Роҳҳои татбиқи инноватсия дар китобхонаҳои Тоҷикистон

Гулнора Бутаева

Директори КДПТ МД ММПИ

Фарзона Мирзоева

мудири шуъбаи иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентии Китобхонаи давлатии патентию техникӣ

Роҳҳои татбиқи инноватсия дар китобхонаҳои Тоҷикистон

Имрӯзҳо истифодаи калимаи «инноватсия» дар пешбурди кору фаъолият маъмул гардидааст. Бешубҳа гуфтан мумкин аст, инноватсия чист ва зери ин мафҳум чиро бояд дар назар дошт. Пеш аз ҳама қайд кардан зарур аст, ки инсон аз қадиммулайём бо тахайюли офариниш дода шуда пайваста кӯшиш менамуд, ки рӯз аз рӯз кори ӯ бо ягон усул ва амале осон гардад. Дар ҷомеаи имрӯза назар ба гузашта ҳазорҳо фарсахҳо руйдодҳо, дигаргуниҳо ба вуқуъ пайваста навовариҳою ихтироъкориҳо ба дунё ва замони нав ҳусни дигар бахшид. Албатта ин ҳама таҳавуллотҳо ва руйдодҳои ҷадиди илму техника, ки ба ҳаёту фаъолияти инсон осониҳо оварданд ва навгониҳоеро рӯз аз рӯз ба манфиати мардуми ҷаҳон раҳнамуд месозад,  инноватсия аст.

Инноватсия- ин навгониҳои олами илму техника ва телекоммуникатсия   дар ҳама соҳаҳои ҷомеа мебошад. Инноватсия ин маҳсули зеҳнӣ инсон дар такмилу татбиқи  усули нави кору хизматрасониҳо ва истеҳсолот ва ба қонеъ намудани талаботи рӯзмарраи инсон бо маҳсулоти босифат, технология ва хизматрасониҳои нав равона карда шудааст.

Дар ҷомеаи имрӯза инноватсия дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ дида мешавад. Аз ҷумла дар соҳаи китобдорӣ. Бешубҳа гуфтан ба маврид аст, асоси татбиқи инноватсия ва навгониҳо дар соҳаи китобдорӣ ин иттилоот мебошад. Имрӯз маъхази иттилоот дар китобхона ва шабакаи интернет ҷой гирифтааст. Ҷаҳони имруза бо навгониҳои илму техника ва телекомуникатсия босуръат рӯз аз рӯз пеш меравад. Ҳатто гуфтан ба маврид аст, ки имрӯз инсон кори худро бе компютер, телефонии мобилӣ ва нақлиёт тасаввур кардан наметавонад. Аз ин гуфтаҳо хулоса баровардан мумкин аст, ки инсон ва ҷомеа мехоҳад, ки ҳама чиз ба тариқи зуд ё худ оҷилӣ дастрас ва қулай бошад.

Инак чи тавр  инноватсияро дар фаъолияти кори  китобхонаҳо татбиқ бояд намуд? Албатта барои ҳалли ин масъала  пеш аз ҳама бояд ду масъала матраҳ  шавад. Якум таъмини мутахассиси баландихтисоси соҳавӣ-яъне китобдор-иттилоотшинос-барномасоз, дуюм таъмини технологияи замонавӣ ва дастрасӣ ба шабакаи интернет.

Имрӯз дар китобхонаҳо маъхазҳои гарони сарватҳои иттилоотӣ мавҷуд аст. Мо метавонем, ки ин сарватҳои гаронҳаҷмро ба пуррагӣ ба электронӣ (дар барандаҳои оптикӣ, микрочипҳо, серверҳо, дар хотираҳои гаронхаҷми компютерӣ) табдил дода, дар доираи қонунгузории кишвар маърази истифодабарандагон гардонем. Барои иҷрои ин корҳо танҳо мутахассиси соҳавӣ ва таъмини технологияҳои замонавӣ басанда аст. «Бо гуфтан дар даҳон ҳалво ширин намешавад» (зарбулмасали халқӣ) вале мо бояд дар амал кӯшиш намоем, ки истифодабарандаи китобхонаро бо хизматрасонии наву замонавӣ саривақт дархосташро қонеъ намоем. Ҳадафи асосии корманди китобхона бояд пеш аз ҳама қонеъ намудани эҳтиёҷоти хонандаи китобхона бо адабиёту маводи зарурӣ бошад.

Дар фазои иттилоотии имрӯза дилхоҳ маълумотро аз таҷрибаҳои китобхонаҳои пешрафта дастрас намудан мавҷуд аст. Онҳо чи тавр ва бо кадом роҳҳо зина ба зина рушд ёфтанд. Барои мо ҳамин басанда аст. Таҷрибаи китобхонаҳои пешрафтаи дунёро омӯхта онро дар кори рӯзмарраи худ татбиқ намоем.

Дар даврони истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати хирадмандонаи худ ба соҳаи китобдорӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуданд. Дар маркази шаҳри Душанбе, пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон қомат афрохтани Китобхонаи миллии Тоҷикистон худ нишона аз бузургӣ ва фарҳангдӯстории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб меёбад. Имрӯз бо ибтикори Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳои кишвар китобхонаҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки бо таҷҳизотҳо ва технологияҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Пас мо китобдоронро зарур мебояд, ки ба қадри чунин дастовардҳо расида, кӯшиш ба харқ диҳем, ки аз ин ҳам зиёд кору фаъолият намуда соҳаи китобдории кишварро рушд намоем.

Агар ба таърих нигарем, китобхонаҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолияти давлатӣ бемуҳобот рушд намуда истодаанд. Дар фаъолияти кори китобхонаҳои ҷумҳурӣ навгониҳои бешумор дар кору хизматрасониҳо дида мешаванд.

Баъзе аз навгониҳои муҳиме, ки дар фаъолияти кори китобхонаҳои ҷумҳурӣ дар даврони истиқлолияти давлатӣ ба вуқӯъ пайвастанд:

1) Таъмини китобхонаҳо бо компютер, принтер, сканер ва дигар таҷҳизотҳо;

2) Ташкили хазинаҳои китобхонаҳо дар дискҳои оптикӣ;

3) Ташкили хазинаи феҳристҳои электронӣ. Чопи варақаҳои феҳристи ва дигар коргузориҳои фаъолияти китобхонавӣ  тавассути компютерҳо ва принтерҳо.

4) Таъсиси сомонаҳои интернетӣ ва почтаҳои электронии китобхонаҳо;

5) Ташкили китобхонаҳои электронӣ;

6) Додугирифти байналмилалии сарватҳои иттилоотӣ;

7) Дастрасӣ пайдо намудан ба хазинаи сарватҳои электронии пурраматн;

8) Ташкили кору хизматрасонињо ва ба роҳ мондани маъхазҳои ҷустуҷӯи-электронӣ аз ҷумла барномаҳои «ИРБИС», «МАРК», «АЛЕФ» ва ғайра дар фаъолияти кори китобхонаҳо;

9) Ташкили маъхазҳои электронӣ ва бонки маълумотҳо дар китобхонаҳо;

10) Ташкили сарватҳои электронӣ дар сомонаҳои интернетӣ;

11) Ташкил ва гузаронидани мизи мудаввар, семинарҳо, мактабҳои тобистона ва конфронсҳои солона дар соҳаи китобдорӣ;

12) Ташкил ва гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявии «Китобдори сол», «Китобхона сол». «Китобхонаи шахсии сол», фестивал-озмунҳои «Библиомарафон», «Ҳамнишине беҳ аз китоб махоҳ», «Хонандаи беҳтарин», «Китоби сол», Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе»;

13) Ба роҳ мондани хизматрасониҳои электронӣ. Аз ҷумла тавассути феҳристҳои электронӣ, сарватҳои интернетӣ, штрих-код, кюр-код.

14) Ба роҳ мондани онлайн семинарҳои байналмилалии соҳаи китобдорӣ;

15) Ба роҳ мондани такмили ихтисоси кормандони китобхонаҳо;

16) Ҳамкории китобхонаҳо бо китобхонаҳои дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар;

Зинаҳои татбиқи навгароиҳо ё худ инноватсия дар фаъолияти кори китобхонаҳо

Талаботи умумӣ

1)    Китобхона: -дорои фонди махсуси умумӣ ё соҳавӣ буда бо технологияҳои замонавӣ, хазинаи электронӣ, феҳристи электронӣ, дастрасӣ ба шабакаи интернет ва дигар маъхазҳои гаронҳаҷми интернетӣ дошта бошад. Ворид ба китобхона тавассути кортҳои электронӣ ба роҳ монда шуда муҷаҳҳаз бо камераҳои назоратӣ ва хазинаи бо микрочипҳо ва идентификатсияи махсуси махфикардашуда (штрих код ё кюр код) насб карда шуда бошад; Бинои китобхона бо аломатҳои махсуси огоҳкунанда (сигнализатсия), воситаву таҷҳизотҳои зиддисӯхтории оҷилӣ, модемҳои қабулкунанда ва пахшкунанда (вай-фай), серверҳо,  алоқаи ягонаи байникомпютерӣ, таҷҳизотҳои факсӣ, телефонҳои дистансионӣ, сканерҳо, дастгоҳҳои чопӣ-лазерӣ, экран-таблоҳои иттилоотӣ-ҷустуҷӯӣ, экран-мониторҳои ҷустуҷӯӣ, экран-мониторҳои ҷустуҷӯии сайёр (дар терминалҳои электронии хиёбону роҳравҳои шаҳрӣ барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, алоқаи мобилӣ) ва таҷҳизотҳои муайянкунандаи идентификатсияи сарватҳои китобхонавӣ ва кормандонро доро бошад.

2)    Мутахассис-китобдор: – дорои маълумоти олии китобдорӣ буда бо ду забони хориҷӣ гап зада тавонад. Технологияи компютерӣ, маҳорати ҷустуҷӯи иттилоот, коркард ва таҳлил намуданро дошта бошад. Талаботи корӣ:-Либоси махсуси фарқкунанда, бейҷик ва корти электронӣ (дорои нусхабардошташудаи изи ангуштон; барои воридот ба китобхона ва истифода аз маъхазҳои иттилоотӣ;

3)     Маркетинги китобдорӣ: -дорои тамғаи молӣ сомонаи интернетӣ (ҳамчунин дар шабакаҳои иҷтимоӣ), нишони сарисинагӣ, буклетҳо ва варақаҳои иттилоотӣ, коргузорӣ ва воситаву таҷҳизотҳо бо истифодаи тамғаи молӣ ё нақши он (дар ҳар гуна дизайн), намоиши роликҳои тарғиботӣ рекламавӣ тавассути ВАО, аз ҷумла радио ва телевизион, таблоҳои реклавамӣ, ташкили барномаҳои телевизионӣ, баргузор намудани озмуну конфронсҳои соҳаи китобдорӣ, такмили ихтисоси кормандон, ба роҳ мондани ҳамкориҳои дохилӣ ва хориҷӣ аз ҷумла шомил гардидани китобхона ба аъзогии ассосиатсия ва консорсиумҳои соҳаи китобдорӣ.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҷомеаи имрӯза махсусан дар фаъолияти китобдорӣ бе инноватсия тасаввурнопазир аст. Имрӯз мо дар замоне қарор дорем, ки таҳвили иттилоот маҳз ба тариқи инноватсионӣ интиқол дода мешавад. Он бояд саривақт ва таъҷилан ба хонанда ё истифодабарандаи китобхона дастрас карда шавад. Хоҳу нохоҳ барои ҷустуҷӯи иттилоот ва дарёфти сарчашмаи он китобхонаҳо ва маъхазҳои электрониву интернетӣ истифода мешаванд. Бинобар ин мо китобдоронро зарур мебояд, ки барои манфиати истифодабарандагон ва хонандагони китобхонаҳо ҷидду ҷаҳд намуда кӯшиш ба харҷ диҳем, ки бо истифода аз навгониҳои нави хизматрасониҳо барои таъмини эҳтиёҷоти мизоҷон камари ҳиммат бандем.

Таъмини дастрасӣ ба иттилоот дар куҷое набошад, хоҳ дар роҳ, дар хона, коргоҳ, истироҳтгоҳ ё савораю қатора ба таври оҷилӣ дастрас бошад.

Пештара
Баъди

Leave A Comment