Санаи 26-уми июни соли равон дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинии тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва кормандони муассиса, ва инчунин сардори Шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Давлатзода Сорбон баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии директори муассиса муҳтарам Мирзо Исмоилзода оғоз гардида, ҳозирин ва кулли мардуми шарафманди кишварро бо ин ҷашни муқаддас ва тақдирсози миллати тоҷик табрику таҳният намуда, дар бораи саҳми Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу осоиш дар қаламрави Тоҷикистон суханронӣ намуданд.
Ҳамзамон қайд карда шуд, ки Ваҳдати миллӣ яке аз рукнҳои муҳими давлатдории муосир ва шарти асосии таъмини субот ва рушди устувори кишварҳо ба шумор меравад. Барқарорсозии сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузурги миллати тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Сипас, Давлатзода Сорбон ва корманди муассиса вобаста ба ҷашни Ваҳдати миллӣ бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар ҷаласа як қатор кормандони муассиса – фаъолони ҳизб бо сипосномаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур қадрдонӣ қарда шуданд.
Дар фарҷом, филми мустанад дар бораи Ваҳдати миллӣ ва саҳму ҷоннисории Пешвои миллат барои ба даст овардани он аз ҷониби Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” баҳри ҳозирин намоиш дода шуд.