Месяц: Январь 2022

ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон Ҳафтаи забонҳои Аврупо ҷамъбаст гардид

Дар партави Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ 22 декабр дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Омӯзиши забонҳои хориҷӣ-тақозои замон» ҷамъбасти Ҳафтаи забонҳои Аврупо дар сатҳи баланд баргузор гардид, хабар доданд аз Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар». Ректори донишкада Жило Гулназарзода аз ташаббусҳои […]
Идома...

Дастаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар олимпиадаи умумирусиягӣ соҳиби ҷои ифтихорӣ гардид

20 декабр ректори Донишгоҳи давлатии  Хоруғ, профессор Гулзорхон Юсуфзода зимни машварати ректорат ба донишҷӯёни факултети забонҳои хориҷӣ, ки ғолиби даври II озмуни «Чун афсона бигӯ ва ҳам бо қалам тасвир кун» дар Олимпиадаи умумирусиягии фосилавии донишҷӯён (бо иштироки байналмилалӣ) «Педагогика: амалияи самараноки таълим» гардиданд,  диплом ва сертификатҳо тақдим намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод […]
Идома...

Ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

21 декабри соли 2021 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар толор раёсат ва аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси […]
Идома...

ДИРЕКТОРИ ИНСТИТУТИ АСТРОФИЗИКАИ АМИТ ГУЛЧЕҲРА ҚОҲИРОВА СОҲИБИ МУКОФОТИ «СИТОРАИ ИТТИҲОД» ГАРДИД. Маросими ботантанаи ҷоизасупорӣ ба лауреатҳо пагоҳ дар Москва барпо мешавад

Пагоҳ, 21 декабр, соати 15.00 (бо вақти Москва) дар толори калони Хонаи Пашкови шаҳри Москва маросими ботантанаи супурдани мукофотҳо ба лауреатҳои мукофотҳои «Ситораи Иттиҳод» ва «Иттиҳоди дебютӣ» баргузор мегардад. Ҳарду ҷоиза аз ҷониби Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстона ва Шӯрои ҳамкории башардӯстонаи ИДМ таъсис дода шудаанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази  матбуоти Кумитаи […]
Идома...

«ДУШАНБЕ – ПОЙТАХТИ ФАРҲАНГИИ ИДМ-2021». Пагоҳ маросими расмии натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешидашуда доир мегардад

Пагоҳ, 18 декабр, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешидашуда дар доираи Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор мешавад, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар». Дар маросими расмии пӯшидашавии «Душанбе – […]
Идома...

Маркази миллии тестӣ дар 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишӣ доир намуд

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  давоми моҳҳои октябр-декабри соли равон дар 63 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ имтиҳонҳои озмоишии тарҳи нави маҷмӯи фанҳои имтиҳонии низоми ИМД-ро миёни хатмкунандагон синфҳои 11-уми муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ баргузор намуд,  иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз  хадамоти матбуоти Маркази миллии […]
Идома...

Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид

Имрӯз дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Дар он ғолибони номинаҳо муайян гардида, ба ғолибони ҷойи аввал маблағи 35000 сомонӣ, ҷойи дуюм 25000 ва ҷойи сеюм 20000 сомонӣ, диплом ва  туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои […]
Идома...

Пагоҳ ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2021 муайян мегарданд

Пагоҳ дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими тантанавии ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар он гирандаи Шоҳҷоизаи озмун ва ғолибони номинаҳо муайян гардида, бо туҳфаҳои Кумитаи тадорукот, диплому ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ мешаванд. Дар ин бора […]
Идома...