Ташрифи донишҷӯён ба китобхона

Санаи 18-уми декабр 29 нафар  донишҷӯён аз Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур ба Китобхонаи давлатии патентию техникӣ ташриф оварда, бо фаъолияти китобхона, аз наздик шинос гардиданд. Сараввал муовини директори КДПТ Сидиқов М. бо донишҷӯён дар толори хониши китобхона вохӯрдӣ намуда, оид ба хазинаи китобхона, шуъбаҳои он, қоидаҳои   истифодабарӣ аз фонди китобхона  истода гузашта, ба саволҳои донишҷӯён ҷавоб гардониданд. Баъдан ҳайати ташрифовардагон аз шуъбаҳои китобхона дидан намуда, аъзои китобхона гардиданд.

Шуъбаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентии КДПТ

 

Пештара

Leave A Comment