Низомномаи шуъбаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентии КДПТ

Муқарарроти умумӣ

  1. Шуъбаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентӣ (минбаъд – Шуъба) ҷузъи таркибии сохтори Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КДПТ) мебошад.
  2. Шуъба ташкили нигоҳдории хазинаи соҳавӣ, корҳои китобхонавӣ ва хизматрасонии патентию иттилоотиро ба мутахассисони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ сару кор доранд, таъмин менамояд.
  3. Тарғиби хазинаи миллии патентиро ба роҳ мемонад.
  4. Шуъба дар ихтиёри худ муҳр бо навиштаи «Шуъбаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентии КДПТ ММПИ» -ро дорад.
  5. Дар асоси самтҳои фаъолияти худ шуъба тибқи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқии зерин кору фаъолият менамояд:
-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва

ҳуқуқҳои вобаста ба он»;

-Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ;

– Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

– Созишнома ва санадҳои байналмилалӣ дар соҳаи фаъолияти китобдорӣ ва ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардидааст;

– Оиннома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» (минбаъд-МД ММПИ);

– Низомнома ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Китобхонаи давлатии патентию техникии МД ММПИ;

– Ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва методӣ, ки дар зиммаи фаъолияташ гузошта шудааст.

  1. Шуъба фаъолияти худро дар асоси нақшаи солона, ки аз рўи тартиби муқарраргардида тасдиқ карда шудааcт ба роҳ мемонад ва пешбурди кори худро бо дигар шуъбаҳои КДПТ ба танзим дароварда мутобиқ менамояд.

Самтҳои асосӣ ва фаъолияти шуъба

  1. Пуррагардонии хазинаи миллии патентӣ, ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, илмию методӣ ва адабиёти фармоишӣ.
  2. Омода намудани маъхази маълумотӣ – ҷустуҷўии электронӣ ба хазинаҳо.
  3. Ташкили хизматрасонии китобхонавӣ ва патентию иттилоотӣ.
  4. Тарғиби хазинаи патентӣ бо роҳи методӣ ва кўмаки амалӣ ба сохторҳои вазорату идораҳо, муассисаву ташкилотҳо.
  5. Ҷорӣ намудани системаи автоматикунонии иттилоотӣ – китобхонавӣ.

Уҳдадориҳои шуъба

  1. Пуррагардонии хазинаи ҳуҷҷатҳои патентӣ, меъёриву ҳуқуқӣ, илмӣ – методӣ ва адабиёти фармоишӣ дар асоси ба даст овардани нусхаҳои ҳатмӣ аз МД ММПИ, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), Идораи патентии европоӣ (ИПЕ), Идораи патентии авруосиёгӣ (ИПАО), додугирифти байналмилалӣ бо идораҳои патентии давлатҳои хориҷа, харидорӣ намудан аз мағозаҳои шаҳри Душанбе ва қабули адабиёту ҳуҷҷатҳое, ки ҳамчун тўҳфа ба хазинаи шуъба супорида шудаанд.
  2. Қабул, баҳисобгирӣ, ҷобаҷогузорӣ ва нигоҳдории адабиётҳои фармоишӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои батанзимдарорандаи амалкунанда.
  3. Таҳлили низомнокӣ ва истифодабарии хазинаи ҳуҷҷатҳои патентӣ, меъёриву ҳуқуқӣ, илмӣ – методӣ ва адабиёти фармоишӣ.
  4. Таъмини ҳолати беосеби нигоҳдории хазинаҳо.
  5. Истифодабарӣ ва таъмини низоми автоматикунонии китобхонавӣ – иттилоотӣ бо пешбурди феҳристи электронӣ дар хазинаи шуъба.
  6. Ба мутахассисони соҳаи ҳифзи объектхои моликияти саноатӣ расонидани хизмати китобхонавӣ ва патентию иттилоотӣ.
  7. Омода намудани намоишгоҳи мавзўии ҳуҷҷатҳои патентӣ.
  8. Пешниҳоди маслиҳатҳо оид ба саволҳо доир ба хазинаи миллии патентӣ (ХМП).
  9. Гузаронидани ҷустуҷўҳои патентии мавзўи дар ХМП, хазинаи иттилоотӣ давлатҳои хориҷа, маъхази маълумотии «Рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ» тавассути маъхазҳои итттилоотӣ аз он ҷумла, сомонаҳои интернетии китобхонаҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ).
  10. Омўзиши собиқа, малакаи кории шуъбаҳои иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентии китобхонаҳои патентӣ ва идораҳои патентии давлатҳои хориҷа ва дар кори рузмарраи шуъба истифода намудани он.

Ваколатҳои шуъба

  1. Ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти шуъба таалуқ доранд, кор карда барояд ва барои рушду нумў ва фаъолияти шуъба ба роҳбарияти КДПТ пешниҳодҳо намояд.
  2. Дар кори конфронсу семинар-машваратҳои аз ҷониби МД ММПИ, китобхонаҳои патентӣ ва дигар идораҳои патентии давлатҳои хориҷа баргузоршаванда саҳми худро гузорад ва иштирок намояд.
  3. Бо идораҳои патентии давлатҳои хориҷа ва ташкилотҳои байналмилалӣ оиди пуррагаргардонии шуъба мукотиба ва доду гирифт намояд.
  4. Дар асоси «Низомномаи Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Марказии миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон» хизматҳои пулакиро ба роҳ монда иҷро намояд.

Ташкил ва фаъолияти шуъба

  1. Сохтор ва штати шуъба дар асоси вазифаҳои дар Низомномаи мазкур нишондодашуда ташкил карда мешавад.
  2. Шуъбаро мудири шуъба роҳбарӣ менамояд.
  3. Мудири шуъба бо пешниҳоди Директори Китобхона ва бо фармоиши Директори МД ММПИ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
  4. Мудир кори шуъбаро ташкил намуда, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи шуъба гузошташуда ҷавобгар мебошад;
  5. Ба корҳои молиявӣ, оид ба пуррагардонӣ, мукаммалот, ташкили нигаҳдорӣ ва истифодаи хазинаи молу ашёи шуъба дар якҷоягӣ бо кормандони шуъба ҷавобгар мебошанд.
  6. Штати шуъба аз вазифаҳои зерин иборат мебошанд: муҳаррири дараҷаи якум, китобдори пешбурд, саркитобдор, мудири шуъба. Миқдори штати шуъба дар асоси сметаи умумии сарфаи маблағҳо оиди нигаҳдошти хазинаи китобхона ба нақша гирифта мешавад.

Ҳуқуқ ва уҳдадории мудири шуъба

  1. Мудири шуъба кори шуъбаро роҳбарӣ намуда, иҷрои супориш ва вазифаҳои ба зиммаи шуъба бударо таъмин менамояд.
  2. Аз тарафи кормандони шуъба риоя намудани пешбурди фаъолияти корӣ, интизоми меҳнат, техникаи бехатарӣ ва муҳофизати меҳнатро назорат мекунад.
  3. Тартиб додани нақшаи кори шуъба, пешниҳоди ҳисобот ва баҳисобгирӣ оиди кори шуъба, иҷроиши нақшаҳои моҳона, семоҳа, нимсола, нўҳмоҳа ва солонаро таъмин менамояд.
  4. Беосеб нигоҳдории хазина ва маъхази электронии КДПТ-ро шахсан ба уҳда дорад;
  5. Истифодабарии дуруст ва ҳифзи молу ашёи шуъба, таъмин намудани риояи қоидаҳои зиддисўхторӣ ва техникаи бехатариро аз кормандон талаб менамояд;
  6. Дар сурати ҳозир набудани мудири шуъба дар шуъба иҷрои вазифаҳои ў муваққатан ба зиммаи саркитобдори шуъба вогузор мегардад.
Пештара
Баъди