Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол барои солҳои 2025-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол барои солҳои 2025-2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2026» бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор менамояд.
Мақсади асосии Озмун, баланд бардоштани мақоми китоб дар ҷомеаи муосир, рушди соҳаи китобдорӣ дар ҷумҳурӣ, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва кормандони он мебошад.
Тибқи талаботи Озмун, ҳуҷҷатҳо дар марҳилаи аввал аз санаи 6 апрел то санаи 30 июни соли ҷорӣ аз ҷониби Кумитаи тадорукоти Озмун қабул карда мешаванд.
Озмун аз рӯи се номинатсия ва ҳафтгонаҳои беҳтарин «Китобдори сол», «Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» гузаронида шуда, ба ғолибони Озмун «Диплом», ва «Шоҳҷоиза» супорида мешавад.
Ҳуҷҷатҳо ба Озмун тариқи почтаи электронии китобхона gptb.tj@mail.ru, ё ин ки ба воситаи WhatsAapp бо нишонии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ 734042, ш. Душанбе, к. Айнӣ 14а бинои 2, қабул карда мешаванд.
Телефонҳо барои тамос: 2222340, 2222138, 2222133,100984444
WhatsAapp: 100984444, 930099203.
Эзоҳ: Ҳуҷҷатҳое, ки ба талаботи Озмун ҷавобгӯ нестанд, аз ҷониби Кумитаи тадорукот қабул карда намешаванд.
Пештара

Leave A Comment