ТАШРИФИ ПРЕЗИДЕНТИ ИДОРАИ ПАТЕНТИИ АВРУОСИЁӢ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Санаи 27-28 июни соли 2022 Президенти Идораи патентии Авруосиёӣ (ИПАО) Ивлиев Григорий Петрович бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Дар доираи ташриф Ивлиев Григорий Петрович бо муовини якуми Сарвазир муҳтарам Давлаталӣ Саид, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Ашурбой вохӯрӣ намуданд. […]