Ҳамоиши илмӣ оид ба баланд бардоштани нуфузи китобхонаҳои кишвар

  • АСОСӢ
  • МАҚОЛАҲО
  • Ҳамоиши илмӣ оид ба баланд бардоштани нуфузи китобхонаҳои кишвар

Бутаева Г.Т.  Директори КДПТ

Ҳамоиши илмӣ оид ба баланд бардоштани нуфузи китобхонаҳои кишвар

Дар санаи 4 ва 5 майи соли 2018 бо ташаббуси Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон шашумин конфронси ҷумҳуриявии  «Сарватҳои иттилоотии китобхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши онҳо дар рушди иқтисодиёт, инноватсия ва маърифати ҷомеа» баргузор гардид.

Дар кори конфронс беш аз 100 нафар директорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо, вилоятҳои ҷумҳурӣ, инчунин мудирони китобхонаҳои илмии донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.

Конфронс ба масъалаҳои муайяну мушаххас намудани  фаъолияти китобдорӣ дар раванди шаклгирии фарҳанг хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи китобхонаҳо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши китобхонаҳо дар ташаккули маънавии ҷомеаи муосир равшанӣ андохта, имкон фароҳам овард, ки масоили дурнамои рушди китобхонаҳо дар самти ҷорӣ намудани низоми хизматрасониҳои нав бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, манобеи электронӣ, андешидани чораҳо вобаста ба баланд бардоштани фарҳанги хизматрасонӣ, нуфузи китобхона, касби китобдорӣ, савияи дониш ва такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо, маданияти муошират, санъати баланди қабули хонандагон- истифодабарандагони китобхона, ҷустуҷӯи босифат ва оҷилии сарватҳои иттилоотӣ, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни наврасону ҷавонон, ташкили захираҳои электронӣ бо истифода аз фондҳои чопӣ, манобеи электронии китобхонаҳо ва марказҳои иттилоотӣ, таъмини дастёбии хонандагон ба сарчашмаҳои пурраматни интернетӣ, таъмини талабу дархости ҷомеа бо адабиёти ниёзи хониш, мавриди баррасӣ қарор гиранд.

Дар гузоришҳои кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ, роҷеъ ба масоили ташаккули фарҳанги хизматрасонӣ ва баланд бардоштани нуфузи фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи муосир таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, пешниҳодҳои ҷолиб перомуни мувофиқу мутобиқ намудани самтҳои афзалятноки фаъолияти китобхонаҳо батақозои даврони истиқлол ва вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ баён ёфтанд.

Дар охири ҳамоиш аз ҷониби иштирокчиёни конфронс чунин тавсияномаҳо пешниҳод шуданд:

– сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони дар самти баланд бардоштани сатҳи маънавии ҷомеа тавассути ҷалби аҳолӣ ба китобхониву донишандӯзӣ, ҳамчун барномаи амал мавриди истифода қарор дода шавад;

– бо дарназардошти рушди ҷомеаи муосир мазмуни санадҳои ҳуқуқии амалкунанда такмил дода шуда, санадҳои нави меъёрӣ-ҳуқуқӣ доир ба соҳаи китобдорӣ таҳия карда шаванд;

– барои хубу ҳамаҷониба роҳандозӣ намудани фаъолияти китобдорӣ ба китобхонаҳои музофотӣ мустақилияти молиявӣ дода шавад;

– китобхонаҳои деҳот бо биноҳои наву замонавӣ бо тарҳи ягонаи меъморӣ таъмин карда шаванд;

– фонди китобхонаҳои мамлакат ҳарчи бештар бо адабиёти тозанашр ба забони тоҷикӣ такмил дода шаванд;

– нашри мунтазами китобҳои электронӣ дар радифи китобҳои чопӣ тибқи нақшаи мавзӯии нашриётҳо ба роҳ монда шавад;

-барои таъмин намудани китобхонаҳои мамлакат бо асноди коргузории тахассусӣ (дафтари бақайдгирии китобҳо, дафтарчаи(формуляр) хониш, рӯзномаи китобдор ва ғайраҳо) нашри стандартии асноди мазкур ба роҳ монда шавад;

– дастурамали либосҳои тавсиявӣ барои кормандони китобхонаҳои мамлакат таҳия карда шавад;

– барои баланд бардоштани сатҳи фарҳанги иттилоотии хонандагон ва ҷалби ҳарчи беҳтару бештари онҳо ба донишандӯзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилотӣ ба таври ҳатмӣ таълими фанни «Асосҳои дониши китобдорӣ-библиографӣ» ҷорӣ карда шавад;

-барои такмили дониши назарӣ ва амалии китобдорон нашри маҷаллаи илмӣ-оммавии «Китобхонашиносӣ ва библиографишиносии тоҷик» (дар як сол 12 шумора), маҷаллаи фарҳангӣ-маърифатии «Китобдор» (дар як сол 6 шумора) ва ҳафтаномаи «Паёми китобдор» бо ҷалби олимону коршиносони соҳа дар назади Китобхонаи миллии Тоҷикистон таъсис дода шаванд;

– барои такмили дониши тахассусии кормандони китобхонаҳо, ки ихтисоси китобдорӣ надоранд, дар назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон курси 2-солаи таҳсилоти китобдорӣ, таъсис дода шавад;

-дар назди факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода курси куттоҳмуддати такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳои ҷумҳурӣ таъсис дода шавад;

– дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ ва Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи М. Назаршоев шуъбаҳои рӯзона ва ғоибонаи факултаи китобдорӣ ташкил карда шавад.

Маводи конфронси баргузоршуда таҳти унвони «Нақши китобхонаҳои ҷумҳӯрӣ дар ташаккули маънавии ҷомеаи муосир» чоп шуд, ки барои омӯзиши масоили марбут ба фаъолияти китобхонаҳои мамлакат дар самти мувофиқу мутобиқ намудани фаъолияти китобдорӣ-иттилоотӣ ба вижагиҳои ҷомеаи иттилоотӣ ва омӯзиши таҷрибаи муфиди китобдорӣ ба кормандони китобхонаҳо ва устодону донишҷӯён кӯмак хоҳад расонд.

Пештара
Баъди

Leave A Comment