Имрӯз тибқи нақшаи кори Китобхона донишҷуёни Литсейи тамоюли технологӣ ба Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ташриф оварданд ва аз кору фаъолияти шуъбаҳои китобхона дидан намуданд. Тавре донишҷӯён иброз доштанд мақсади онҳо ба қатори шиносоӣ бо китобхона, истифода аз манбаи бойи ихтирооти ҷаҳонӣ, ки дар бойгонии китобхона мавҷуд мебошад низ иборат аст. Онҳо қайд намуданд, ки истифодаи ин сарчашма ҳангоми омӯзиши фани патентшиносӣ ҷиҳати шиносоӣ бо ихтирооти соҳаи касби интихобнамудаашон кӯмак мерасонад.



