КИТОБ ГАНҶИ БЕБАҲО

Тоҷибекова М. С.

Мудири шӯъбаи нигоҳдории хазинаҳо

Президенти кишвар Эмомали Раҳмон сутуни илмҳои дунеро китоб номида ,дар бораи баланд бардоштани мавқеи китобхонаҳо борҳо изҳори назар кардааст.

Оре, китоб калиди хазинаи илму маърифат буда,таҷрибаю дониши донотарини доноенро дар бар мегирад. Китоб аҳамияти бузурги тарбиявию ахлокиро дорост. Китобдори аз касбҳои пуршараф буда, танҳо шахсони бофарҳангу илмдуст ин пешаро интихоб мекунанд. ҳаетро бе дониш, ки аз китоб сарчашма мегирад,тассаввур кардан мумкин нест. Китоб барои мо дусти бовафо, маслиҳатгари беминат, рафики беғараз хамдаму хамсухбати мувофиқ ва ниҳоят сарвати бебаҳо аст.Китобхони чузъи муҳими тарбияи насли наврасро бояд ишғол кунад.

Миллати мо бо китоб ва китобхони .заковат ва маърифатнокии худ дар чахони мутамаддин мақоми шоиста касб кардааст. Китоб ганҷ, манбаи дониш, дуст, ҳамсуҳбат ва раҳнамои кас мебошад. Китоб дар радифи Модар ва Ватан арзандатарин мукаддасот ба ҳисоб меравад. Он ба одам таассуроти амиқ бахшида чаҳонбиниашро бой мегардонад.

Инсон метавонад бо сабабҳои гуногун ҷаҳонро сайр карда натавонад. Агар вай бисёр мутолиа кунаду китобро аз дилу чон дуст дорад,бузурги дар пеши чашми у кушода мешавад . ҳар як шахс ба воситаи хондан донишро афзун мегардонад, ҳиссиёти хубашро сайкал медиҳад. Чунонеки гул аз гулзор , сабзаву лола аз куҳсор ,об аз чуйбор кабку товус аз маргзор чуста мешаванд, гавҳари дониш аз китоб ба даст меояд. Китоби хуб устоди беминат аст, мо ба ҳифз кардани китобҳои кадимаву ҳозира илму фарҳанги Тоҷикистонро азиз медорем. ҳар як китоб ҳамчун хишти хубест дар пойдори ҳаёти оянда.

Шахс аз китобҳои хондааш дарси одобу ахлок омухта барои хубтару хуштар гузаронидани умр камари ҳиммат мебандад, накукору покахлоқ ва ватандуст тарбия ёфта ба камол мерасад. Аз ин ру бояд чавонон ба кадри китоб бирасанд, вақти пуркимати худро ба беҳудагардию корҳои ношоиста сарф накарда бештар китоб хонанд,то дар зиндаги душворие садди рохи онхо нагардад. Ба акидаи устод Рудаки,одам худ аз худ хирадманд намешавад . Барои он ки шахс хирадманд гардад, пеш аз ҳама, бояд илму дониш омузад.

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавони рав туву ин ганҷ неҳ.

Бинобар ин,инсон барои он ки хирадманд шавад , пеш аз ҳама бояд ки илму дониш омузад.Ба фикри Рудаки , ки хеле табиист, илму дониш хирадро сайкал медихад, чун чароғи равшанкунандаи роҳи зиндаги , ба инсонҳо роҳи рост ва ҳамворро пешкаш месозад, аз ҳама бадиҳо,зарарҳо ва офатҳо ҳимоят менамояд . Пас инсони ҳақиқиро зарур аст ки илму дониш омузад.

Илм чандон ки бештар хони,

Чун амал дар ту нест,нодони.

Хушбахтона, тибқи қонуни ҷумхурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар ҷумҳури 4-сентябр ҳамчун «Рӯзи китоб» ҷашн гирифта мешавад. Китобхонаи давлатии патентии техники собиқ китобхонаи ҷумхурявии илмию техники соли 1965 ташкил шудааст. Китобхонаи ҷумхурявии илмию техникӣ ҳамчун китобхонаи ҷумҳурявии бисёрсоҳаи илму техника ва маркази методию библиографи барои китобхонаҳои илмию техники инкишоф меёфт.

Дар оғози фаъолияти худ китобхона дорои ҳуҷраи хурд буд, дар он ҳам хазинаи адабиёт ва ҳам кормандони китобхона ҷой доштанд. Хазинаи китобхона ҳамагӣ аз 4500 нусха адабиёт иборат буд. Аз соли 1967 сар карда китобхона бо ҳуҷҷатҳои патенти ва феҳристҳои саноати ва аз соли 1969 сар карда бо ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ муккамал гардонида шуд. Соли 1976 китобхона ба бинои нави муосир гузашт. Дар бинои нав сохтори китобхона низ дигаргун гашт. Дар сохтори китобхона шуъбаҳои зерин ташкил карда шуданд: муккамолот,коркарди илми ва ташкили феҳристҳо, нигоҳдории хазинаҳо,хизматрасонии хонандагон,хуччатхои меъёрию техники ва фехристхои саноати, коркарди хазинаи корҳои иттилооти бо ҳуҷҷатҳои патенти, хизматрасонии маълумотию иттилооти, автоматикунонии корҳои китобхонави. ҳоло китобхона дар рушди фаъолияти патентию иттилооти диққати калон зоҳир менамояд.

Яке аз вазифаҳои асосии КДПТ ин қонеъ гардонидани ниёзи истифодабарандагон бо иттилоот ва фаври пешкаш намудани иттилооти зарури мебошад. Китобхонаи давлатии патентию техникии Маркази миллии патенту иттилооти ҷумхури Тоҷикистон ягона китобхонаест дар сохтори ММПИ, ки дар масъалаҳои ҳифзи обектҳои моликияти саноати фаъолият менамояд. Мукаммалгардони, коркард, нигоҳдории ҳуҷҷатҳои патенти ва хизматрасони ба кормандони ММПИ ва дигар истифодабарандагон, ки дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноати фаъолият менамоянд яке аз вазифаҳои асосии Китобхонаи давлатии патентию техникии ММПИ ба шумор меравад.

Китобхонаи давлатии патентию техники дар ҳоли ҳозир зиёда аз 14,9 млн. нусхаро ташкил медиҳад, ки аз ин миқдор 189204 адад китоб (8122 нусха китоб дар соҳаи моликияти зеҳни), зиёда аз 1064 адад ҳафтанома ва маҷаллаҳои илми, оммави ва соҳаи моликияти зеҳни, 36748 адад брошюраҳо,257360 ҳуҷҷатҳои меъёрию техники 311649 варакаҳои иттилооти дар соҳаи объектҳои моликияти саноати 330406 адад иттилооти гуногун дар ҳар гунна дар баргирандаҳои иттилооти(аз ин микдорри номбаршуда 6,149 адад дискҳои оптики дорои ҳуҷҷатҳои патенти) 504адад тавсифҳои намунаҳои саноати ва 1610 адад дастнависхоро ташкил медихад.

Дар охир ҳаминро қайд карданиам, ки кормандони шӯъбаи нигоҳдории хазинаҳои КДПТ барои ба хонандагон дастрас намудани адабиётҳои зарури саъю кӯшиши худро дареғ надошта баҳри гул-гулшукуфоии Тоҷикистони азиз, пешрафти ҷомеъа ва баланд бардоштани сатҳи донишомузии ҷавонону маърифатнокии онҳо ҳиссагузор мебошанд.

Рӯйхати адабиётҳои истифодашуда:

1. Китобдор//Сайфуллох Махкамов//с.2008.-№2.-саҳ. 8-9

2. Омузгор//2007.-№51.-сах. 4-5

Пештара
Баъди

Leave A Comment