Низомномаи шуъбаи нигоҳдории хазинаҳои КДПТ
Муқарарроти умумӣ 1. Шуъбаи нигоҳдории хазинаҳо (минбаъд – шуъба) ҷузъи таркибии сохтори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КДПТ) мебошад; 2. Шуъба ташкили нигоҳдории хазинаи миллӣ ва соҳавӣ, корҳои китобхонавӣ ва хизматрасонии маълумотию иттилоотиро ба мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаҳои гуногун […]