Руҷўъи таърихии КДПТ

Китобхона соли 1965 ташкил шудааст. Аввалин бор, бо Қарори  Комитети давлатии Шўрои вазирони ҶСС Тоҷикистон дар бораи мутобиқкунонии (координатсияи) корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таҳти № 22 аз 06.05.65с., Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-техникӣ (КҶИТ) номида шуд. То ин вақт, аз соли 1958 то соли 1965, китобхона ҳамчун китобхонаи марказии илмӣ-техникии Совнархоз вуҷуд дошт. Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-техникӣ дар доираи фаъолияташ ҳамчун китобхонаи бисёрсоҳавӣ ва ҳамчун маркази методӣ-библиографӣ барои китобхонаҳои илмӣ-техникӣ инкишоф ёфтааст. Дар аввал китобхона дар ҷои на он қадар мусоид ташкил ёфта дорои  як утоқи на он қадар калонро иборат буд. Дар ин утоқ ҳам хазинаи китобҳо ҷойгир шуда буданду  ҳам кормандон. Аввалин маротиба теъдоди адабиётҳои китобхона 4500 нусха китобро ташкил медод. Аз соли 1967 оғоз намуда китобхона бо ҳуҷҷатҳои патентӣ ва феҳристҳои саноатӣ, аз соли 1969 бошад бо ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ мукаммал гардонида мешавад. Мавзӯи адабиётҳое, ки бо онҳо китобхона мукаммал гардонида мешуд, ба соҳаҳои асосии саноати Тоҷикистон: мошинсозӣ, энергетика, хоҷагии қишлоқ, саноати кимиёвӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо мувофиқат мекард. Китобхона хазинаи худро бо адабиёти ватанӣ ва хориҷӣ, илмӣ, техникӣ, иқтисодӣ ҷамъиятӣ-сиёсӣ, нашриётҳои маълумотӣ ва библиографӣ, варақаҳои иттилоотӣ, ҳуҷҷатҳои патентӣ ва меъёрӣ, феҳристҳои саноатӣ мукаммал мегардонад. Масъалаҳои асосие, ки ҳайати кормандони китобхона дар солҳои аввали оғози фаъолият баррасӣ менамуданд ин  беосеб нигоҳ доштани хазина, пуррагардонии хазинаи китобҳо ва тарғиби китобу китобдорӣ буд.

Дар ташкили КҶИТ роҳбарони аввалини он, ки ташкилкунандаҳои боистеъдод ва ба кори худ вафодор буданд, саҳми арзанда гузоштаанд. Инҳо Хмырова С. М., ки дар солҳои 1962-1967 ба китобхона роҳбарӣ мекард; Боровская Е. М. – 1968-1976 с.с.; Масаидова С. Д. – 1976-1996 с.с.; мебошанд. Дар солҳои роҳбарии Масаидова С. Д. фаъолияти китобхона ба нишондиҳандаҳое расид, ки имконияти ба шумораи китобхонаҳое, ки аз рӯи музди меҳнат ба категорияи якум дохил мешаванд, ҳамроҳ шавад. Дар соли 1969 штати китобхона ҳамагӣ 22 нафарро ташкил медод, баъд аз он штат зиёд карда шуд, вале барои барпокунии шӯъбаҳои зарурӣ ҷой набуд.

Соли 1970 сохтмони иморати нави донишкадаи иттилооти илмӣ-техникӣ оғоз шуд, ки як қисми он барои китобхона дар назар дошта шуда буд. Дар соли 1976 китобхона ба иморати нави ҳозиразамон гузашт. Бо гузариш ба иморати нав сохтори китобхона низ дигаргун шуд. Шӯъбаҳои нав барпо карда шуданд: мукаммалот, ташкили феҳристҳо ва коркарди илмии онҳо, нигоҳдории хазинаҳо, хизматрасонӣ ба хонандагон, ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ ва феҳристҳои саноатӣ, коркарди хазинаҳои патентӣ, кори иттилоотӣ бо ҳуҷҷатҳои патентӣ, хизматрасонии маълумотӣ-иттилоотӣ, адабиёти хориҷӣ, ва автоматикунонии рафти кори китобхона.

Бо китобхона гуфтан ин на танҳо  китобҳо, дар навбати аввал он кормандоне, ки онҳоро ҷамъ меоваранд, эҳтиёт ва ҳифз  менамоянд, бо ҷидду ҷаҳд ва меҳнати софдилона бо коркард ва системакунонии хазинаи тиллоӣ ва пешниҳоди он ба хонанда  мебошанд. Хусусан кормандонеро, номбар бояд намуд, ки солҳои тулонӣ дар китобхона кору фаъолият намуданд, ба китобхона вафодор буданд ва ин ганҷи бебаҳо хазинаи пурқимматро то ба имрўз барои фардои дурахшони Тоҷикистони азиз оварда расониданд, қайд кардан бамаврид аст. Инҳо Андреева Н. Н., Шерле Э. О., Селиверстова Н. А., Њакимова А. И., Кузнетсов В.А., Њалимова М.Х., Раҳимова Л.Б., Саидмурадова Л.Р.,   Содиқова Н.А., Боев Б.У. ва дигарон мебошанд.

Бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 майи соли 1993 таҳти № 242 Китобхонаи ҷумҳуриявии илмӣ-техникӣ ба Китобхонаи  давлатии патентию техникӣ (КДПТ) табдил дода шуда ба сохтори Маркази миллии патенту иттилооти (ММПИ) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуд. Моҳи майи соли 2015 КДПТ 50-солагии худро қайд намуд. Айни замон КДПТ ба рушди соҳаи китобу китобдорӣ, соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ ва  фаъолияти патентӣ-иттилоотӣ саҳми арзандаи худро мегузорад. Масъалаи асосӣ ва муҳими КДПТ ин таъмини бо сифати хизматрасонии китобхонавӣ ва иттилоотӣ буда иҷроиши оҷилонаи  талаботҳои истифодабарандагон ва хонандагон мебошад. Дарҳои КДПТ ҳамеша ба рўи тамоми табақаи мардуми шарифи Тоҷикистон кушода аст. Марҳамат ба даргоҳи илму маърифат ва ганҷи пурасрори миллати тоҷик.

Пештара
Баъди