Низомномаи Китобхонаи давлатии патентию техникии Маркази миллии патенту иттилоот

  • АСОСӢ
  • Оиди китобхона
  • Низомномаи Китобхонаи давлатии патентию техникии Маркази миллии патенту иттилоот

                                                                                                                                                                                                                                              «ТАСДИⱩ ШУДААСТ»

                                                                                                                                                                                                                             Бо Фармоиши Директори

                                                                                                                                                                                                                          МД ММПИ

                                                                                                                                                                                                                         аз «___» ________ соли 20__№ ___

 

НИЗОМНОМАИ

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

Низомномаи мазкур мақоми ҳуқуқӣ ва ташкили самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Китобхона)-ро муайян менамояд.

Китобхона муассисаи илмию иттилоотӣ ва фарҳангӣ буда, бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 28 майи соли 1993, №242 (қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2012, №393) дар заминаи Китобхонаи ҷумҳуриявии илмию техникии Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии иттилооти илмию техникӣ таъсис дода шудааст.

Китобхонаи мазкур воҳиди сохтории Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – МД ММПИ) ба ҳисоб меравад.

Китобхона фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин, Низомномаи мазкур ба роҳ мемонад.

Китобхона ваколатҳои худро ҷиҳати фароҳам овардани шароитҳои мусоиди фаъолияти меҳнатӣ, ҳуқуқӣ ва моддию техникӣ, маъхазҳои электронӣ, маҷмуъи ҳуҷҷатҳои патентӣ ва адабиётҳои илмию техникиро ташкил медиҳад ва маълумотҳои иттилоотӣ ва нигаҳдорандаи ҳуҷҷатҳои патентӣ мебошад.

Китобхона фаъолияташро баҳри ташкил ва истифодаи самараноки хазинаҳои маълумотию иттилоотӣ, хизматрасонии иттилоотию китобхонавӣ, тадқиқотҳои илмӣ ва фаъолиятҳои вобаста ба ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ месозад.

Китобхона шахси ҳуқуқӣ буда, дорои молумулки бо тавозуни (баланси) мустақил ва суратҳисоб, муҳр ва тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи Китобхона бо забони давлатӣ ва русӣ, варақаи сабти ном тамғаи хизматрасонӣ ва тамғаҳои дахлдор таҳти №7653 (TJ), бланкҳо, саҳифаи Сомонавии www.gptb.tj, почтаи электронии gptb.tj@mail.ru мебошад.

Номи расмии Китобхона:

– бо забони давлатӣ дар шакли пурра – Китобхонаи давлатии патентию техникӣ; дар шакли мухтасар – КДПТ;

– бо забони русӣ дар шакли пурра – Государственное патентно- техническое библиотека: дар шакли мухтасар – ГПТБ;

– бо забони англисӣ дар шакли пурра – State patent and technical library: дар шакли мухтасар – SPTL.

Суроғаи Ҷойгиршавии Китобхона: Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кўчаи Айнӣ 14-а.

САМТҲОИ АСОСИИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНА

Китобхона намудҳои зерини фаъолиятро амалӣ менамояд:

– ташкил ва таъмини ҳифзи хазинаи маълумотию иттилоотӣ;

– қонеъ гардонидани талаботи иттилоотии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ;

– омодасозӣ ва амалигардонии чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокӣ ва сифати кори китобхона;

– ташкил ва пешниҳоди истифодабарии маъхазҳои электронии китобхонавӣ, сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои дохиливу хориҷии кишвар, пешниҳоди маъхазҳои компютерӣ, саҳифаи интернетӣ ва дигар навъҳои воситаҳои электронӣ ва иҷроиши хизматрасониҳои гуногуни иттилоотӣ;

– таъмини адабиётҳои электронӣ ба хонандагон ва истифодабарии маъхазҳои патентию иттилоотӣ, илмию техникӣ, иқтисодӣ, гуманитарӣ, мақолаҳо ва рисолаҳо тавассути саҳифаи интернетӣ;

– нигоҳдории фонди ҳуҷҷатҳоро тавассути баҳисобгирӣ ва ҷобаҷогузории дуруст, муҳофизати бехатар, назорати пайваста ва раванди истифодаи самараноки онҳо таъмин менамояд;

– чорабиниҳои санитарию гигиенӣ, муқовабандӣ ва барқароркуниро ба анҷом мерасонад;

– банақшагирии тадбирҳои давлатӣ ва байналмиллалӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ;

– вобаста бо вазифаву мақсадҳои дар низомномаи мазкур пешбинӣ шудаанд, муайян менамояд;

– Китобхона метавонад фаъолияти дигареро, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад, амалӣ гардонад.

СОХТОРИ КИТОБХОНА

Сохтори Китобхона бо фармоиши Директори МД ММПИ мувофиқи вазифаҳои асосӣ ва самтҳои фаъолияти он тасдиқ карда мешавад.

Фаъолияти Китобхона аз роҳбарият, шуъбаҳои муҳосибот, мукаммалот ва коркарди хазинаҳо, маълумотӣ иттилоотӣ, автоматикунонӣ, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентӣ, нигаҳдории хазинаҳо, хизматрасонӣ, маркетинг ва рушди китобхона ва шуъбаи феҳристҳои электронӣ ва шуъбаву бахшҳо иборат мебошад.

Навъҳои асосии фаъолияти китобхона аз пуррагардонӣ, ҳифзу нигоҳдории фондҳои китобхона, хизматрасонии китобдорӣ ва иттилоотии истифодабарандагон, фаъолияти фарҳангӣ-маърифатӣ, илмӣ, таҳқиқотӣ, методӣ, табъу нашр ва байналмилалӣ иборат мебошад.

ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ КИТОБХОНА

Мутобиқи тартиби муқарраргардида, китобхона дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:

– банақшагирии фаъолият ва дурнамои рушди китобхона бо назардошти талаботи истифодабарандагони навъҳои фаъолияти китобхона;

– маблағи гаравро, ҳангоми дар ихтиёри касе гузоштани нашрияҳои қиматнок, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳое, ки дар қоидаҳои истифодабарии китобхона муқаррар карда шудаанд, муайян менамояд;

– муайян намудани андози ҷуброни зарари аз ҷониби истифодабарандагон ба китобхона расонидашуда;

– дар асоси шартномаи тарафайн ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муайян намудани шартҳои истифодабарии фондҳои китобхона;

– дар асоси «тарифҳои хизматрасонии китобхонаи МД ММПИ» муайян намудани номгўй ва нархномаи хизматрасонии муздноки китобхона;

– бо мақсади нигоҳдории ҳуҷҷатҳои фондҳои Китобхона сабтнамоии онҳо дар ҳомили электронӣ;

– тибқи қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба ташаккул, ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодабарии фондҳои Китобхона;

– дар амалисозии нақшаҳои ҷумҳуриявии рушди фаъолияти китобхонаҳо иштирок менамояд;

– меъёрҳои қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии қитобхонаро дар амал татбиқ намояд;

чорабиниҳои санитарию гигиенӣ, муқовабандӣ ва барқароркуниро ба анҷом мерасонад;

тавозуни муҳосибавӣ ва ҳисоботи солонаи хароҷоти молиявии фаъолияти китобхонаро тасдиқ менамояд.

Китобхона ҳуқуқ дорад мутобиқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ, курсҳои бозомузӣ ва такмили ихтисоси кормандони соҳаи китобдориро ташкил намояд.

Китобхона аз ҳуқуқу имтиёзҳое, ки ба фаъолияташ дахл доранд, мутобиқи қонунгузорӣ амалӣ менамояд.

Китобхона уҳдадор аст:

– доир ба фаъолияти Китобхона ҳисоботҳои семоҳа, нимсола, нуҳмоҳа ва солонаро ба Роҳбарияти МД ММПИ пешниҳод намояд;

– Қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ барои кормандони МД ММПИ, техникаи бехатарӣ, меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ ва талаботҳои бехатарии зиддисухторро риоя намояд;

– ҳисобу китоби муҳосибавии фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва дигар навъи фаъолияти Китобхонаро дар ин самт ба амал бароварда, ҳисоботи оморӣ ва муҳосибавӣ пешниҳод намояд;

– қоидаҳо ва низоми нигоҳдорӣ, истифодабарӣ ва муҳофизати биноҳо, таҷҳизотҳо ва дигар амволи дар ихтиёри Китобхона қарордоштаро муайян ва таъмин намояд;

– қоидаҳои дастрасии истифодабарандагон, тартиби муҳофизати амвол ва арзишҳои дар биноҳо ва иморатҳои дар уҳдаи Китобхона мавҷудбударо муқаррар ва таъмин намояд;

– тибқи реҷаи фаъолияти корӣ дар доираи уҳдадориҳои худ амал намояд;

– пуррагардонӣ, ҳифзу истифодаи хазинаҳои Китобхона, инчунин ҳисобу китоби махсус ва нигоҳдории нашрияҳою маҷмуаҳои ба радифи Китобона воридшударо таъмин намояд.

Китобхона дар шакли электронӣ тайёр кардани нусхаҳои ҳуҷҷатҳои зеринро ба амал мебарорад:

– ҳуҷҷатҳои куҳна, фарсудашуда, осебдида ва иллатдошта;

– ҳуҷҷатҳои танҳо аз як нусха иборатбуда ва ё нодир, дастхатҳое, ки ҳангоми истифода боиси аздастдиҳӣ, харобшавӣ ва ё комилан нобудшавии онҳо пеш меояд;

– ҳуҷҷатҳое, ки аҳамияти илмию таълимӣ доранд;

– ҳуҷҷатҳое, ки ба соҳаи пуррагардонии Китобхона мутобиқат менамоянд.

АМВОЛ ВА ВОСИТАҲОИ МОЛИЯВИИ КИТОБХОНА

-Амволи Китобхона аз инҳо иборат аст:

– амволе, ки барои пешбурди фаъолияти кори Китобхона пешбинӣ шудааст;

– амволе, ки аз ҳисоби воситаҳои молиявии махсуси Китобхона, аз ҷумла аз ҳисоби даромадҳое, ки аз фаъолияти дар Низомномаи мазкур пешбинигардида ба даст омадааст;

– дигар амвол ва воридоте, ки қонунгзорӣ иҷозат додаст.

Ҳуқуқ ба идораи амволи Китобхона дар он ҳолат қатъ карда мешавад, ки тартиби он дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар карда шудааст.

Моликияти Китобхона аз хазинаҳои асосӣ ва воситаҳои мубодилавӣ, ҳамчунин, сарватҳои дигар, ки арзиши онҳо дар тавозуни Китобхона акс меёбад, иборат аст.

Моликияти Китобхона давлатӣ буда, он дар асоси ҳуқуқи идораи амалӣ барои истифодабарӣ ба Китобхона дода мешавад.

Маблағҳои молии Китобхона аз ҳисобҳои зерин ташкил меёбанд:

– аз ҳисоби буҷаи давлатӣ;

– маблағҳои ҷудонамудаи МД ММПИ;

– маблағҳои аз ҳисоби хизматҳои пулакӣ воридшуда;

– даромадҳо барои хизматрасонӣ тибқи шартномаҳои бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ басташуда;

– хизматрасониҳои дигаре, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии ТоҶикистон мухолифат надоранд.

Китобхона уҳдадор аст, ки истифодаи самаранок ва ҳифзу нигоҳдории амволро таъмин намояд, инчунин ба вайроншавии ҳолати амвол (ба истиснои ҳолатҳои тибқи меъёрҳои муқарраршуда дар ҷараёни истифода фарсудашавӣ) роҳ надиҳад;

Китобхона оид ба уҳдадориҳои худ дар ҳаҷми воситаҳои молиявии дар ихтиёрдоштааш мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият дорад.

ИДОРАКУНИИ ФАЪОЛИЯТИ КИТОБХОНА

Идоракунии фаъолияти Китобхона тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ гардонида мешавад.

Роҳбарии Китобхонаро Директори Китобхона ба уҳда дорад, ки бо фармоиши Директори МД ММПИ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад. Роҳбарияти Китобхона аз Директор ва муовин иборат мебошад.

Муовини Директори КДПТ, мудирони шуъбаҳо ва кормандони Китобхона бо пешниҳоди Директори КДПТ ва бо фармоиши Директори МД ММПИ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Кормандони Китобхона бо мувофиқаи Директори Китобхона ва бо фармоиши Директори МД ММПИ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешаванд.

Фаъолияти ҷории Китобхонаро Директори он роҳбарӣ мекунад. Директор наметавонад ба фаъолияти дигар машғул шавад, вазифаи худро ба ҳайси ҳамкор иҷро намояд, ба истиснои фаъолияти эҷодӣ, илмию омўзгорӣ.

Ваколатҳои Директори Китобхона:

– аз номи Китобхона бидуни ваколатнома баромад мекунад;

– ба фаъолияти кории Китобхона роҳбарӣ карда, оид ба манфиатҳои он дар ҳамагуна корхонаҳо, идораҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва мақомоти давлатӣ намояндагӣ мекунад ва аз номи Китобхона шартномаҳоро ба имзо мерасонад;

– Ҷадвали штатӣ ва андозаи музди маоши кормандонро тасдиқ менамояд.

– вазифаҳоро дар байни кормандон тақсим менамояд;

– ба кормандони Китобхона тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ ва интизомиро муайян намуда ба Директори МД ММПИ барои чораҷўӣ пешниҳод менамояд;

– дастурамалҳо ва низомномаҳои воҳидҳои сохтории Китобхонаро тасдиқ намуда, фармоишҳо мебарорад ва супоришҳои барои кормандони Китобхона ҳатмибударо медиҳад;

– нақшаҳои кори солонаро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Директори МД ММПИ пешниҳод менамояд;

– нигоҳдории депозитарии ҳуҷҷатҳои ватанию хориҷии патентиро дар тамоми намудҳои барандаҳо ташкил менамояд;

– додугирифти байналхалқии ҳуҷҷатҳои патентӣ ва адабиётҳои гуногун бо созмонҳои байналхалқӣ, идораҳои патентии давлатҳои хориҷа ва китобхонаҳоро ба роҳ мемонад;

– тибқи фаъолиятҳои табъу нашр, иттилоотию рекламавӣ ва намоишӣ, ташкили конфронс ва семинарҳо, инчунин баланд бардоштани сатҳи ихтисоси кормандони китобхона ва мубодилаи таҷрибаҳоро оид ба масъалаҳои иттилооти патентӣ ва корҳои китобхонавӣ дар ҷумҳурӣ ва берун аз он ба роҳ мемонад;

– тибқи тартиби муқарраргардида ба истифодабарандагон ва кормандони Китобхона шароити заруриро фароҳам оварда, ҷиҳати ҳифзу нигоҳдорӣ ва истифодаи босамари захираҳои китобхона ва инчунин бино, иншооот, таҷҳизот ва дигар амволи Китобхона масъулият дорад;

– Ҷиҳати ҳалли вазифаҳои базиммадоштаи Китобхона комиссия ва гуруҳҳои корӣ таъсис дода, низомномаҳои онҳоро тасдиқ менамояд;

– маблағҳои Китобхонаро мувофиқи мақсадҳои низомномавӣ ихтиёрдорӣ менамояд;

– шаклҳои пардохти музди меҳнат, ҷадвали (рўйхати) штатӣ, андозаи маошҳои мансабӣ, низоми мукофотонӣ ва дигар ҳавасмандгардониҳоро дар мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон муайян менамояд;

– барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи Китобхона гузошташуда масъулияти шахсӣ дошта, кори онро ташкил ва роҳбарӣ менамояд;

– ваколатҳои дигарро мувофиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкур амалӣ менамояд.

Низоми мукофотонӣ ё дигар ҳавасмандгардониҳои фаъолияти Директор, муовини ў ва сармуҳосиб мисли дигар кормандон муайян карда мешавад.

Директор вобаста ба уҳдадориҳои ба зиммааш гузошташуда масъулияти шахсӣ дорад, аз ҷумла барои:

– натиҷа ва нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти Китобхона;

– вайрон кардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– иҷрои супоришҳои роҳбарият;

– истифодаи ғайримақсадноки воситаҳои молиявии Китобхона;

– ташкил ва татбиқи тадбирҳо вобаста ба ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ.

Дар сурати ҳозир набудани Директор иҷрои вазифаҳои ў муваққатан ба зиммаи Муовини Директор вогузор мегардад.

Муовини Директор:

– муовин ба ғайр аз иҷрои вазифаҳои мустақими худ, инчунин дар мувофиқа бо Директори Китобхона дигар ваколатҳои иловагиро низ ба зимма дорад;

– дар таҳияи барномаҳо дар соҳаи китобдорӣ ва библиографӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои дахлдори инкишофи фаъолияти Китобхона иштирок менамояд;

– Китобхонаро дар назди мақомоти давлатӣ, ҳамчунин ташкилотҳои байналмиллалӣ ва ҷамъиятӣ намояндагӣ мекунад;

– дар ҳалли масъалаҳои вобаста ба такмили фаъолияти китобдорию библиографӣ, илмию методӣ ва ташкилию идории Китобхона иштирок менамояд;

Барои муҳокимаи масъалаҳои истеҳсолӣ, хоҷагӣ, иҷтимоӣ ва илмӣ дар назди директори Китобхона Шўрои-илмӣ амал менамояд. Низомномаи Шўрои мазкур аз тарафи Директори МД ММПИ тасдиқ карда мешавад.

Директори МД ММПИ дар доираи салоҳияти худ метавонад дигар шаклҳои шўроҳо ва коммисияҳоро дар Китобхона бо пешниҳоди Директори Китобхона таъсис диҳад, ки қарорҳои қабулкардаи онҳо хусусияти тавсиявӣ доранд.

Уҳдадориҳои вазифавии сардор ва дигар кормандони шуъбаҳоро дастурамали вазифавии тасдиқшуда муайян менамояд.

МАСЪУЛИЯТИ КИТОБХОНА AЗ  РЎЙИ УҲДАДОРИҲО

Масъулияти Китобхона аз рўйи ухдадориҳо тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА НИЗОМНОМАИ КИТОБХОНА

Директори Китобхона метавонад ба Роҳбарияти МД ММПИ тибқи тартиби муқаррарнамуда оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Китобхона пешниҳодот манзур намояд.

Тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Китобхона аз тарафи МД ММПИ ворид карда мешавад.

АЗНАВТАШКИЛКУНӢ ВА БАРҲАМДИҲӢ

Азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии Китобхона бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Ҳангоми барҳамдиҳии Китобхона ҳуҷҷатҳои ба таври доимӣ муҳофизатшавандаи дорои аҳамияти илмию таърихӣ ҷиҳати ҳифзу нигоҳдорӣ ба хазинаҳои бойгониҳои давлатӣ супорида мешаванд.

Ҳуҷҷатҳо оид ба ҳайати шахсии Китобхона (фармоишҳо ва варақаҳои баҳисобгирӣ, суратҳисобҳои шахсӣ ва ғайра) ҷиҳати нигоҳдорӣ ба ихтиёри хазинаи бойгонии маҳаллии Китобхона вогузор карда мешаванд.

Пештара
Баъди