Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ

Қонуни мазкур асоси ҳуқуқии ташкил, ҳифз ва рушди фаъолияти китобдориро дар ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба татбиқи амалии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар мавридҳои ҷустуҷӯ ва дарёфти иттилоот, истифодаи китобхонаҳо, барои роҳёбии озодона ба дастовардҳои илмӣ ва фарҳангии ҷаҳонию миллӣ танзим менамояд.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода мегарданд:

— китобхона – муассисаи иттилоотӣ, фарҳангӣ ва омӯзишии дорои фонди муташаккили ҳуҷҷатҳо, ки онҳоро барои истифодаи муваққатӣ ба ихтиёри истифодабарандагон гузошта, инчунин хизматрасониҳои дигари китобдориро ба анҷом мерасонад;

— китобхонаи дастраси умум – китобхонае, ки ба шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ қатъи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон имконияти истифодабарии фонд ва хизматрасонии китобдориро фароҳам меоварад;

 фаъолияти китобдорӣ – соҳаи фаъолияти иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва омӯзишие мебошад, ки ба вазифаҳои он таъсис ва инкишоф додани шабакаи китобхонаҳо, ташкилу такмили фондҳои онҳо, ба роҳ мондани хизматрасонии китобдорӣ, иттилоотӣ, маълумотию библиографии истифодабарандагони китобхонаҳо ва таъминоти илмию методии рушди китобхонаҳо дохил мешавад;

— ҳуҷҷат – объекти моддие, ки дар он иттилоот ба шакли матн, сабти овоз ва ё тасвир дарҷ гардида, бо мақсади ҳифзу мавриди истифодаи умум қарор додан ва барои ба замону макон таҳвил намудан таъин гардидааст;

 нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо – нусхаҳои ҳуҷҷатҳои гуногуне, ки бояд аз тарафи таҳиягарон ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор ба миқдори муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд;

— истифодабарандаи китобхона – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз хизматрасонии китобхона истифода мебарад;

— системаи марказонидашудаи китобхонаҳо – муттаҳид кардани китобхонаҳо дар воҳиди томи сохторӣ, ки дар асоси фонди умумӣ ва ягонагии ташкилию техникӣ фаъолият менамояд;

— муассиси китобхона – ҳама гуна мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ.

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷкистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Доираи амали қонуни мазкур

Амали қонуни мазкур ба китобхонаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ё буҷетҳои маҳаллӣ пурра ва ё қисман маблаѓгузорӣ мегарданд, паҳн шуда, дар қисми танзими масъалаҳои ҳифз ва истифодабарии фондҳои китобхонаҳо чун ҷузъи мероси таърихию фарҳангии халқи тоҷик, нисбат ба ҳама гуна китобхонаҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон амал мекунад.

 

Моддаи 4. Шаклҳои асосии китобхонаҳо

Ҳама гуна мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таъсис додани китобхонаҳо ҳуқуқ доранд.

Мутобиқи тартиби таъсисдиҳӣ ва шаклҳои моликият, шаклҳои асосии китобхонаҳои зерин маълуманд:

Китобхонаҳои давлатӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ таъсис дода мешаванд, аз он ҷумла:

  • китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон; китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ;
  • китобхонаҳои вазоратҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти иҷроия; китобхонаҳои вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявӣ, ки аз ҷониби мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ таъсис дода мешаванд;
  • китобхонаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, муассисаҳои таълимӣ;
  • китобхонаҳои корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо; китобхонаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;
  • китобхонаҳои хусусӣ; китобхонаҳое, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ тибқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд.

БОБИ 2. ҲУҚУҚИ ШАҲРВАНДОН ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ

Моддаи 5. Ҳуқуқ барои хизматрасонии китобдорӣ

Ин ҳуқуқ таъмин карда мешавад:

– бо роҳи таъсис додани шабакаи давлатии китобхонаҳои дастраси умум, оммавӣ, илмӣ ва махсус;

– гуногуншаклии навъҳо ва шаклҳои китобхонаҳо;

– бо танзими давлатии таъсиси китобхонаҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, қатъи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият, тахассус ва доираи фаъолияташонҳуқуқи шаҳрвандон дар соҳаи хизматрасонии китобдорӣ нисбат ба ҳуқуқи дар ҳамин соҳа доштаи давлат ва ҳама гуна сохторҳои он, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар ташкилотҳо афзалият дорад.

Моддаи 6. Ҳуқуқ барои фаъолияти китобхонаҳо

Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд дар қалам¬рави Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаҳо таъсис диҳанд.

Шаҳрвандон ҳуқуқ доранд дар фаъолияти шӯроҳои сарпарастон, истифодабарандагони китобхонаҳо ва ё дигар навъҳои иттиҳодияҳои хонандагон, ки бо мувофиқаи роҳбарони китобхонаҳо ва ё муассисони онҳо созмон дода мешаванд, ширкат варзанд.

Кормандони китобхонаҳо ҳуқуқ доранд бо мақсади мусоидат кардан барои рушди хизматрасонии китобдорӣ, муттаҳиддии касбӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоию тахассусии худ ассотсиатсияҳо созмон диҳанд.

Шаҳрвандоне, ки дар моликияти хусусиашон маҷмӯи ҳуҷҷатҳои аҳамияти махсусдошта ва коллексияҳои ба объектҳои мероси миллӣ мансубиятдоштаро доранд, ба шарте, ки ин маҷмӯаҳо аз тарафи мақомоти ҷумҳуриявии дахлдори ҳокимияти иҷроия, мақомоти вилоятӣ, шаҳрӣ, ноҳиявии ҳокимияти иҷроия ва дигар мақомоти худидораи маҳаллӣ ба сифати объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ сабт гардиданашон, ҳуқуқи аз ҷониби давлат дастгирии таъмини муҳофизатро доранд.

Моддаи 7. Ҳуқуқи истифодабарандагони китобхонаҳо

Истифодабарандаи китобхона ҳуқуқ дорад ба таври ройгон дар ҳама гуна китобхона тавассути кор кардан бо феҳристҳо оид ба мавҷудияти ҳуҷҷатҳои мушаххас дар фондҳои китобхона иттилоот ба даст оварад.

Дар китобхонаҳои дастраси умум шаҳрвандон ҳуқуқ доранд:

– бо пешниҳоди ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад, истифодабарандаи китобхона гарданд;

– ба таври ройгон тавассути низоми маълумотию библиографии хизматрасонии китобдорӣ доир ба фондҳои китобхона иттилооти пурра ба даст оваранд;

– ба таври ройгон ҷиҳати ҷустуҷӯ ва интихоби манбаъҳои иттилоот ёрии машваратӣ гиранд;

– ба таври ройгон ё бо музд аз фондҳои китобхонаҳо ба мӯҳлати тибқи қоидаҳои истифодаи китобхона муқарраргардида, барои истифодаи муваққатӣ ҳама гуна ҳуҷҷатро дастрас намоянд;

– тавассути абонементи байникитобхонавӣ ҳуҷҷатҳо ва ё нусхаҳои онҳоро аз китобхонаҳои дигар ба даст оваранд;

– аз дигар навъҳои хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои музднок, ки номгӯи онҳо аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад, истифода баранд.

Дар китобхонаҳои давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ истифодабарандагони китобхонаҳо ҳуқуқ доранд аз хизматрасонии китобхонаҳо ва гирифтани ҳуҷҷатҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва дигар забонҳои дар қаламрави ҷумҳурӣ амалкунанда баҳравар гарданд.

Истифодабарандаи китобхона дар ҳолати аз ҷониби корманди расмии китобхона маҳдуд кардани ҳуқуқҳояш ҳуқуқ дорад ба суд муроҷиат намояд.

Моддаи 8. Ҳуқуқи гурӯҳҳои махсуси истифодабарандагони китобхона

Маъюбон ба хизматрасонии китобдорӣ ва гирифтани ҳуҷчат тавассусти интиқолдиҳандагони махсуси иттилоот аз китобхонаҳои махсус ва дигар китобхонаҳои дастраси умум ҳуқуқ доранд.

Истифодабарандагоне, ки бо сабабҳои кӯҳансолӣ ва норасоии ҷисмонӣ наметавонанд бевосита ба китобхона раванд, ҳуқуқ доранд тавассути шаклҳои хизматрасонии ѓоибона ва ё сайёр, ки маблаѓгузории он аз ҳисоби маблаѓҳои буҷетҳои дахлдор ва маблаѓҳои барномаҳои давлатӣ таъмин карда мешавад, ҳуҷҷатҳои заруриро аз фондҳои китобхонаҳои дастраси умум ба даст оваранд.

Истифодабарандагони хурдсол ва ҷавон ба хизматрасонии китобдорӣ дар китобхонаҳои дастраси умум ва махсус, инчунин дар китобхонаҳои муассисаҳои таълимӣ, тибқи тартибе, ки дар оинномаи ин китобхонаҳо муайян шудааст, ҳуқуқ доранд.

Моддаи 9. Ҷавобгарии истифобарандагони китобхонаҳо

Истифодабарандагони китобхонаҳо вазифадоранд, ки қоидаҳои истифодаи китобхонаҳоро риоя намоянд.

Истифодабарандагоне, ки қоидаҳои истифодаи китобхонаҳоро вайрон карда, ба китобхона зарар мерасонанд, онро дар ҳаҷми тибқи қоидаҳои истифодаи китобхонаҳо муайяннамуда ҷуброн карда, инчунин дар ҳолатҳои бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

БОБИ 3. ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ КИТОБХОНАҲО

Моддаи 10. Муассиси китобхона

Муассиси китобхона фаъолияти онро маблаѓгузорӣ карда, тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти онро назорат менамояд ва инчунин роҳбари китобхонаро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд. Муассиси китобхона ҳуқуқ надорад, ба истиснои мавридҳое, ки дар оинномаи китобхона ва қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ба фаъолияти эҷодии китобхона дахолат намояд

Моддаи 11. Ҳуқуқҳои китобхонаҳо

Китобхонаҳо ҳуқуқ доранд:

– бо мувофиқаи муассисон қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳоро тасдиқ намоянд;

-ҳангоми пешниҳод намудани нашрияҳои нодир ва арзишнок, инчунин дигар ҳолатҳои дар муқаррароти қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳо дарҷгардида маблаѓи кафолатро муайян намоянд;

– мутобиқи муқаррароти қоидаҳои истифодаи китобхонаҳо намудҳо ва андозаҳои ҷуброни зарари аз ҷониби истифодабарандагони китобхонаҳо расонидашударо муайян намоянд;

– ба мақсади васеъ намудани номгӯи хизматрасонии истифодабарандагони китобхонаҳо ва рушди иҷтимоию эҷодии китобхонаҳо, дигар хизматрасониро анҷом диҳанд, ба шарте, ки ба фаъолияти асосии онҳо зарар нарасонад;

– дар асоси шартнома бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шартҳои истифодабарии фондҳои китобхонаҳоро муайян намоянд; — барои шаҳрвандон хизматрасонии муздноки китобдорӣ ташкил намоянд;

– истифодаи фондҳои китобхонаро аз тариқи иҷора ба роҳ монанд;

– мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон иттиҳодияҳои китобдориро таъсис диҳанд;

– дар асоси озмун ва дигар асосҳо дар татбиқи амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ ва минтақавии рушди фаъолияти китобдорӣ, дар таҳияи стандартҳо ва меъёрҳои китобдорӣ иштирок намоянд;

– тибқи тартиби муқарраршуда ҳамкориҳоро бо китобхонаҳо ва дигар идораю муассисаҳои давлатҳои хориҷӣ, аз ҷумла ба роҳ мондани табодули байналмилалии китобҳо, мувофиқи тартиби муайянгардида ба ҳайати ташкилотҳои байналмилалӣ шомил гардида, дар татбиқи амалӣ гардонидани барномаҳои байналмилалии китобдорӣ ва дигар барномаҳо ширкат варзанд;

– мустақилона манбаъҳои пуррагардонии фондҳои худро муайян намоянд;

– тибқи тартиби хориҷкунии ҳуҷҷатҳо, ки бо муассисони китобхонаҳо мувофиқа карда мешавад ва инчунин мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷатҳоро аз фондҳои худ бароварда, ба фурӯш расонанд. Дар айни замон, китобхонаҳо сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликият ҳуқуқ надоранд ҳуҷҷатҳои ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ таалуқдоштаро, ки низоми муҳофизат ва истифодабарии онҳо мутобиқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудааст, аз ҳисоб бароварда ба фурӯш расонанд;

– дигар амалҳоеро, ки ба қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд ба анҷом расонанд.

Китобхонаҳо дар харидорӣ кардани ҳуҷҷатҳое, ки тибқи барномаҳои давлатии чопи китобҳо интишор мегарданд, инчунин дар навбати аввал харидорӣ кардани асноди китобхонаҳои барҳам додашуда ҳуқуқи бартариятнок доранд.

Моддаи 12. Ӯҳдадориҳои китобхонаҳо

Дар фаъолияти худ китобхонаҳо баамалбарории ҳуқуқҳои шаҳрвандонро, ки қонуни мазкур муқаррар намудааст, таъмин менамоянд. Китобхонаҳо ба истифодабарандагон тибқи оинномаҳои худ, қоидаҳои истифодабарии китобхонаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мерасонанд.

Китобхонаҳое, (сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои моликияташон), ки дар фондҳои худ нашрияҳои аҳамияти махсусдошта ва коллексияҳои ба объектҳои мероси миллӣ таалуқдоштаро доранд, барои сабти саривақтии онҳо дар феҳристҳои маҷмӯавӣ ва бақайдгирии онҳо ҳамчун падидаи мероси таърихию фарҳангӣ, инчунин барои ворид намудани онҳо ба базаи автоматикунонидашудаи маълумот дар доираи барномаҳои давлатии ҳифз ва рушди фарҳанг масъул мебошанд.

Китобхонаҳо ӯҳдадоранд, ки мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои таъсисиашон дар назди муассисони худ ва мақомоти давлатии омор ҳисобот диҳанд.

Моддаи 13. Мақоми китобхонаҳо

Китобхонаҳои системаи марказонидашудаи давлатӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз лаҳзаи тибқи тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданашон мақоми шахси ҳуқуқиро доро мегарданд.

Мақоми китобхонаҳои дигар аз тарафи муассисони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

БОБИ 4. ПРИНСИПҲОИ СИЁСАТИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ КИТОБДОРӢ

Моддаи 14. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ

Асоси сиёсати давлатӣ дар соҳаи китобдорӣ принсипи фароҳам овардани шароит барои дастраси умум будани иттилоот ва арзишҳои фарҳангие мебошад, ки дар китобхонаҳо ҷамъоварӣ ва барои истифодабарӣ пешниҳод карда мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида барномаҳои давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ ва инчунин барномаҳоеро, ки ҷузъи таркибии барномаҳои давлатии ҳифз ва инкишофи фарҳанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, таҳия менамояд. Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидора ҳамоҳангсозии робитаҳои байниминтақавӣ ва байниидоравии хизматрасонии иттилоотию китобдорӣ, аз ҷумла иттилоотонии ҷомеаро ташкил менамоянд.

Давлат рушди хизматрасонии китобдории табақа ва гурӯҳҳои аҳолии аз лиҳози иҷтимоию иқтисодӣ кам ҳифзшаванда (кӯдакон, ҷавонон, маъюбон, нафақахӯрон, гурезаҳо, бекорон, модарони серфарзанд, деҳотиён, сокинони манотиқи баландкӯҳ ва маҳалҳои ба онҳо баробаркардашуда)-ро дастгирӣ менамояд.

Мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ва худидора метавонанд тавассути дастгирии моддӣ китобхонаҳои шакли моликияти ѓайридавлатиро, ки ба аҳолӣ ба таври ройгон хизмат мерасонанд, ҳавасманд намоянд.

Моддаи 15. Танзими давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ

Ваколатҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ тибқи қонуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд.

БОБИ 5. ШАРОИТҲОИ МАХСУСИ ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ

Моддаи 16. Фондҳои китобхонаҳо ҳамчун объекти мероси миллӣ

Фондҳои китобхонаҳо, ки дар асоси тартиби нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо таъмин карда шуда, инчунин нигоҳдорандаи ҳуҷҷатҳои махсусан арзишнок ва нодир мебошанд, мероси миллӣ ҳисобида мешаванд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд ҳамчун объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ эълон карда шаванд.

Фондҳои китобхонаҳое, ки ба объектҳои мероси миллӣ таалуқ доранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти низоми махсуси ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодабарӣ қарор мегиранд.

Дар ҳолате, ки агар китобхона барои муҳофизату дастраси умум гардонидани фонди ба объект¬ҳои таърихию фарҳангӣ таалуқдошта шароитҳои заруриро фароҳам оварда натавонад, фонд аз таркиби он хориҷ карда шуда, бо қарори молики он ва пешниҳодоти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар соҳаи истифодабарии мероси миллии китобдорӣ ба таркиби китобхонаи дигар дода мешавад.

Моддаи 17. Китобхонаҳо ҳамчун ҷузъи мероси миллӣ

Китобхонаҳое, ки бо тартиби муқарраршуда ба объектҳои мероси миллӣ марбут дониста шудаанд, ба номгӯи объектҳои мероси миллӣ ворид карда мешаванд ва таҳти низоми махсуси ҳифзу истифодабарӣ қарор мегиранд.

Моддаи 18. Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон объекти дорои арзиши махсуси мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, таҳти низоми махсуси ҳифзу истифодабарӣ қарор дорад. Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии фарҳангӣ, нигоҳдорандаи миллии ҳуҷҷатҳо ва бойгонии матбуоти миллӣ, маркази аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи илмию тадқиқотӣ, илмию иттилоотӣ ва фарҳангӣ мебошад, ки аз лиҳози вазифаҳои ба зимма доштааш ба талаботи асосии ЮНЕСКО барои ҳамин шакли китобхонаҳо мутобиқат менамояд.

Вазифа ва функсияҳои асосии Китобхонаи миллии ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат мебошад:

– ташкил кардан, ҳифз, коркарди илмӣ ва таъмини нигоҳдории воқеии маҷмӯи нисбатан пурраи ҳуҷҷатҳои ватанӣ ва хориҷие, ки аҳамияти илмӣ доранд;

– таъмини ташкил кардани фонди китобҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба забони тоҷикӣ дар ҳудуди Тоҷикистон табъу нашр мегарданд ва нашрияҳое, ки новобаста ба ҷои чопашон доир ба Тоҷикистон мебошанд;

– иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатии рушди фаъолияти китобдорӣ, ки ҷузъи ҷудонопазири мероси фарҳангии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;

– анҷом додани корҳои илмию тадқиқотӣ дар соҳаи китобхонашиносӣ, библиографияшиносӣ, китобшиносӣ, фаъолияти иттилоотӣ ва дигар илмҳои вобаста ба он;

– идораи умумӣ ва батанзимдарории фаъолияти китобхонаҳо бо мақсади таъмини назорат доир ба амалӣ намудани сиёсати ягонаи давлатӣ оид ба фаъолияти китобдорӣ;

-ҳамоҳангсозӣ ва муттаҳидгардонии фаъолияти ҳама навъҳои китобхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– ташаккул ва созмондиҳии ҳуқуқи истифодаи бонкҳои иттилоотӣ ва ширкат дар ташкили шабакаҳои иттилоотию китобдории компютерӣ;

– хизматрасонии китобдорӣ, библиографӣ ва иттилоотии истифодабарандагони китобхона;

– ба роҳ мондани фаъолияти таҳририю интишорӣ ва иттилоотию рекламавӣ;

-ҳамкорӣ бо китобхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва ассотсиатсияҳои китобдорию иттилоотӣ;

-ҷамъоварӣ, ҳифз ва тадқиқоти мероси хаттӣ;

– иштирок дар ташаккули сиёсати давлатӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ;

– ба роҳ мондани ҳамкорӣ оид ба ҳама навъҳои кори китобдорӣ бо ҷамъиятҳои халқи тоҷик, ки берун аз xудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд.

БОБИ 6.ТАШКИЛИ ҲАМКОРИҲОИ МУТАҚОБИЛАИ КИТОБХОНАҲО

Моддаи 19. Китобхонаҳои марказӣ

Мақомоти ҳокимияти иҷроияи ВМКБ, вилоятӣ, шаҳри Душанбе, шаҳрӣ, ноҳиявӣ метавонанд ба китобхонаи умумии пешбар мақоми китобхонаи марказиро диҳанд, ки функсияи онро инҳо иҷро менамоянд:

– дар вилоят – китобхонаи вилоятӣ;

– дар шаҳр – китобхонаи марказии шаҳрӣ;

 дар ноҳия – китобхонаи марказии ноҳиявӣ.

Китобхонаи марказӣ вазифадор аст, ки дар ҳудуди барои хизматрасонӣ фарогирифтаи худ маҷмӯи нисбатан умумии ҳуҷҷатҳоро ташкил намояд, ҳифз намояд ва ба истифодабарандаи китобхона пешниҳод намояд, истифодаи муштараки захираи китобхонаро созмон диҳад ва ба китобхонаҳо ёрии методӣ расонад.

Тибқи тартиби муқарраргардида функсияҳои китобхонаҳои марказиро байни якчанд китобхонаҳо тақсим кардан имконпазир аст. Дар ин ҳолат хароҷоти онҳо вобаста ба ҳаҷми фаъолияташон аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ карда мешавад.

Моддаи 20. Ҳамкории мутақобилаи китобхонаҳо бо мақомоти иттилоотии илмию техникӣ ва бойгониҳо

Бо мақсади таъмини истифодаи самарабахши захираҳои иттилоотии давлатӣ, китобхонаҳо бо мақомоти иттилоотии илмию техникӣ, бойгониҳо, дигар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳое, ки маркази иттилоотии маълумоти дараҷаҳои гуногун доранд, ҳамкорӣ менамоянд.

Тартиби ҳамкории мутақобила тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин шартномаҳои миёни ин муассисаҳою ташкилотҳо басташуда муайян карда мешавад.

БОБИ 7. ТАНЗИМИ ҲУҚУҚӢ ДАР СОҲАИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБДОРӢ

Моддаи 21. Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии китобхонаҳо

Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии китобхонаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Моддаи 22. Амволи китобхонаҳо

Китобхонаҳо дар асоси ҳуқуқи идораи оперативӣ дорои амволи ба онҳо вобаста кардашуда мебошанд, ки аз онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода ва ихтиёрдорӣ менамоянд.

Китобхонаҳои давлатӣ ва дигар китобхонаҳои дастраси умум барои беҳтар намудани хизматрасонии китобдорӣ ба аҳолӣ ҳуқуқи ройгон истифодабарии қитъаҳои замин ва биноҳои истеҳсолиро доранд.

Тартиби истифодабарии воситаҳои молиявии китобхона тибқи оинномаи он танзим карда мешавад.

БОБИ 8. КАФОЛАТИ ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ КИТОБХОНА

Моддаи 23. Ҳимояи иҷтимоии кормандони китобхонаҳо

Ҳимояи иҷтимоии кормандони китобхонаҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешаванд.

БОБИ 9. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

Моддаи 24. ҳуқуқ барои ҳамкориҳои байналмилалӣ

Китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи фаъолияти китобдорӣ, библиографӣ, иттилоотонӣ ширкат варзида, оид ба масъалаҳои марбут ба китобхонаҳо дар ҷаласа ва конференсияҳои байналмилалӣ иштирок менамоянд.

Китобхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба таркиби созмонҳои фарҳангии байналмилалӣ шомил гардида, дар татбиқи барномаҳои байналмилалии китобдорӣ ва дигар барномаҳо ширкат намоянд.

Моддаи 25. Ҳуқуқи аз фондҳои китобхонаҳо ба хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардани ҳуҷҷатҳо

Баровардани ҳуҷҷатҳо аз фондҳои китобхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.

Моддаи 26. Тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе

I августи соли 2003 №32

Пештара
Баъди