20, қисми 1, банди 7. Қонуни ҶТ “Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он чунин омадааст: бе гирифтани фоида як адад нусхабардорӣ кардани: а) асари қонунан нашршуда аз тарафи китобхонаву бойгониҳо барои барқарор ё иваз намудани нусхаҳои вайроншуда ва гумшуда, пешкаш намудани нусхаҳои асар ба китобхонаҳои дигар, ки бо сабабҳои гуногун асарҳоро аз хазинаи худ гум кардаанд, – агар ба даст овардани чунин нусха бо роҳи дигар имконнопазир бошад; б) мақолаҳои ҷудогона ва асарҳои ҳаҷман хурди қонунан дар маҷмӯаҳо, рӯзномаҳо аз дигар нашрияҳои даври нашршуда, порчаҳои хурд аз асарҳои қонунан нашршудаи хаттӣ (бо тасвирҳо ва бе он) аз тарафи китобхонаҳо ва бойгониҳо бо талабу дархости шахсони воқеӣ барои мақсадҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ; в) мақолаҳои ҷудогона ва асарҳои ҳаҷман хурди қонунан дар маҷмӯаҳо, рӯзномаҳо ва дигар нашрияҳои даври нашршуда, порчаҳои хурд аз асарҳои қонунан интишорёфтаи хаттӣ (бо тасвирҳо ва бе он) аз тарафи муассисаҳои маориф барои машғулиятҳои таълимӣ.
• Феҳристҳои электронӣ, манбаъҳои рақамикардашуда ва маълумотие, ки худи китобхона сохтааст, объектҳои моликияти зеҳнӣ ба ҳисоб мераванд ва ҳуқуқҳои онҳо ба худи китобхона тааллуқ доранд.
• Дар давраи рақамигардонӣ масъалаҳои иҷозатпурсӣ ва ё иҷозатдиҳӣ тариқи шартномаҳо (шартномаҳои литсензионӣ дар объектҳои моликияти саноатӣ) ва риояи ҳуқуқҳои низоми рақамӣ заруранд. Масалан, ҳангоми истифодабарии дигар объектҳои моликияти зеҳнӣ, аз ҷумла объектҳои моликияти саноатӣ (ихтироъ ва ё тамғаҳои молӣ), шахси манфиатдор аз дорандаи ихтироъ ва ё соҳибмулки тамғаи молӣ барои истифодабарии объектҳо тариқи шартномаи литсензионӣ иҷозат мепурсад. Агар шахси манфиатдор бе иҷозат ва ё бе бастани шартномаи зикршуда объекти соҳибмулкро истифода барад, вайронкунии ҳам ҳуқуқҳои амволӣ ва ҳам ғайриамволии соҳибмулк мегардад ва ин ҳолат ба баҳсҳои судӣ оварда мерасонад.
• Саволе ба миён меояд. Оё нусбардории асарҳо дар китобхонаҳо вайронкунии ҳуқуқи муаллифанд?
Тартиби истифодабарии объектҳои ҳуқуқи муаллиф-асар тибқи қонунгузорӣ чунин аст. Агар дар китобхонаҳо китобдор ҳангоми хизматрасонӣ асарро бо мақсади омӯзиш, тадқиқотӣ ва бойгонӣ нусхабардорӣ кунад вайронкунии ҳуқуқи муаллиф ҳисобида намешавад, чунки ӯ аз ин амали кардаи худ фоидае ба даст намеорад. Аммо ҳақ надорад ҳуқуқҳои ғайриамволии муаллифро вайрон кунад, яъне дигар кардани номи муаллифи асар иҷозат дода намешавад, чунки ҳуқуқҳои ғайриамволии (муалифият) муаллиф бегонанашаванда аст.
Директори
Китобхонаи давлатии
патентию техникӣ Холиқов Т.Х.
Пештара
Баъди