Китобхонаи давлатии патентию техникӣ-60 сола шуд

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Китобхонаи давлатии патентию техникӣ-60 сола шуд
Китобхонаи давлатии патентию техникии Муасcисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумӽурии Тоҷикистон 6-уми майи соли 1965 дар заминаи Китобхонаи марказии илмию техникӣ, ки соли 1958 ташкил шуда буд ва аз 28 майи соли 1993 ӽамин номро гирифт, 60 сола мешавад. Солӽои аввал ин китобхона ӽамчун китобхонаи гуногунсоӽа бо ихтисосӽои техникӣ ва илмӽои ба он наздик, инчунин маркази методию библиографӣ барои китобхонаӽои илмию техникии ҷумӽурӣ дар хизмати мардум қарор дошт. Дар ибтидо китобхона бо теъдоди 4500 нусха адабиёт ва 6 нафар корманд ба кор шурӯъ кард, ки айни ӽол теъдоди китобӽо бештар аз 128 ӽазор ва шумораи сарчашмаӽо дар хазина ба беш аз 15,4 мииллион нусха расидааст. Айни ӽол Китобхона аз 9 шуъба иборат буда теъдоди кормандон ба 53 нафар расида, мазкур дар самти ташкил ва истифодаи самараноки хазинаи маълумотию иттилоотӣ, пешниӽоди хизматрасонии китобхонавӣ, рақамикунонӣ, тарғиби фаъолияти китобдорӣ ва патентию иттилоотӣ, ӽифзи объектӽои моликияти саноатӣ дар Ҷумӽурии Тоҷикистон равона карда шудааст. Дар ин даргоӽ теъдоди зиёди адабиёти илмиву техникӣ ва бадеӣ гирд оварда шудаанд, ки барои рушду инкишоф ва таӽлилу таӽқиқи илмӽои дақиқ нигаронида шуда, дар шароити имрӯзаи ҷаӽонишавии иттилоот, бахусус рақамикунонии соӽаӽои хоҷагии халқ сарвати муӽими зеӽнӣ ба ӽисоб меравад.
Тӯли солӽои фаъолият, ин ганҷинаи бебаӽо бо коллективи неруманди худ тавонист дар миёни китобхонаӽои ҷумӽурӣ ва берун аз он мақоми хосаро касб намояд. Ӽамасола ташкил ва гузаронидани на камтар аз ду чорабинии сатӽи ҷумӽуриявӣ ва дар ду сол як маротиба баргузор намудани озмуни ҷумӽуриявии “Китобхона, китобдор ва китобхонаи шахсии беӽтарини сол” аз муваффақияти беназири роӽбарият ва коллективи Китобхона дарак медиӽад.
Барои беӽтар сохтани сифати дониш, маӽорат ва малакаи касбӣ кормандон тайи солӽои маҷудияти Китобхона дар тамоми чорабиниӽои сатӽи ҷумӽуриявӣ, аз қабили конфронсу мизӽои мудаввар, семинарӽои тахассусӣ ва фестивалу ӽамоишӽоӽо ширкати фаъолона дошта, бо мавзӯъӽои марбута баромадӽо доштанд, ки дар тарғиби кори китобхонаи патентӣ нақши созгор боқӣ гузоштаанд. Бо ба нашр расидани маҷаллаи соӽавии “Неруи хирад”(аз моӽи апрели соли 2022), ки маҷаллаи илмӣ-оммавӣ ва фарӽангӣ ба қайд гирифта шудааст, нуфузи коргоӽ дар майдони иттилооти кишвар чашмрас афзуда, тарғибу ташвиқи кори китобхонаӽои кишвар ва китобдорон, олимону донишҷӯён ва пажӯӽишгарон дар ҷомеаи иттилоотӣ ба маротиб боло рафт. Ӽайти эҷодии маҷалла, ки аз ӽисоби донишмандону олимон ва кормандони таҷрибадору муваффақ иборатанд, дар масъалаи хонданбобу таӽияи мақолаӽои ба талаботи замон мутобиқ ва ба маъраз гузоштани маводӽои он дар саӽифаӽои интернетӣ ва “фейсбук”-и Китобхона, устуворона ба пеш қадам мегузоранд.
Шурӯъ аз соли 2011 Китобхона ба як қатор китобхонаӽои низоми марказонидашудаи ноӽияӽои Рӯдакӣ, Ёвон, Панҷ, Данғара, Шаӽритусу Файзобод, шаӽрӽои Нораку Қурғонтеппа, Кӯлобу Панҷакент, китобхонаӽои вилоятии Суғду Хатлону Бадахшон сафари хизматӣ анҷом дода, доир ба фаъолияти онӽо маълумот дода, чиӽати ӽамкориӽои тарафайн созишномаӽо ба имзо расониданд. Ин робитаӽо дар баланд бардоштани сатӽи донишӽои тахассусӣ, таҷриба, дарёфти усулӽои навини корбарӣ ва аз наздик ошноӣ пайдо намудани кормандон аз фаъолияти дигар китобхонаӽо мусоидати фаъол менамояд.
Бояд ёдовар шуд, ки тайи солӽои мавҷудият муносибатӽои тарафайн ва ӽамкориӽои дуҷонибаю бисёрҷонибаи Китобхона аз доираи минтақа низ берун роӽандозӣ гардид, ки иштироки кормандони он дар Конфронси байналмилалии Қрим-2008 “Китобхонаӽо ва сарватӽои иттилоотӣ дар ҷаӽони муосир” (7-15 июни соли 2008); ӽамкорӣ бо Институти иттилооти илмӣ-техникии Ҷумӽурии Қазоқистон (8-12 ноябри соли 2009, ш. Алмаато); дар мизи мудаввари “Таъминоти иттилооти патентӣ дар ҷаӽони муосир” (1-2 июни соли 2011 дар ш.Москваи ФР); иштирок дар курсӽои омӯзишии соӽаи моликияти зеӽнӣ дар шаӽри Ӽайдарободи Ҷумӽурии Ӽиндустон (соли 2012); иштирок дар Конгресси байналмилалии “Китобхонаи миллӣ ӽамчун ҷузъи таркибии фарӽанг”, бахшида ба 90-солагии Китобхонаи миллии Белорус (5-7 сентябри соли 2012 дар шаӽри Минск;) ; иштирок дар Конфронси байналмилалии илмӣ-амалии “Китобхонаӽо ва демократикунонии ҷомеа” (1-5 октябри соли 2012, ш.Чолпонатои Ҷумӽурии Қирғизистон); иштирок дар кори Ҷаласаи Ассамблеяи китобхонаӽои Авруосиё (6-уми сентябри соли 2012 дар ш. Мински Ҷумӽурии Беларус); иштирок дар кори Конфронси байналмилалии илмӣ – амалии “Китобхонаӽо ва демократикунонии ҷомеа” (1-5 октябри соли 2014, шаӽри Чолпонатои Ҷумӽурии Қирғизистон), тасдиқи гуфтаӽои болост. Ширкат дар ин чорабиниӽо, дар рушд ва афзун намудани обрӯву нуфузи Китобхона берун аз минтақа андаке ӽам бошад, мавқеъ доранд. Дар муваффақият ва дастовардӽои даргоӽ, дар баробари кормандон саӽми роӽбарони вақти он калидӣ маӽсуб меёбад. Ба қавли ӽазрати Бедил:
Бе мураббӣ зери гардун мӯътабар натвон шудан,
Моӽи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.
Аз соли 1965 то ин дам Китобхонаро 14 нафар шахсони кордону дилсӯз, ташаббускору оқил ва сарсупурдаи касби хеш, (ба хотири эӽтиром ва гиромидошти онӽо расм ва солӽои роӽбарии мазкур дар маҷаллаи“Китобдор”-и Китобхонаи миллии Тоҷикистон № 1(11), соли 2015, “Бахшида ба 50-солагии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ” ва шумораи № 2 / 2022 “Неруи хирад”ба табъ расидаанд) ва муовинони онӽо Маргатова З.В.-аввалин муовин аз соли 1978; Мулоқандова С.- аз соли 1988 то 1993; Исмоилов Қосим Исмоилович- солӽои 1993-95, (собиқ директори Институти илми таӽқиқотӣ, ки соли 1993 ба Маркази миллии патенту ахбори Вазорати иқтисод ва робитаӽои иқтисодӣ табдили ном намуд); Раӽимова Л.Б.-аз соли 1995 (директор Масаидова С.Д- солӽои 1976-1996) ; Шукурова Л.Б (директор Кухаренко В.А.- 1965-1967); Ғаюрова Амина Сабуровна (директор Холиқов Т.Х.- 2006-2007); Боев Боймурод Убайдуллоевич (директор Табаров А.Ӽ.- 2007-2011); Бутаева Гулнора Тоировна (директор Боев Б. У. – 2011 – 2015); Мирзоев Умед Маӽмадшоевич (директор Бутаева Г.Т.-2015-2020) ва Сидиқов Муродалӣ Самеевич (директор Холиқов Т.Х.-2020 то имрӯз) бағоят бузург буда, онӽо тавонистанд, ки бо кору пайкори хеш дар саӽифаи таърихи Китобхона мудомулумр сабт шаванд. Мутаассифона, оид ба муовинони директор тайи солӽои 1958-1978 маълумот ба даст оварда натавонистем. Ба гумони ғолиб, дар солӽои аввали таъсисёбии Китобхона (соли 1958 Китобхонаи марказии илмию техникӣ ном дошт), онро “Мудир” роӽбарӣ мекард, пас вазифаи муовин вуҷуд надошт ва ин вазифаро саркитобдор бар ӯӽда дошт.
Боис ба ифтихор ва сарфарозии мо кормандон аст, ки тайи 60 соли мавҷудият Китобхонаро 4 тан аз олимони шинохта:- Исмоилов Қосимҷон Исмоилович (солӽои 1996-1999) -номзади илмӽои техникӣ; Амиров Орифҷон Ӽамидович (солӽои 2003-2004)- доктори илм, айни замон Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумӽурии Тоҷикистон; Кобулиев Зайналобуддин Валиевич (солӽои 2005-2006) -доктори илмӽои техникӣ ва Табаров Абдулло Ӽабибуллоевич (солӽои 2007-2011) -доктори илмӽои математика сарварӣ намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки теъдоди муайяни кормандони МД ММПИ дастпарварони КДПТ буда, чандин корманди собиқи ин даргоӽи муқаддас дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумӽурии Тоҷикистон, пажуӽишгоӽу донишгоӽӽо ва дигар соӽаӽои хоҷагии халқи мамлакат софдилона адои вазифа доранд, ки боиси руӽбаландии маъмурият ва кормандони феълии Китобхона мебошад.
Акнун, ки дар 60-умин солгарди бунёди Китобхонаи давлатии патентию техникӣ қарор дорем, роӽбарият ва кулли кормандонро, ки дар ин боргоӽи маърифат бо меӽнати эҷодкорона, зеӽну заковати муқтадир фаъолият намудаву нақши арзанда доранд ва дар пешрафти соӽаи объектӽои моликияти саноатӣ, рушди бемайлони иқтисоди кишвар саӽм доштанду доранд, самимона табрику таӽният намуда, аз даргоӽи Илоӽӣ ба гузаштагон руӽи шод ва барӽаётбудагон тансиӽативу хонаободӣ ва комёбиӽои беназирро таманно менамоем.
М.Сидиқов-муовини директори КДПТ, Аълочии фарӽанги Ҷумӽурии Тоҷикистон
Пештара
Баъди