Санаи 9 январи соли 2023 дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо бо иштироки роҳбарият, кормандони дастгоҳи марказӣ ва воҳидҳои сохторӣ оид ба шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар чорабинӣ баргузор гардид.
Чорабиниро директори Муассиса муҳтарам Исмоилзода Мирзо Ҳайдарбек ифтитоҳ карда, иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳамчун барномаи муҳим ва сарнавиштсоз фарогири тамоми соҳаҳои ҳаёт буда, барои расидан ба ҳадафҳои олии давлатдории тоҷикон такони ҷиддӣ мебахшад. Дар Паём оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузошта шуд.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 5 соли сипаригардида ва дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллиро барои солҳои минбаъда муайян намуданд.
Таъкид гардид, ки дар паём ба вазорату идораҳои дахлдор ҷиҳати пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди иқтисодии устувори кишвар, истифодаи самараноку оқилонаи имконияту захираҳои мавҷуда ва дарёфти сарчашмаҳои нави рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани қобилияти рақобати истеҳсолоти ватанӣ, ҷалби сармоя ва татбиқи стратегияву барномаҳои давлатӣ вазифагузориҳо карда шудааст.
Дар чорабинӣ ҳамчунин аз ҷониби кормандони Муассиса доир ба ҷанбаҳои гуногуни Паём маърузаҳо пешниҳод карда шуд.