Суратгузориш аз раванди Конфронси ӽафтуми байналмилалии илмӣ-техникии “Ӽарфу рақам: китобхонаӽо дар роӽи рақамисозӣ»

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Суратгузориш аз раванди Конфронси ӽафтуми байналмилалии илмӣ-техникии “Ӽарфу рақам: китобхонаӽо дар роӽи рақамисозӣ»
Аз 8 то 10 апрели соли 2026 бо ташаббуси Ассотсиатсияи милии китобхонаӽо «Китобхонаӽои оянда» (НАББ), Китобхонаи давлатии оммавии илмӣ – техникии Россия (ГПНТБ), Ассотсиатсияи байналмилалии истифодабарандагон ва таӽиягарони китобхонаӽои электронӣ ва технологияӽои иттилоотӣ (Ассотсиатсияи ЭБНИТ) – Конфронси ӽафтуми байналмилалии илмӣ-техникии “Ӽарфу рақам: китобхонаӽо дар роӽи рақамисозӣ», (БиблиоПитер-2026) дар шаӽри Санкт Петербурги ФР доир мегардад. Конфронс ҷиӽати муттаӽид сохтани иқтидори китобхонаӽо, муассисаӽои таълимӣ, иттилоотӣ ва илмии сохторӽои мухталиф дар таӽия ва истифодаи самараноки равишӽо, усулӽо ва технологияӽои нав дар муӽити муосири рақамӣ нигаронида шудааст.
Хамшарикони лоиӽа Донишкадаи давлатии фарӽанги Санкт -Петербург, Китобхонаи марказии оммавии шаӽрӣ ба номи В.В.Маяковский, Донишгоӽи Миллии таӽқиқотии Санкт-Петербург оид ба технологияӽои иттилоотӣ, механика ва оптика (ИТМО) ва Китобхонаи президентӣ мебошанд.
Кормандони Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумӽурии Тоҷикистон 8-уми апрел бо иштироки фаъол тариқи маҷози рӯзи нахустини конфронсро ҷамъбаст намуда, аз навгониӽои соӽа бархурдор гардиданд. Иштирокдорони конфронс баргузории чунин чорабиниӽои сати баландро ба манфиати кор дар соӽаи китобдории муосир эътироф карда, изӽори ризоият ва қаноатмандӣ намуданд.
Пештара
Баъди

Leave A Comment