Аз қадим мардуми соҳибтамаддуни тоҷик ба китобу китобхонаҳо аҳамияти ҷиддӣ медоданд ва онро ҳамчун рушдиҳандаи ақлу заковат, устуворӣ, худогоҳӣ, хештаншиносӣ ва ватандории хеш меҳисобиданд. Махсусан дар даврони Иттиҳоди Шуравӣ мардум бисётар чойхона ва китобхонаҳоро таъсис медоданд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки ин маҳзани нур ба инсон илҳоми тоза бахшида, уро дар ҷомеа ҳамчун шахси бофарҳангу меҳнатдуст муаррифӣ менамояд.
Аммо наметавон аз рушди техникаву технологияи ҷаҳони муосир бе иттилоъ буд. Зеро техника ва технология дар тамоми соҳаҳои кишварамон нақши худро гузоштаанд ва аз ин нақш китобхонаҳо низ баҳраманд гардидаанд. Мувофиқ ба ин андеша мехостем, каме атрофи нақши китоб ва китобхонаҳо дар рушдии маънавии ҷомеа ҳарф бизанем, то шунавандаи закӣ аз он баҳраманд гардад. Воқеан дар ҷаҳони пуртазоду пурихтилоф зиндагӣ кардану аз он баҳраманд шудан амрест маҳол. Вале бояд тазаккур дод, ки дар ин раванд нақши китобхонаҳо низ заррае коста нашудааст ва ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ва таваҷҷуҳи доимии онҳо руз то руз афзун мегардад. Ҳар нафаре ба мутолиаи китоб худро моил мекунад, ҳатман ба як натиҷаи хуби маънавӣ хоҳад расид.
Ҳар нафаре худро китобдор медонад, бояд пеш аз ҳама масъулияти китобхонӣ ва нигаҳдошти онро низ бояд таъмин намояд. Масъулияти китобхонӣ, нигоҳубин як тараф, масъулияти ҳифз ва истифодаи онро ҳамеша ҷиддӣ назорат мекунад. Яке аз анъанаҳои неки мардумии халқи соҳибтаъриху тамаддунофарамон ин китобдорӣ маҳсуб мешуд.
Маҳз ҳамин ҳифзи китоб буд, ки дар моварои ин қадар тазоду бархурдҳои маданию арзишшикан, ҳувиятбозиву асолатфурӯшӣ тавонистем, ки хотираи таърихии миллатро пойбарҷо ва нерӯманд нигоҳ доштем ва тавонистем, худро ҳамчун як миллати соҳибтамаддун ва бофарҳанг муаррифӣ намудем. Ин муззафарияти ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ махсусан китобдорони асили кишвар ба ҳисоб мераванд. Албатта, китобхона маконест фароғатӣ, ки инсонро неру мебахшад, қалби уро қавӣ мегардонад, меҳру муҳаббати оламро дар дилаш ҷой медиҳад ва ба ин васила ҳамчун шахси камолёфта ба ҷомеа роҳгамоӣ менамояд.
Гарчанде ки таваҷҷуҳ ба китобхонаҳо зиёданд, аммо яке аз масъалаҳое, ки ҷомеаи моро ба ташвиш андохтааст, ин дур шудани шаҳрвандон, махсусан ҷавонону наврасон аз китобхонӣ ва китобхона аст. Ин масъала на ин ки ҷомеа, балки Пешвои миллатро ба ташвиш оварданд, ки дар Паёми қарибулвуқуъи худ ин масъаларо ҳамчун масъалаи доғ маънидод намуданд. Яъне дур шудан аз мутолиаи китоб ин теша ба решаи худ задан аст. Ҳар нафари худогоҳро Пешвои миллат ҳушдор доданд, ки дар масъалаи ҷалби шаҳрвандони кишвар ба китобхона бе таваҷҷуҳ набошем ва мавқеи худро муайян намоем. Ҳамин аст, Пешвои миллат вобастагии худро ба китобу китобхона ошкор намуда, тамоми қишри ҷомеаро ба мутолиаи он таклиф намуданд, ки ин иқдоми Пешвои миллат боиси дастгирии мост. Аз ин нуқтаи назар мо китобдорон дар ин масъала бетараф набошем ва ин сиёсати фарҳангии Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти хеш қарор диҳем. Зеро дар самти маънавикунонии ҷомеа масъул ва вазифадорем. Чунки ояндаи кишвар аз насли навраси камолёфта ва ҷавонони донишманд ва қавиирода вобастагии калон дорад. Ин нуктаро Пешвои миллат дар ҳамаи суханрониҳои худ иброз медоранд.
Аслан китоб ба манзали дарахтест, ки умраш дароз, мевааш ширин ва ҳосилаш наздик аст. Ҳар чӣ бештару хубтар агар вақти пурқиммати худро ба мутолиаи он сарф намоем, метавонем ба дастовардҳои азизми илмиву техникӣ ноил гардем. Зеро дустӣ пайдо намудан бо ганҷинаи башарӣ метавонем, ҳаёти худро дурахшон намоем. Хондани китоб ибодат, зиёдшавии ақл ва ҳам василаи ободсозии дунёву охират аст. Мутолиаи китоб тамоми дарҳои бастаро ба руямон мекушояду ҷаҳони торикро бароямон равшан месозад. Бояд дар ҳар як таътил, рухсатии меҳнатӣ ва сафари хидматӣ ҳатман китоберо ҳамроҳ дошта бошем, чунки “Аниси кунҷи танҳоӣ ва фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, гуфтаанд, донишмандони закии мо. Барои зиёд намудани савияи дониш ҳамчунин тазаккур бояд дод, ки аз сомонаҳои иҷтимоӣ самаранок истифода намуд. Ҳар нафаре, ки дихоҳ китобро мехонад, мазмуни онро шарҳи зебо дода, дар саҳифаҳои худ ҷой диҳанд, шояд нафаре муштоқи мутолиаи он китоб мешавад, то аз муҳтавои асосии асар бархурдор шуда ва худро ба мутолиаи он машғул месозад. Олиме мегуяд, ки “Ҳатто дар ҳолати ғарқшудан, китоб бихон, зеро туро аз ғарқшудан нигоҳ медорад”. Муваффақияти асосии инсон аз мутолиаи китоб сарчашма мегирад.
Агар мо дар сиришти инсон нуктаеро мехоҳем биҷуем, бевосита хонданро меёбем. Зеро дар Қуръони Карим дар оятҳои нахустин Худованд ду бор вожаи “бихон”-ро зикр намудааст. Ин далели он аст, ки инсон мехоҳад ба истиқлоли ақлии худ бирасад бояд бисёртар руҷуъ ба суйи китоб намояд. Зеро гуфтаанд: “Назар кардан ба китоб, беҳтар аз тамошои боғу гулистон аст”, чун аз тамошои боғу бустон чашмҳо ҳаловат баранд, аз хондани китоб ақлҳо лазат мебаранд, ҳаловати илмӣ беҳтар аз ҳаловатӣ назарист. Ҳар кӣ мехоҳад, ақли бузургонро бубинад, китобро мутолиа намояд. Шинохти асли худ танҳо ва танҳо аз хондани китоб ба даст меояд.
Абатта китоб ақли фишурдаи бузургон ва рузгордидагон аст. Инсон ба воситаи мутолиаи китоб донишҳои илмӣ ва ихтирову кашофияти онро ба даст меорад. Инчунин гуфтаанд, ки ҳар нафаре китоберо метолиа намояд, ақли олимеро ба ақли худ зам намудааст, ки ин як дастоварди бузурги илмӣ, инсониву ақлсозӣ аст. Ҳар миллате, ки китобро аз заруриятҳои рузгораш нашуморад, ҳатто ба кучактарин дастовард ноилшуданаш амрест метавон гуфт, ки меъёри шинохти давлатҳои мутараққӣ ё давлатҳои дар роҳ ба сӯи тараққӣ ин аст, ки китоб назди онон муқаддамтар аз либоси зебо, китобхона авлотар аз ошхона ва нависанда обрумандтар аз вазиронашон аст. Дар ҷомеае, ки сару либос муҳимтар аз китоб, бозор ободтар аз китобхона, меъда муҳимтар аз мағзҳо, тоҷир азизтар аз нависанда бошад, онҷо тараққиётро набояд мунтазир шуд. Чунки тамоми бадхбахтиҳои инсон аз китоб ва китобхона дур шудан аст, на чизи дигар. Бояд ба ин дастоварди башарӣ эҳтиром қоим бошем. Бештар китоб хондан, бештар бинотару тавонотару азизтар шудан аст. Мардумон гумон мекунанд, ки маҳрумият ин аз молу амвол маҳрум будан аст, вале ҳақиқат ин аст, ки шахсе аз илму адабу маънавиёт бехабар монда бошад, маҳрумтарин кас ӯ бошад. Агар мол ҷайби туро пур месозад, китоб ақлу ҳуши туро пур мекунад, кисаи пур аз амвол бо мағзи тиҳӣ аз афкор чӣ кор меояд?! Оё медонед, ки дар зиндонҳои Бразилия бо ҳар китобе, ки маҳбус хонда ба итмом мерасонад чаҳор рӯз аз муҳлати ҳабсаш кам мегардад. Зеро хонадан инсонро аз бадбахтӣ, ҷинояткорӣ, мардумозорӣ, зулму ситам нигаҳ медорад. Бошад, ки ин иқдоми наҷиб дар тамоми зинданҳои дунё ҷорӣ карада шавад. Мо китобдорон бояд, тамоми кушишу ғайрати худро баҳри бадаст овардани донишҳои заминавӣ, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба китобхонӣ ва баланд бардоштани маънавиёти башар сарф намоем. Чунки тақдири буҳрони маънавии онҳо дар дасти ману Шумоҳони азиз аст.
Корманди шуъбаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентии
КДПТ МД ММПИ Бахталиева О.

