Санаи 17-уми ноябри соли 2023 дар толори Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (МД ММПИ), бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ Конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Риояи ҳуқуқҳои муаллиф дар раванди рақамикунонии китобхонаҳо» баргузор гардид. Дар кори Конфронс роҳбарон ва намояндагони китобхонаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Конфронсро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори МД ММПИ – Раҷабзода Парвиз Абдураҳим оғоз ҳусни оғоз бахшида, ба ҳозирин барои иштирок дар чорабинии имрӯза арзи сипос намуд. Қайд карда шуд, ки ташкил ва баргузор намудани ингуна чорабиниҳо ин пеш аз ҳама ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» равона гардидааст.
Имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро рушди зудтағйирёбандаи муҳити инноватсионӣ фаро гирифтааст, ки он бо суръати кайҳонӣ пеш меравад. Аз ин рӯ, ҳаёти имрӯзаи одамон бо истифодаи мақсадноку босамари технологияи рақамӣ ва рақамикунонӣ дар соҳаи истеҳсолот, тиҷорат ва хизматрасонӣ муҳимтарин омили рушди устувори иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва инноватсионии мамлакат дониста мешавад. Дар ин росто Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи рушди иқтисодиёти рақамӣ қарор дошта, он барои рушди иқтисоди миллӣ ва расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат бениҳоят муҳим арзёбӣ мегардад. Зеро дар ин марҳилаи тараққиёт иттилоот ба омили асосии рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва технологии давлатҳо табдил ёфта, меҳвари асосии онро истифодаи зеҳни сунъӣ ташкил медиҳад».
Бояд ёдовар шуд, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд корҳои назаррас дар мамлакат ҷиҳати рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ, тиҷорати рақамӣ ва содагардонии расмиёти тиҷорат анҷом дода шудаанд. Консепсия ва Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025 ва ҳамзамон санади ба ин маќсадҳо мусоидаткунанда: «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва дигар санадҳои дахлдорро номбар кардан мумкин аст.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2017 таъкид шудааст, ки «…сармояи инсонӣ ҳамчун муҳаррики пуриқтидор ба пешрафти инноватсия ва технологияҳои нав мусоидат менамояд ва бинобар ин, илми муосири ватанӣ бояд ҷавононро бештар ба илмомӯзӣ, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ва таҳқиқи масъалаҳои иқтисоди рақамӣ ҷалб намояд».
Дар шароити кунунӣ, ки ҳама гуна иттилоъ мавқеъ ва қимати хосро дорост, мутахассисони соҳаҳои гуногун истифода аз техникаю технологияи электрониро ҷиҳати расидан ба ҳадаф хеле муҳим мешуморанд. Техникаи муосир имкон медиҳад, ки коркарди босифати иттилоъ бо суръати баланд анҷом ёфта, ба ин васила муштариён ба ахбори лозим дар кӯтоҳ муддат даст ёбанд. Табиист, ки Китобхона чун маркази муҳими иттилоотрасонӣ аз ин раванд наметавонад дар канор бошад, пас он ҳадафу самтҳои фаъолияташро бо талаботи ҷомеаи иттилоотӣ созгор менамояд. Гузариш аз шеваҳои анъанавии иттилоотрасонӣ ба усулҳои муосири автоматикунонии фаъолият барои Китобхона ногузир аст. Алалхусус, баробари китобҳои чопӣ арзи вуҷуд кардани Китобхонаи электронӣ тағйироти куллӣ дар самти хидматрасонӣ ба хонанда ворид намуд.
Китобхонаи электронӣ навъи низоми дастёбӣ ба иттилоот аст, ки ба беҳбуди хизматрасонӣ дар ин самт мусоидат намуда, он дар канори китобхонаи анъанавӣ ба раванди хониш ва хадамоти китобдорӣ таъсири мусбӣ мерасонад. Китобхонаи электронӣ новобаста аз вақту реҷаи корӣ хизматрасонии доимиро ба муштариён таъмин ва аз хазинаи Китобхонаҳои дигар иттилоот дастрас менамояд, сарфи назар аз макони истиқомат ва ҷои кори истифодабаранда мухторияти макони нигаҳдории нашрияҳоро таъмин месозад.
Бинобар ин, дар раванди рушди раќамикунонии китобхонаҳо бояд ҳатман ҳуќуќҳои муллиф риоя гарданд. Ҳуќуќи муаллиф ва ҳуќуќҳои вобаста он, ки яке аз объектҳои моликияти зеҳнӣ ба ҳисоб меравад, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ин масъала дар Моддаи 1251 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусиятҳои масъулият барои риоя накардани ҳуқуқҳо ба моликияти зеҳнӣ дар шабакаи иттилоотию телекоммуникатсионро пешбинӣ менамояд.
Дар ҷараёни конфронс инчунин директори КДПТ МД ММПИ – Холиқов Тоҳир Халилович вобаста ба масъалаи риояи ҳуқуқҳои муаллиф дар раванди рақамикунии китобхонаҳо қайд намуд, ки зарурияти дар амал татбиқ намудани масъалаи мазкур дар ҳамаи китобхонаҳои ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.
Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби иштирокчиён доир ба мавзӯи Конфронс маърӯзаҳо ироа гардиданд.
Дар фарҷоми ҷорабинӣ, маърӯзачиён масъалаи мазкурро муҳокима намуда, онро қобили қабул ва саривақтӣ шумориданд. Инчунин, шумораи сеюми маҷалаи “Нерӯи хирад” дар баробари дигар маводҳои кори конфронс, ба ҳайати иштирокдорон тақдим гардид.