Ташрифи Директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсия Россия

  • АСОСӢ
  • Хабар
  • Ташрифи Директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсия Россия

Имрӯз, дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдо вохӯрии директори Муассиса – Исмоилзода Мирзо бо Директори Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсия Россия – Лопатин Владимир Николаевич баргузор гашт.

Дар раванди вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати иҷрои бандҳои созишнома оид ба ҳамкориҳои дуҷониба байни Муассиса ва Институти ҷумҳуриявии илмӣ-тадқиқотии моликияти зеҳнии Федератсия Россия-ро мавриди барасӣ қарор дода, нисбат ба иҷрои он як қатор чораҳои судманд ба нақша гирифта шуд. Ҳамзамон меҳмони олиқадр аз китобхонаи давлатии петентию техники дидан намуд.

Аз ҷумла, дарёфти механизми баҳогузории объектҳои моликияти зеҳнӣ, омода намудани мутахассисони нархгузорӣ, масъалаҳои ба гарав мондани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ ва дигар чорабиниҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Пештара
Баъди

Leave A Comment