КИТОБ – САРЧАШМАИ ДОНИШ

Бутаева Г.Т.

Мудири шӯъбаи хизматрасонӣ

Пас аз соҳибистиклол гардидани Тоҷикистон сиёсати фарҳангии давлат ба мустаҳкам намудани пояҳои маънавии ҷомеъа ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ боло бурдани ҳисси ифтихори миллӣ, таҳкими сулҳу оромӣ, якдигарфаҳмии ҳамаи миллатҳо ва халкиятҳо-шаҳрвандони Тоҷикистон барои истифодабарӣ аз хазина ва хадамоти китобхонаҳо равона карда шудааст. Вазифаи асосии китобхонаҳо дар шароити нави рушди иҷтимоию иктисодии.Тоҷикистон кӯмак расонидан ба тарбияи ҳуқуқӣ, маънавӣ, ахлокӣ, гуманистӣ, ватандӯстии шаҳрвандон ташаккул додани ҷаҳонбинии илмии онҳо, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ,техникӣ ва касбии онҳо мебошад.

Бузургу тавонманд он халқест,ки таърихаш, ҳастияш ҳамбастагӣ бо китоб дошта бошад. Хушо, ки тоҷикон аз ҳамин гуна халқҳоянд. Ниёгони барӯманди халки тоҷик китобро «ҷавшани ҷон», «чароғи раҳнамо», «аниси кунҷи танҳои»-ву фурӯғи субхи доноӣ хондаанд. Муҳаббат ва эътикод ба китоб муҳаббат ва эътиқод ба дониш ва хирад аст. Имрӯз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таърихиву сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд. Китоб ганҷинаи тафаккурҳост,махзани умеду орзу, раҳнамо ба олами донишҳост, он дури гаронбаҳоест, кӣ маъниҳои баланди ҳаётию иҷтимоиро ангезиш медиҳад. ҳар чӣ қадар, мо онро азизу мӯътабар шуморем, он моро ба зинаҳои баланди илм, маърифат, инсофу одамият мекашад.

 

Аз замонҳои қадим аҷдодони мо нисбат ба китоб ихлосу эътимоди махсус доштанд,дар бораи он суханҳои басо ҳикматомез аз худ ба ёдгор гузоштаанд. Рӯдакӣ китобро ягона мояи ганҷ донистааст.Чуноне, ки шоир фармудааст:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.

Мардумони бохирад андар замон

Рохи донишро ба ҳар гуна забон

Гирд карданду гиромӣ доштанд,

То ба санг- андар ҳаме бингоштанд.

Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Фирдавсӣ бошад, ҳар каси донишмандро шахси барнодил ба қалам медод. Хусусан Саъдию Абдураҳмони ҷомӣ дар бораи китоб боз бештар ба мулоҳизаҳои ҷиддию ҷомеъ гузаштаанд.ҷомӣ китобро «аниси кунҷи танҳоӣ»-ю «фурӯғи субҳи доноӣ» номида, ба ҳар варақи он як табақ дурру гуҳар қимат мегузошт: Фирдавсӣ бошад, ҳар каси донишмандро шахси барнодил ба қалам медод. Хусусан Саъдию Абдураҳмони ҷомӣ дар бораи китоб боз бештар ба мулоҳизаҳои ҷиддию ҷомеъ гузаштаанд.ҷомӣ китобро «аниси кунҷи танҳоӣ»-ю «фурӯғи субҳи доноӣ» номида, ба ҳар варақи он як табақ дурру гуҳар қимат мегузошт:

Аниси кунҷӣ танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Дарунаш ҳамчун ғунча аз варақ пур,

Ба қимат ҳар варақ з-он як табақ дурр.

Шоир ҳамчунон китобро ягона ёри ғамхоре медонист,ки дар ҳар мушкилӣ ба инсон ёрирасон мебошад:

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест. ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ

Сад роҳате асту ҳаргиз озоре нест.

Имрӯз симо ва эътибори китобхона аз бисёр ҷиҳат ба таҳкими заминаи моддию техникии он, намуди шоистаи берунӣ, мавҷудияти техника ва таҷҳизоти технологияи ҳозиразамон, ороиши дохили бино сифати ороиши китобхона, савияи асбобу анҷом ва маводи истифодашаванда, системаи коммуникатсионӣ,фароҳамоварии шароити бофароғату боҳаловат барои хонандагон вобаста аст. Маҳз бодарки ин зарурат Ҳукумати Тоҷикистон соли 2005 ду санади муҳими давлатӣ-«Барномаи рушди фаъолияти китобдорӣ дар Чумхурии Точикистон барои солҳои 2006-2015»ва «Барномаи рушди Китобхонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абулкосим Фирдавсӣ барои солхои 2006-2015»-ро кабул кардааст. қайд кардан ба маврид аст, ки Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот», ягона дар ҷумҳурӣ буда зиёда аз 14,9 миллион нусха ҳуҷҷатҳоро дар бар мегирад.

Инҳо китобҳои илм,техника ва иттилоотӣ-маълумотдиҳӣ мебошанд. Асосан адабиётҳо дар соҳаи иқтисодиёт, техника, ҳуқуқ, хоҷагии қишлоқ серталаб буда ҳамаррӯза аз ҷониби хонандагон истифода бурда мешаванд. Бояд гуфт, ки шӯъбаи хизматрасонӣ яке аз шӯъбаҳои асосии КДПТ ба ҳисоб меравад. Дар шӯъбаи хизматрасонӣ (картатекаҳо) варақаҳо аз рӯи феҳристи алифбоӣ ва феҳристи мураттаби ҷойгир шудаанд. Феҳристи алифбоӣ бо ному насаби муаллиф ё бо номи китоб буда феҳристи мураттаби ё систематикӣ бошад аз рӯи соҳаҳо дастрас карда мешавад.

Шӯъбаи хизматрасонӣ барои дарёфт намудани адабиёти зарурӣ ба хонандагон маслиҳатҳо дода талабу дархостҳои онҳоро сари вақт иҷро менамояд. қоидаҳои истифодаи Китобхонаи давлатии патенти –техникӣ асоси тартиботи умумии ташкили хизматрасонии хонандагони китобхона, вазифа ва ҳуқуқҳои китобхонаю хонандагонро ташкил медиҳад. Дар навбати аввал ба коркунони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази миллии патенту иттилоот хизмат расонида мешавад. Дар ин замина бояд қайд кард, ки хонандагон ҳуқуқ доранд аз хизмати китобхонавӣ ва иттилоотӣ, кӣ китобхона пешкаш мекунад,бепул истифода баранд, китоб ва дигар сарчашмаҳои иттилоотиро аз хазинаи китобхона, барои истифодаи муваққатӣ дар толори хониш, дар варақаи обуна (абонемент) ва нуқтаҳои дигари китобдиҳӣ, ба даст оранд,доир ба сарчашмаҳои иттилоотӣ сари вақт маслиҳат (консултация) гиранд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки барои шомил шудан ба сафи хонандагони китобхона шаҳрвандон шиноснома ё ҳуҷҷати ивазкунандаи он, инчунин маълумоти заруриро барои тартиб додани варақаи китобдиҳӣ (формуляр) ва варақаи бақайдгирӣ, пешниҳод мекунанд. Шахсоне, кӣ қайди зисти шаҳрӣ, шартнома ва ӯҳдадории кафолатдори ҷои кор надоранд, бо пешниҳоди шиноснома дар толори хониш китобҳоро истифода бурда метавонанд.Хонанда танҳо се номгӯй китоб ё ҳуҷҷатҳои дигарро ба муддати 10 рӯз, ба ғайри нусхаҳои ягона, гирифта метавонад.

Муддати истифодаи китоб метавонад дароз ё кӯтоҳ шавад, дар сурате,кӣ талабот ба он китоб кам ё дархост аз ҷониби хонандаи дигар, мавҷуд набошад. Ходимони ММПИ нашрияҳои маълумотӣ ва маводи матбуоти муосирро барои иҷрои кори худ, ба ғайр аз нусхаҳои ягонаи ҳатмӣ гирифта метавонанд.Дар китобхона шабакаи байникомпютерии шӯъбаҳо бо ҳам пайваст буда тавассути ин шабака корҳои автоматикунони ва дохилнамоии адабиёту ҳуҷҷатҳои гуногун ба маъхази маълумотии (ММ) «ИРБИС» ворид карда мешаванд.

То айни замон ба маъхази электронии «ИРБИС» зиёда аз100 ҳазор тавсифи китобшиносии адабиёту ҳуҷҷатҳои гуногун дохил карда шудааст.Ин миқдор тавсифи дохилкардашуда дар шӯъбаи хизматрасонии китобхона баҳри истифодабари қарор дода шуда ҳамарӯза аз он хонандагони касбу кори гуногун баҳравар мегарданд. Дар Шӯъбаи мазкур 4 адад компютер мавҷуд аст, кӣ бевосита чуноне. ки дар боло қайд кардем ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд. Шӯъбаи хизматрасонӣ дорои зали хониши барҳаво буда кормандони он барои қонеъ гардонидани талаботи хонандагони китобхона ҳаматарафа кӯшиш менамоянд то, ки маводҳои заруриро сари вақт ва босифат анҷом дастрас намоянд. Шӯъбаи хизматрасонӣ вобаста ба ҳар як санаи таърихӣ ва идҳо намоишҳои китобӣ ташкил дода ҳама вақт рӯйхати китобҳои нав ва маҷҷалаҳои ватанӣ ва хориҷиро пешкаши хонандагон мегардонад.

Воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи иттилоотӣ имрӯз тақозо мекунад, кӣ Китобхонаи давлатии патентию техникӣ барои қонеъ намудани эҳтиёҷоти мухталифи хонандагон ҷиҳати адабиёти ниёзи хониш самту ҳадафи фаъолияти хешро ба вижаҳои ин ҷомеа мувофиқу созгор намоянд. Истифодаи технологияи ҳозиразамон имкон медиҳад,кӣ талаботи иттилоотии истифодабарандагон дар вақту замон қонеъ гардида ва онҳо ба навтарин дастовардҳои илмию фарҳангии соҳа ошно шаванд.Баҳри пешрафти кор дар шӯбъи хизматрасонӣ минбаъд мебояд мутобиқи Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» шаклу намудҳои гуногун низомномаҳои нав ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, кӣ самтҳои гуногуни фаъолияти шӯъбаро ба танзим медарорад, таҳия карда шавад; Интихоб ва ҷо ба ҷо гузории кадрҳо дар китобхона беҳтар карда шавад; Барои баланд бардоштани савияи дониши кормандони китобхона зарур аст,ки ба курсҳои кӯтоҳмуддати соҳаи китобдорӣ ва инчунин семинару машваратҳое, кӣ доир ба соҳаи мазкур дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он доир мегарданд фиристонда шаванд; Бояд гуфт,ки яке аз масалаҳое, кӣ ҳаррӯза ба он дар шӯъбаи хизматрасонӣ рӯ ба рӯ мешавем ин набудани адабиётҳои нав доир ба соҳаҳои техникӣ, иқтисодӣ, хоҷагии халқ, металлургия ва дастхату дисертатсияҳои олимон ва ихтироъкорон мебошад.

Агар барои хариди адабиётҳои номбурда хазинаи махсуси молиявӣ таъсис дода мешуд нуран алонур мешуд. Китобхонаи давлатии патенту иттиоллотро зарур аст,кӣ барои расонидани ёрии мушаххаси амалӣ ба кори рӯзмарраи китобхона ва шӯъбаи хизматрасонӣ маркази методӣ таъсис дода, таъмини нашри марказонидашудаи варақаҳои (карточкаҳо) феҳристӣ,формуляри хонандагон, кисачаҳо ба роҳ монда шавад. Бале, мо бояд ҳамқадами замон бошем ва аз пешрафти илму техника ва воситаҳои ахбори компютерӣ, интернетӣ ва электронӣ бохабар буда аз онҳо баҳрабардории комил намоем. Мо кормандони шӯъбаи хизматрасонӣ саъю кӯшиш мекунем, кӣ ба хонандагони ба китобхона омада ҳаматарафа ёрии сари вақтии худро расонида дар баланд бардоштани сатҳи донишандӯзиашон саҳмгузор бошем.

Адабиёти истифодашуда:

1. Китобдор //Шоҳзамон Раҳмонов// с. 2008.- №1.- саҳ. 5-11.

2.Китобдор.// қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти китобдорӣ// с. 2006 – №1(1) – саҳ. 5-11

Пештара
Баъди

Leave A Comment