Роҳбарият ва ҳайати кормандони
Кумитаи иттифоқи касабаи МД ММПИ!
Роҳбарият ва Кумитаи иттифоқи касабаи ММПИ кулли кормандони муассисаро бо бо 15-умин солгарди қабули Сарқонуни Ҷумҳури Тоҷикистон табрику таҳният намуда кулли кормандон ва аҳли оилаашон саломатӣ, хушбахтӣ, осмони соф ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамояд.
Бигзор истиқлолияти ба даст овардаи халқи тоҷик абадан боқӣ монда шаъну шарафи миллати тоҷик дар ҷаҳон ном барорад ва сарбаландиву некномиҳои ҳар як фарди Тоҷикистонӣ дар синаҳои мардуми ориф хотираи дурахшонро таҷассум намояд. Албатта яке аз рамзи давлатдории мо ин Конститутсия мебошад, ки мардуми шарифи мо дар асоси рукнҳои он амал менамояд. ҳама он санаду фармонҳо дар асоси Конститутсия аз ҷониби Президент ва ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар амал ҷорӣ карда мешавад. Конститутсия ин «Шоҳсутун» ва «Шиноснома» -и давлат мебошад.
Соли 2006 дар ҳаёти кишвари мо як рӯйдоди фараҳбахше аз таърихи давлату давлатдорӣ, нақши худро гузошт. Мо Президент, Сарвари давлатамонро интихоб намудем. Мо Сарвареро бори дигар интихоб намудем, ки барои Ватану миллати худ ҷони худро дареқ надошта дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионии кишвар ҷонбозиҳо намуда мардуми кишварашро, Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмиллалӣ шиносонид. Қаҳрамониҳои фарзанди барӯманди миллати тоҷик, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ҳаргиз фаромӯш нахоҳад шуд.
Чи хеле, ки аз суханрониҳои ҷаноби Олӣ бар меояд «…Яке аз дастовардҳои бузургу барҷастаи ин раванд демократикунонии тамоми ҳаёти ҷомеа мебошад, ки аслу ҷавҳари онро арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ташкил медиҳад, ки онҳо бо меъёрҳои эътирофшудаи байналхалқӣ, махсусан Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, қарордоди байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, қарордоди байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои мӯътабари ҳуқуқи байналмиллалӣ такя мекунад.
Конститутсия силсилаи мукаммали ҳуқуқу озодиҳои фардӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро эълон намуда, кафолати амалишавии онҳоро муқаррар кардааст, ки ин ҳама дар маҷмӯъ шароити зарурӣ барои инкишофи озодии инсон фароҳам меорад. Эълон намудани Тоҷикистон ба сифати давлати иҷтимоӣ ва масъул сохтани он барои таъмини заминаи зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаи иҷтимоии ҳар фарди ҷомеа ва хусусиятҳои башардӯстонаи Конститутсияи мо мебошад.
Конститутсияи мо давлату давлатдории навинро асос гузошта, тамоми рукнҳои онро масъул сохтааст, ки дар чаҳорчӯбаи муайяншуда фаъолият намоянд. Дар ин замина рушду такомули доимии онҳо бо дарназардошти шароити иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ, таърихиву анъанавӣ ва миллии кишварамон аз вазифаҳои муқаддаси мо мебошанд. Аз онҷое, ки Конститутсия қонуни оилаи давлат эътироф шудааст ва муносибатҳои муҳимтарини ҳаёти ҷомеаро танзим мекунад, аз ин рӯ риоя ва тибқи он амал намудан вазифаи муқаддаси тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ ва шаҳрванди он аст…».
Мо дар ҳамҷоягӣ ва пайравӣ ба гуфтаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон ҳамватанони азизро бори дигар ба муносибати 15-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта ба ҳар хонадон сулҳу оромӣ, хушбахтӣ ва ободӣ орзу менамоем!
Зи нав эҷоду тахти рӯзафзун муборак бод!
Бароят Тоҷикистон, Рӯзи Сарқонун муборак бод!