Низомномаи шуъбаи нигоҳдории хазинаҳои КДПТ

Муқарарроти умумӣ

1. Шуъбаи нигоҳдории хазинаҳо (минбаъд – шуъба) ҷузъи таркибии сохтори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии  патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КДПТ) мебошад;
2. Шуъба ташкили нигоҳдории хазинаи миллӣ ва соҳавӣ, корҳои китобхонавӣ ва хизматрасонии маълумотию иттилоотиро ба мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаҳои гуногун ва соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ сару кор доранд, таъмин менамояд;
3. Шуъба дар ихтиёри худ муҳр бо навиштаи «Шуъбаи нигоҳдории хазинаҳои КДПТ ММПИ» -ро доро мебошад;
4. Дар асоси самтҳои фаъолияти худ шуъба тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии зерин кору фаъолият менамояд:
-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва

ҳуқуқҳои вобаста ба он»;

-Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ;

– Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Созишнома ва санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ ва ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, ки ба онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзо мебошад;

– Оиннома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (минбаъд – МД ММПИ);

– Низомнома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ

– Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва методӣ ки дар зиммаи фаъолияташ гузошта шудааст.

5. Шуъба фаъолияти худро дар асоси нақшаи солона, ки аз рўйи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааст, ба роҳ мемонад ва пешбурди кори худро бо дигар шуъбаҳои КДПТ ба танзим дароварда мутобиқ менамояд.

Самтҳои асосӣ ва фаъолияти шуъба

6.Самтҳои асосӣ ва фаъолияти шуъба аз инҳо иборат мебошад:

– аз шуъбаи муккамалот ва коркарди хазинаҳо, қабул намудани воридоти нави хуҷҷатҳои патентӣ, адабиётҳои илмӣ – техникӣ, хуҷҷатхои меъёрию – техникӣ ва феҳристҳои саноатӣ, матбуоти даврӣ ва варақаҳои иттилоотӣ;

– оҷилӣ иҷро намудани фармоиш ва дархостҳои иттилоотии истифодабарандагони абонементӣ, толори хониш, намоишгоҳҳои гуногун ва чорабиниҳои алоҳида;

– қабули адабиёт ва хуҷҷатҳо пас аз истифодаи онҳо аз хонандагон, аз рўйи манбаҳои додашуда ва ҳисоби ҳаррўзаи варақаҳои фармоишии хонандагон бо шуъбаи хизматрасонӣ;

– ташкили дастгоҳи маълумотии шуъба, феҳристи (картотекаи) қайди маҷаллаҳои патентӣ ва илмӣ;

– техникии ба шуъбаи нигохдории хазинаҳо ворид шуда, картотекаи адабиётҳои ба абонемент ва чорабиниҳои патентию илмӣ – техникӣ додашуда;

– ҷобаҷогузории хазина аз тартиби дурусти ҷобаҷо гузоштани адабиётҳо дар рафҳои китобмонӣ иборат буда, гузаронидани ҷустуҷўи оҷилӣ ва пешниҳоди маълумот ба фармоиш ва дархостҳои абонемент ва хонандагонро таъмин мекунад;

– тавсифи ихтироот ба шаҳодатномаҳои муаллифӣ ва патентӣ аз рўйи давлатҳо, индексҳои Синфбандии байналхалқии патентӣ (СБП) ва рақами тартибӣ ҷобаҷо гузошта мешаванд;

– тавсифи ихтироот дар бастаҳо бо нишондоди индексҳои синфбандии патентӣ нигоҳ дошта мешавад;

– иттилооти патентӣ дар варақаҳо, нигоҳдорандаҳои хурди пленкагӣ, (микрофилмҳо ва микрофишаҳо), гирдаҳои оптикӣ (CD-Rom, CD-R, CD-RW, DVD-Rom) ва дискетаҳо нигоҳ дошта мешаванд, ки дар бастаҳо, қуттиҳои чўбину оҳанин бо номи давлат, ва тартиби болоравии рақамҳои тартибии ҳуҷҷатҳо нигоҳ дошта мешаванд;

– хазинаи адабиётҳо бо тартиби рақамҳои инвентарӣ, хазинаи матбуоти даврӣ бо тартиби санаи алифбоӣ; ҳуҷҷатҳои меъёриву – техникӣ дар хазина бо дараҷаҳои ҳуҷҷатҳои илмӣ – техникӣ (ҲИТ), дар ҳудуди хар як дараҷа бо индексҳо ва рақамҳои қайди ҷобаҷо гузошта мешаванд.

– феҳристҳои саноатие, ки намуди қоғазӣ доранд, дар бастаҳои махсус нигоҳ дошта мешаванд;

– тафтиши дурусти ҷобаҷогузории систематикии хазинаи патентӣ, хазинаи адабиёти илмию – техникӣ, матбуоти даврию нашрӣ ва хазинаи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ – техникӣ ва феҳристҳои саноатӣ;

– таъмини беосеби хазина ва бо ҳамин мақсад ҳар моҳ дар шуъба рўзи санитарӣ гузаронида шуда, адабиёту ҳуҷҷатҳо ва рафҳои китобмониро аз гарду чанг (бо латаи намнок) ва фарши шуъбаро бо чанкгашак тоза карда мешавад, фазои шуъба бо рўшнои таъмин карда шуда, талаботҳои зидди сўхор аз ҷониби кормандони шуъба қатъиян риоя карда мешаванд;

-саривақт корҳои безараргардонии зиддиинфексия ва дигар чораҳои ҳимоя аз ҳашарот ва зараррасонҳо дида мешавад.

Ваколатҳои шуъба

7. Хуҷҷатҳои меъёриву методӣ, ки ба фаъолияти шуъба тааллуқ дорад коркард карда барояд.
8. Барои рушду нумў ва фаъолияти шуъба ба роҳбарияти КДПТ пешниҳодҳо намояд.
9. Дар кори конфронсу семинар – машваратҳо ва чорабиниҳои фарҳангиву мадании аз тарафи маъмурияти КДПТ ва МД ММПИ баргузоршаванда саҳми худро гузорад ва иштирок намояд.
10. Дар асоси «Низомномаи Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Марказии миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» хизматҳои пулакиро ба роҳ монда иҷро намояд.

Ташкил ва фаъолияти шуъба

11. Сохтор ва штати  шуъба дар асоси вазифаҳои дар Низомномаи мазкур нишондодашуда коркард карда мешавад.
12. Шуъбаро мудири шуъба роҳбарӣ менамояд.
13. Мудири шуъба бо пешниҳоди Директори Китобхона ва бо фармоиши Директори МД ММПИ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
14. Мудири шуъба кори шуъбаро ташкил намуда, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда ҷавобгар мебошад;
15. Корҳои молиявӣ оиди пуррагардонӣ, муккамалот, ташкили нигоҳдорӣ ва истифодаи хазинаи шуъба дар сметаи (харҷномаи) умумии сарфаи маблағҳо оиди нигаҳдошти хазинаи китобхона ба нақша гирифта мешавад;
16. Штати шуъба аз вазифаҳои зерин иборат мебошанд: китобдори дараҷаи якум, китобдори пешбурд, саркитобдор, мудири шуъба. Миқдори штати шуъба дар асоси сметаи умумии сарфаи маблағҳо оиди нигаҳдошти хазинаи китобхона ба нақша гирифта мешавад.

Ҳуқуқ ва уҳдадории мудири шуъба

17. Мудири шуъба кори шуьбаро роҳбарӣ намуда, иҷрои супориш ва вазифаҳои ба зиммаи шуъба бударо таъмин менамояд.
18. Аз тарафи кормандон риоя кардани интизоми меҳнат ва истеҳсолот муҳофизати меҳнатро назорат мекунад.
19. Тартиб додани нақшаи кори шуъба, ташкил ва пешниҳоди ҳисобот, баҳисобгирии кори шуъба, иҷроиши нақшаҳои моҳона, семоҳа, нимсола, нўҳмоҳа ва солонаро таъмин менамояд.
20. Беосеб нигоҳдории хазинаро ба уҳда дорад.
21. Ба истифодабарии дуруст, ҳифзи молу ашёи шуъба, риояи қоидаҳои бехатарии зиддисўхторӣ ва техникаи бехатарӣ дар якҷоягӣ бо кормандони шуъба ҷавобгар мебошад;
22. Дар сурати ҳозир набудани мудири шуъба, дар шуъба иҷрои вазифаҳои ў муваққатан ба зиммаи саркитобдори шуъба вогузор мегардад.
Пештара
Баъди