Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Риояи ҳуқуқҳои муаллиф дар раванди рақамикунонии китобхонаҳо»
Санаи 17-уми ноябри соли 2023 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (МД ММПИ), бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Риояи ҳуқуқҳои муаллиф дар раванди рақамикунонии китобхонаҳо» баргузор гардид. Дар кори Конфронс роҳбарон ва намояндагони китобхонаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд. […]