Пагоҳ, 20 август дар «Боғи Устод Рӯдакӣ»-и шаҳри Душанбе бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» зери унвони «Китоби Душанбе» намоиш-фурӯши бузурги китоб бо тахфифи 30 фоиз баргузор мегардад.
Дар ин бора аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.
Дар намоиш-фурӯш ноширони ватанӣ — муассисаҳои нашриявии «Адиб», «Ирфон», «Маориф», «Адабиёти бачагона», Сарредаксияи илмии «Энсиклопедияи миллии тоҷик», Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб», Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Истиқбол», ҶДММ «Нашриёти муосир», ҶДММ «Эр-граф», ҶДММ «Ношир», ҶДММ «Хуросон», ҶДММ «Меҳригиёҳ» китобҳои тозанашрро манзури сокинон ва меҳмонони пойтахт мегардонанд.