Пагоҳ, 18 декабр, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маросими расмии натиҷагирӣ аз тадбирҳои андешидашуда дар доираи Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе дар соли 2021 баргузор мешавад, хабар доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Дар маросими расмии пӯшидашавии «Душанбе – пойтахти фарҳангии ИДМ-2021» барномаи фарҳангӣ ва фароғатӣ бо иштироки аҳли санъату ҳунар аз кишварҳои узви ИДМ дар назар дошта шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дар доираи соли «Пойтахти фарҳангии Иттиҳод» аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе якчанд барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ ва оммавӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, аз 6 то 10 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии эҷодиёти кӯдакону наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — «Шукуфаҳои пойтахт» бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид, ки ҳадаф аз баргузории он омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва тамаддуни ҳамдигарӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас мебошад.
Инчунин, дар доираи эълони «Душанбе – пойтахти фарҳангии ИДМ-2021» 22 марти соли равон Форуми II байналмилалӣ таҳти унвони «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» доир шуд, ки дар он бо иштироки намояндагони ИДМ, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон ва Узбекистон барномаи фарҳангӣ омода ва пешкаши сокинони пойтахт гардонида шуд.
Инчунин бахшида ба пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил эълон шудани шаҳри Душанбе дар соли 2021 Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Озмуни ҷумҳуриявии «Душанбе- ганҷе дар қалби Осиё»-ро баргузор намуд.
Ёдовар мешавем, ки бо дастгирии Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи ИДМ 22 ноябри соли 2020 дар маҷмааи таърихию фарҳангии «Ситадел» -и шаҳри Шимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон маросими пӯшидашавии соли «Шимкент — пойтахти фарҳангии ИДМ-2020» ва супоридани навбат ба шаҳри Душанбе барои соли 2021 баргузор гардида буд.
Мавриди зикр аст, ки Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ (МФГС) соли 2006 аз ҷониби ҳукуматҳои ҳафт кишвари узви ИДМ таъсис ёфта, айни замон ба узвияти он кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Узбекистон ва Озарбойҷон шомиланд. Фонди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи кишварҳои узви ИДМ аз соли 2007 то ин ҷониб дар доираи стратегияи худ лоиҳаҳоро дар соҳаҳои гуногуни гуманитарӣ дар ҳудуди Иттиҳод дастгирӣ менамояд. Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» аз соли 2012 то ин ҷониб амал менамояд.
Ҳадафи ин барнома муҳайё намудани фазои мусоид баҳри муттаҳидии иқтидорҳои фарҳангӣ ва таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ миёни давлатҳои узви ИДМ, бунёди пояҳои ҳамкории иқтисодӣ, рушду нумӯи маҳалҳо ва шаҳрҳои ИДМ, баланд бардоштани мақоми Иттиҳод дар ҷаҳони муосир мебошад.
Барномаи байнидавлатии «Пойтахтҳои фарҳангии Иттиҳод» худро ҳамчун марҳилаи муҳим дар муттаҳид сохтани саъю талошҳои ҷомеаи эҷодӣ бо мақсади тавсеаи робитаҳои фарҳангӣ, таблиғи арзишҳои умумиинсонӣ, баланд бардоштани маърифат ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ дар ҳудуди ИДМ муаррифӣ намуд.
Аввалин «Пойтахти фарҳангии ИДМ» шаҳри бостонии Беларус- Гомел интихоб гардидааст. Аз шаҳрҳои Тоҷикистон — шаҳри Кӯлоб соли 2015 ин мақомро соҳиб гашта буд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»