Китобхонаи давлатии патентию техникӣ
Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Китобхонаи марказии илмию техникӣ, ки соли 1958 ташкил шуда буд, бо қарори Кумитаи давлатии Шўрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ аз 6 майи соли 1965, таҳти №22 бо номи Китобхонаи Ҷумҳуриявии илмию техникӣ таъсис ёфтааст. Бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993, таҳти №242 Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию техникӣ ба Китобхонаи давлатии патентию техникӣ табдил дода шуд ва ба сохтори Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуд.
Рисолати асосии Китобхона, пеш аз ҳама, ҳамчун муассисаи фарҳангӣ ва иттилоотӣ дар ҷамъоварӣ, коркарди илмӣ, багурўҳдарорӣ, ҳифзу нигоҳдорӣ, омўзишу тарғиб ва истифодаи самараноки хазинаи муташаккили иттилоотӣ зоҳир гардида, барои мутолиаи маъхазҳои иттилоотӣ ба хонандагони сершумори гуногунсоҳа шароит муҳайё месозад ва ҳамзамон бо истифода аз захираи бою рангини хеш чиҳати баланд бардоштани фарҳангу маърифат ва худшиносию худогоҳии миллӣ, мусоидат менамояд. Дар ин робита Китобхона муваззаф шудааст, ки хазинаи хешро бо ҳуҷҷатҳои патентӣ, адабиёти гуногунсоҳаи ватаниву хориҷӣ, асноди меъёриву техникӣ пайваста мукаммал гардонад, дар мубодилаи байналмилалии ҳуҷҷатҳои патентӣ фаъолона ширкат варзад, ҳуҷҷатҳои ба хазина воридшударо ба расмият дарорад, хизматрасонии китобдорӣ-библиографиро ба роҳ монад, дар фаъолияти хеш низоми худкори раванди китобдорӣ-иттилоотиро татбиқ намояд.
Айни замон дар Китобхона 9 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои муҳосибот, мукаммалот ва коркарди хазинаҳо, автоматикунонӣ, маълумотӣ – иттилоотӣ, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентӣ, хизматрасонӣ, нигоҳдории хазинаҳо, маркетинг ва рушди китобхона ва феҳристҳои электронӣ амал мекунанд, ки дар он 53 нафар кормандон кору фаъолият доранд.
Хазинаи Китобхона аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин пурра гардонида мешавад: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (МД ММПИ); Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ); Идораи патентии Авруосиё (ИПАО); Идораи патентии Аврупоӣ (ИПА); Идораҳои патентии давлатҳои ИДМ ва давлатҳои хориҶа; Пажўҳишгоҳи федеролии моликияти саноатии Русия; Маркази иттилооту нашрияи Роспатент (ФР); мубодила бо идора ва муассисаҳои ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, харидорӣ аз мағозаҳои китобфурўшӣ ва китобҳои туҳфашуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ. Хазинаи Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ба ҳолати 28.12.2020 15464594 нусха ҳуҷҷатро ташкил медиҳад.
Дар даврони истиқлол яке аз заминаҳои асосии пешбурди фаъолияти Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ин ворид гардидан ба ҷаҳони муосири технологияҳои компютерӣ буд. Соли 2000 аз ҷониби шуъбаи ташкилоти байналмилалии Институти «ҷомеаи кушода» – Бунёди мадади Тоҷикистон ба Китобхона бо тариқи ройгон барномаи Маъхази маълумотӣ ва ҷустуҷўйии «Ирбис» туҳфа карда шуд, ки он замон ин барнома ҳамагӣ дар як адад компютери китобхона насб карда шуда буд. Аз соли 1998 то ба имрўз Китобхона бо дастгирии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» ва аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ теъдоди компютерҳоро ба 50 адад расонид. Аз соли 2000 то ба имрўз хазинаи ММ ва Ҷ «Ирбис» бо беш аз 278 ҳазор тавсифи китобшиносӣ пурра гардонида шуд ва барои истифодаи хонандагон пешниҳод гардид. Дар Китобхона корҳои марбут ба автоматисозии раванди китобдорӣ-иттилоотӣ тибқи нақша роҳандозӣ шудааст.
Айни замон Китобхона ба Шабакаи патентию иттилоотии Авруосиё «ЕАПАТИС» www.eapatis.com, пайваст мебошад, ки хазинаи шабакаи мазкур зиёда аз 84 млн. нусха ҳуҷҷатҳои патентиро ташкил медиҳад.
Соли 2020 бо ибтикори роҳбарияти Китобхона аз ҷониби мутахассисони ҳирфаӣ, сомонаи интернетии Китобхона www.kdpt.tj маротибаи чорум азнавсозӣ карда шуд ва дар саҳифаҳои он пайваста иттилооти нав оид ба фонди КДПТ ва фаъолияти гуногунпаҳлуи он пешниҳод мегардад.
Аз соли 2012 то ба имрўз кормандони Китобхона ба як қатор китобхонаҳои низоми марказонидашудаи ноҳияҳои Данғара, Ҳисор, Рўдакӣ, Ёвон, Панҷ, Бобоҷон Ғафуров, Шаҳритус, Файзобод, шаҳрҳои Норак, Ваҳдат, Турсунзода, Бохтар, Кўлоб, Панҷакент, китобхонаи вилоятии ба номи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон (ш.Бохтар), Тошхоҷа Асирии вилояти Суғд (ш. Хуҷанд), Садриддин Айнии вилояти Хатлон (ш. Кўлоб) сафари хизматӣ анҷом дода, доир ба фаъолияти Китобхона маълумот доданд ва созишномаҳо чиҳати ҳамкории дуҷониба ба имзо расониданд. Мутахассисони китобхона дар равияи кори худ ба ихтироъкорон, навоварон, кормандони соҳаи илм, аспирантҳо кўмаки худро дар ҷустуҷўи ҳуҷҷатҳои патентию-иттилоотӣ дареғ намедоранд.
Барои тарғиби кори китобдориву китобхонашиносӣ ва ҷалб намудани хонандагон ба китобхона, ҷалб намудан ба ихтироъкориву навоварӣ дар байни донишҷўёни олии кишвар бо ташаббуси шуъбаи маркетинг ва рушди китобхона дар китобхона ҳама сола силсилаи намоишҳои китобӣ ташкил ва гузаронида шуда, ҳамчунон донишҷўёни донишгоҳҳои олии кишвар бо роҳбарии устодони хеш фориғ аз дарс аз китобхона ва шароити он дидан менамоянд. Хушбахтона давоми ҳафт соли охир Китобхонаи давлатии патентию техникӣ бо сарпарастии бевоситаи Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилооти»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи конференсияҳои Ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи китобдорӣ таҳти унвони «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» гузаронида мешаванд, ки дар баланд бардоштани мақоми касбии китобдорон ва нуфузи маърифатии китобхонаҳо мусоидат менамояд.
Ҳадаф аз баргузор намудани чунин конференсияҳо, қабл аз ҳама, ба роҳ мондани мубодилаи афкор байни коршиносони соҳа ва китобдорон перомуни вазъи воқеии фаъолияти китобхонаҳо, воридшавии китобхонаҳо ба ҷаҳони муосири техникаю технология, ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигоҳдории сарватҳои иттилоотӣ, татбиқи низоми автоматикунонӣ дар раванди фаъолияти китобхонаҳо, ҳифзи ҳуқуқи муаллиф дар китобхонаҳо, расонидани кўмакҳои методию амалӣ ба китобдорон, пуррагардонии хазинаи китобхонаҳо, ҳавасмандгардонии кормандони соҳа, ҷалб намудани насли наврас ба китобхонӣ ва қонеъ намудани талаботи ҷомеаи муосир бо иттилооти фавриву зарурӣ мебошад.
Ҳамзамон бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникӣ шурўъ аз соли 2014 то ба имрўз Озмуни Ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» бо иштироки китобдорони Ҷумҳурӣ ташкил ва баргузор карда мешавад. Бояд қайд намуд, ки Озмуни мазкур дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад. Мақсад ва уҳдадории асосии Озмун баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвари азизамон мебошад.