Имрӯз дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои роҳбарони дастгоҳи раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курси такмили ихтисос шурӯъ гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Академияи идоракунии давлатӣ.
Курси такмили ихтисос аз рӯи барномаи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ» доир гардид. Дар ифтитоҳи он ректори Академияи идоракунии давлатӣ Абдухалил Ғафурзода иброз дошт, ки “дар татбиқи ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз хизматчиёни давлатӣ масъулияти асосиро ба зимма доранд. Имрӯз хизмати давлатӣ бояд, пеш аз ҳама, миёни давлат ва ҷомеа нақши ҳалқаи васлкунанда бозида, барои татбиқи манфиатҳои миллӣ, фаъолияти судманди мақомоти давлатӣ ва боло бурдани имиҷи мақомоти давлатӣ мусоидат намояд. Дар ин ҷода такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ масъалаи муҳим ба шумор меравад. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ, баланд бардоштани савияи дониши хизматчиёни давлатӣ ва тақвият бахшидани саҳми онҳо дар самаранокии идоракунии давлатӣ пайваста тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд”.
Шунавандагони курси мазкур тавассути дарёфти иттилои ҷадид ва муфид вобаста ба ташаккули соҳа, инчунин тавассути мубодилаи таҷрибаи ҳамдигар минбаъд дар фаъолияти корӣ ба пешрафтҳои тоза ноил гардида, инчунин ба мутахассисони ҷавон дониш меомӯзонанд.
Муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ доир намудани курси мазкурро бо иштироки роҳбарони дастгоҳи раисони ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ басо саривақтӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки минбаъд баҳри рушди фаъолияти онҳо мусоидат хоҳад кард.
Курси зикршуда 5 рӯз идома ёфта, барои шунавандагони курс тибқи барномаи таълимӣ вобаста ба Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, низоми мақомоти идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии стресс дар раванди идоракунӣ, шарҳи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», сарварӣ дар низоми идоракунӣ, хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, техникаи таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар мақомоти давлатӣ, коргузорӣ ва ҳуҷҷатнигорӣ дар мақомоти давлатӣ, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар коргузории мақомоти давлатӣ, одоби муоширати расмӣ, сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат бо коррупсия: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ, шарҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», риояи аломатҳои китобат дар матни коргузорӣ, нақши хизматчии давлатӣ пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва амсоли ин машғулият гузаронида мешаванд.
Дар анҷоми курс баргузории ҳамоиш дар мавзӯи «Татбиқи қонунгузории хизмати давлатӣ дар мақомоти давлатӣ» пешбинӣ гардидааст.
Ба шунавандагони курс пас аз гузаронидани суҳбат-санҷиш гувоҳнома дода мешавад.
АКС: Академияи идоракунии давлатӣ