ВАҲДАТ ПОЙДЕВОРИ ҲАСТИИ МИЛЛАТ ВА РУШДИ ИҚТИСОДИЁТ

Боймурод Б.

Директори КДПТ МД ММПИ

 

 

 

Субҳи бахтовар муборак кишварам

Файзи истиқлол чун андар барам

Тоҷи тиллоӣ ба болои сарам

Шӯълааш бошад сафои зиндагӣ

  

Дар таърихи давлатдории ҳар халқу миллат санаҳое ҳастанд, ки барои мардуми он сарзамин муҳиманд. Халқи тоҷик рӯзи 27-уми июнро, ки ба истиқрори сулҳи бебозгашт ва ризоияти миллии тоҷикон заминаи боэътимод гузошт, ҳар сол ҳамчун Рӯзи Ваҳдат таҷлил менамояд. Он рӯз барои Тоҷикистон давраи гузариш ба ҳаёти нав, рӯзи худшиносӣ, ягонагии миллати тоҷик, рӯзи қатъиян аз ҷанг ба сулҳ рӯ овардани миллат мебошад. Ба ин хотир мисраъҳои эҷоднамудаи шоири мумтоз Лоиқ Шералӣ ҳеҷ гоҳ аз гӯшаи хотир намеравад:

 

Раҳми парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад, ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

 

Дар ҳақиқат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав таҳти васояти СММ ва дигар кишварҳои ИДМ бо иштироки роҳбари мухолифин (шодравон) Саид Абдуллоҳи Нурӣ ва Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов имзо шуд, ба ҷанги шаҳрвандӣ нуқта гузошт ва миллати моро аз вартаи ҳалокат нигоҳ дошт. Дар қарори расидан ба сулҳу субот ҳиссаи Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Э.Ш.Раҳмонов калон аст. Садоқат, кӯшиш ва талошҳои ӯ дар ин роҳ пайдоиши рӯзи некӣ – Рӯзи Ваҳдатро суръат бахшид. Дар роҳи барқарор намудани сулҳу суббот як қатор фарзандони фарзонаи миллат саҳми барҷастаи худро гузоштанд, аммо роҳи шашсолаи тайнамудаи (1992-1997) фарзанди баору номуси Ватан Эмомалӣ Раҳмон, ки барои барқарор намудани ваҳдати миллӣ, ба хотири фардои дурахшони тоҷику тоҷикистонӣ ҷони худро дареғ надошта миллатро аз парокандагӣ ба сарҷамъӣ овард ҳеҷ гоҳ аз хотири халқи тоҷик нахоҳад фаромӯш шуд. Маҳз бо идроки ҷавонмардӣ, миллатдӯстиву ватанпарварии хеш аз минбари баланд бо ибораҳои некдилона эълон намуд: «Баҳри истиқрори сулҳ дар Тоҷикиситон ва бозгашти ҳамаи гурезаҳо ман таёрам ҷони худро нисор кунам», «Мардум ман ба хонадони шумо сулҳ меорам ва то охирин фирории иҷборӣ ба Ватан барнагардад, осуда нахоҳам буд». Мо бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунем, ки бо ин суханҳо Президенти кишвар, фарзанди барӯманди миллати Тоҷик Эмомалӣ Раҳмон содиқ монд. Ба гуфтаи мардум «Ба қавли додаи хеш вафо кард!».

Албатта барои Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар он давр (1992-1997) ягон монеаеро барои худ «сипар» ва ё «сарҳад» нагузошт. Аз чизе дар «ҳарос» ҳам набуд. Танҳо далериву мардонагӣ ва шуҷоатмандӣ ва ватандӯстии Сарвари давлат буд, ки бо қадамҳои устувори хеш сари музокирот ва гуфтушидҳо дар шаҳрҳои Москва (Федератсияи Русия), Теҳрон (Эрон), Мазори Шариф (Афғонистон) ва Ашқобод (Туркманистон) ба анҷом расонид. Ваҳдати миллӣ шоҳсутунӣ давлати соҳибистиқлол гӯем ҳам хато намекунем. Албатта ба даст овардани ваҳдати миллӣ бо роҳи сулҳу суббот ва «оштӣ»-и миллӣ ҳамчун як рукни муқаддас ва падидаи нек бояд баҳогузорӣ намуд. Яке аз самтҳои эҳёи ваҳдати миллӣ ин созандагӣ, ҳуввияти миллӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллати тоҷик мебошад.

Моро зарур мебояд, ки аз ин неъмат ва дастоварди пурарзиш бепарвою бетараф набошем. Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар баромади худ маҳз ҳастии давлату миллат ва рушди сиёсати иҷтимоию иқтисодии миллати тоҷикро аз Ваҳдати миллӣ нуқтаи назар менамоянд. Аз ин рӯ аз сулҳу субботе, ки мо онро бо чи қадар ранҷу заҳматҳо, ба даст овардем бояд шукрона бояд кард. Аҳамияти сулҳу суббот ва ваҳдати миллиро бояд аз хурд то бузурги ҳар як фарди милати тоҷик қадр ва ҳифз намоем.

 

Бешубҳа метавон, гуфт ки маҳз Иҷлосияи тақдирсози сессияи 16-уми Шӯрои олӣ, ки дар қасри Арбоби ҳуҷандшаҳри бостонӣ (вилояти Суғд) моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид тақдирсози созишномаи истиқрори сулҳ гардид. Дар ин иҷлосия намояндагонӣ мардумӣ шахсеро барои сарварии миллати тоҷик пешбарӣ намуданд, ки бо нерӯи ҷавонмардона, бо дили хайрхоҳона, бо андешаи сулҳҷӯёна мардумро сарҷамъ намуд ва барои ризояти оштии миллӣ тарафҳоро ба сари мизи гуфтушунид даъват намуд. ҳарду ҷониб низ баъд аз музокираҳо ва гуфтушунидҳои зиёд билохира ба сари мақсад омаданд ва баҳри гулгулшукуфоии тоҷикистони азиз, якдиливу ваҳдати миллӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро 27 июни соли 1997 ба тасвиб расониданд.

Инак мо ин рӯзи саидро, Рӯзи Ваҳдати миллиро бо сарҷамъӣ дар диёри зебои хеш пешвоз мегирем. Хуш он рӯзе, ки баъди ранҷҳо бар сари мардум дубора субҳи умед дамид, офтоби дӯстӣ шӯълаафшон шудаву борони раҳмат боридан дорад.

Мардуми кишвар ин санаро ҳар сол бо масъулият ва интизориҳои беандоза пешвоз гирифта, кӯшиш менамояд истиқболи он дар сатҳи баланди маданият ва инсондӯстиву бародарӣ баргузор гардад. Акнун моро мебояд, ки ба қадри ҳамин сулҳу салоҳ, оромиву осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагӣ бирасем. Кӯшиш ба харҷ диҳем, ки мо дар ҳақиқат ҷангро бо сулҳ иваз намудем ва ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки роҳи ягонаи мо роҳи осоиштагӣ аст.

Аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ расо сенздаҳ (1997-2010) сол пур мешавад. Имрӯз мардуми заҳматкаши тоҷик, зиёиён, олимон, мутахассисони гуногунсоҳа, намояндагони ҳизбу созмонҳо, ташкилоту муассисаҳо аз он рӯз ёдовар мешаванд, саҳифаи таърихро варақгардон менамоянд ва сад шукр ба парвардигор менамоянд, ки миллати моро аз парокандашавӣ нигаҳ дошт, халқи моро дар атрофи марди ба ору номус, фарзанди фарзонаи миллат, Президенти Тоҷикистон ва тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъ намуд. Чи хеле, ки аз суханрониҳои ҷаноби Олӣ бар меояд «…Яке аз дастовардҳои бузургу барҷастаи ин раванд демократикунонии тамоми ҳаёти ҷомеа мебошад, ки аслу ҷавҳари онро арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он ташкил медиҳад, ки онҳо бо меъёрҳои эътирофшудаи байналхалқӣ, махсусан Эъломияи ҷаҳонии ҳуқуқи башар, қарордоди байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи гражданӣ ва сиёсӣ, қарордоди байналмиллалӣ оид ба ҳуқуқи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои мӯътабари ҳуқуқи байналмиллалӣ такя мекунад…»

Истиқлолият ва ваҳдати миллӣ барои миллату ватани мо дастовардҳои бузургеро дар саҳифаҳои таърих нақши худро гузошт. Имрӯз мо худ шоҳиди он ҳастем, ки сарвари миллати мо Эмомалӣ Раҳмон барои ободонӣ ва пешравии иқтисоди кишвар чи қадар чидду ҷаҳд менамояд. Саҳифаҳои истиқлолият барои мо роҳи наверо аз синаи кӯҳи Анзоб рахна намуда тавассути нақби «Истиқлол» ду минтақаи кишварро яъне ҷануб ва шимолро ба ҳам пайваст намуд. Пас аз ин дар ҷумҳурӣ сохтмонхои азиме аз қабили, роҳи оҳани Кӯлоб – қурғонтеппа, роҳи мошингарди Кӯлоб – Шикеб – Зиғар, роҳи мошингарди Ваҳдат – Тоҷикобод – Ош (ҷумҳурии қирғизистон), роҳи мошингарди Душанбе – Айни – Чаноқ, нақби мошингард тавассути ағбаи «Шар – Шар», пешбурди корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои мошингард тавассути ағбаи «Шаҳристон» ва «Чормағзак» ифтитоҳи пулҳои мошингард тавассути минтақаҳои сарҳадӣ байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии исломии Афғонистон, ба истифода додани сохтмони НОБ-и «Сангтӯда -1», пешбурди корҳои сохтмони дар НОБ-и «Сангтӯда – 2», НОБ-и «Роғун» (ва дар оянда НОБ-и «Зарафшон») ва дигар сохтмонҳои азим оғоз ва ифтитоҳ ёфта ҳалли мушкилоти халқро дар раванди барномаҳои созандагӣ ва будёдкории давлати демократӣ дунявӣ аз байн бурда истодааст. Аз он шукр дорем, ки дар кишвари азизамон сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо дорад. Мамлакат дар роҳи ризоияти миллӣ ва ягонагӣ қадамгузорӣ менамояд. Имрӯз симои шаҳру деҳоти кишвар дигаргун гашта, ҳусни зебои онҳо ба ҳусну таровати мардум ҳамоҳанг гардидааст. Мардум аз нав ба якдигар меҳру шавқат ва дӯстона назар мекунанд. Ин ҳама натиҷаи сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад. Ин моро ба ояндаи нек умедвор намуда, барои расидан ба мақсадҳои нек водор месозад. Ва ин ризоияти миллӣ бешубҳа ба соҳаҳои асосие, ки тарақиёти кишварамон аз онҳо вобастагӣ дорад, роҳу имкониятҳои навро пеш меоварад. Яке аз чунин равандҳо, ин пешрафти илму техника дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

Ваҳдат бо ҳамбастагӣ дар рушди ихтироъкориву навоварӣ

Донишманде гуфтааст: чаҳор омиле мавҷуд аст, ки некӯаҳволии халқро муайян месозад. Инҳо: ихтироот, аҳолӣ, захираҳои табиӣ ва ташкили иқтисодиёт мебошанд. Албатта имрӯз мо аз он омиле метавон сухан гуфт, ки яке аз самтҳои рушди иқтисодиёт ба шумор меравад ва бевосита ин омил аз сарчашмаи ваҳдати миллӣ рушд гирифтааст. Яке аз аввалин сиёсате, ки ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи рушди илму техника ва технология пеша намуд ва дар равияи ваҳдати миллӣ онро ҳам дар ҷумҳурӣ ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо дигар давлатҳои хориҷ ҳамкории худро қавӣ намуд ин рушди соҳаи моликияти зеҳнӣ дар кишвар мебошад. Моликияти зеҳнӣ ин воситаи пуриқтидоре мебошад, ки баҳри рушди иқтисодиёти ҳар кишвар замина мегузорад. Инсон аз қадимулайём ба тахайюлоти офариниш дода шудааст. Маҳз он ҳама маҳсули хирад ва ғояҳои неки инсонӣ имрӯз ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳусни дигар бахшид.

Моликияти зеҳнии инсон ин ганҷест пурарзиш ва гаронбаҳо. Чи хеле, ки Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ қайд намудаанд «… Дар ҷаҳони имрӯза маҳсули ақли инсон ва дастовардҳои он чун маводи пурарзишу гаронбаҳо хариду фурӯш мегардад. Маҳсули ақли инсон дар ҳазорсолаи сеюм ба сармояи пурарзиш табдил хоҳад ёфт ва ҳатто нисбат ба сарватҳои табиӣ даромади бештаре меорад…» Ҷумҳурии Точикистон яке аз самтҳои сиёсати рушд ва тараққӣ додани иқтисодиёти кишваро дар соҳаи моликияти зеҳнӣ равона намуда дастгири ва ҳифзи ҳуқуқии ихтироъкорон, навоварон ва дигар шахсони эҷодкорро дар қаламрави кишвар ва берун аз он таъмин менамояд. Аз он ҷумла дар ҷумҳурии мо низ дар фазои ваҳдати миллӣ, якдиливу меҳанпарастӣ (қарори Шӯрои Вазирони ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №242 аз 28.05.1993с.) ин ҷониб Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот» фаъолият менамояд.

То ба имрӯз баҳри рушди иқтисодиёти кишвар аз ҷониби ин муассисаи бонуфуз як қатор корҳо ба сомон дода шудаанд. Аз он ҷумла санаи 14 апрели соли 1995 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Санадро дар бораи ҳамроҳшавии ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсияи патентии Евроосиёӣ имзо карданд. Аз ҷониби ин муассиса баҳри кашфиётҳои нодири олимон, зиёиён, мутахассисони гуногунсоҳа, шаҳрвандони ватаниву хориҷӣ ҳуҷҷатҳои ҳифозатӣ ба ихтироъ, намунаҳои саноатӣ, моделҳои судманд, тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ, ишораҳои ҷуғрофӣ, топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ, маҳсулоти зеҳнӣ супоридан оғоз гардиданд. Сол аз сол дар ҷумҳурӣ сафи ихтироъкорону навоварон зиёд гардида истодааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар корхонаву муассисаҳо, марказҳои илмию эҷодӣ, мактабҳои олии кишвар фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ ривоҷу равнақ гирифта истодааст. Ихтироъкор пеш аз ҳама ин шахсест, ки бо маҳсули тахайюли эҷодии худ чизи наверо барои нафъи халқ меофарад. Ин офариниш пас аз гузаронидани ҷустуҷӯи патентӣ ва дар ҳоли ба ҳамин монанд тимсолаи мавҷуд набудае аз ҷониби санҷишгузарон (эксперт) муайян гардад ба даст овардани ҳуҷҷати ҳифозатӣ ба ӯ муяссар мегардад.

Пас аз ба даст овардани ҳуҷати ҳифозати сазовори номи «ихтироъкор»-ро ба худ мегирад ва ба ихтироъи офаридаи хеш соҳибмулк мегардад. Моликияти зеҳнӣ гуфта ин офаридаҳои хирад ва фикрии инсонӣ буда ба намуди иттилоӣ ба чизе сабт гардида пешниҳод шудааст, мебошад. Дар самти пешбурди ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ дар ҷумҳурӣ мутахассисон ва кормандони МД ММПИ саҳми беандозаи худро мегузоранд. ҳамрӯза онҳо ба ихтироъкорону навоварон, олимону устодон ва шахсони воқеию ҳуқуқӣ доир ба омода намудани арзнома, тарзи навиштани баённомаи ихтироъ, ба Синфбандии байналмиллалии патентӣ (МПК) ҷудо намудан ва патенткунонии ихтироъҳояшон маслиҳатҳои муфид медиҳанд, то заррае бошад ҳам саҳми худро дар соҳаи объектҳои моликияти саноатӣ дар ҷумҳурӣ гузоранд. Имрӯз дар МД ММПИ кормандоне кору фаъолият менамоянд, ки дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ таҷрибаи зиёди комил дошта пайваста ба ҳар як корафтода доир ба масъалаҳои патенткунонии ихтироъ маслиҳатҳои муфид медиҳанд. ҳар сол дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ конфронсу чорабиниҳо, озмуну симпозиумҳо гузаронида мешаванд, ки дар кори он аз тамоми гӯшаву канори кишвари азизамон ва берун аз он вакилону намояндагони идораҳои патентӣ, вазорату муассисаҳо, ходимони илмӣ, кормандони соҳаҳои гуногуни соҳаи хоҷагии халқ ва Васоити ахбори омма (ВАО) ширкат меварзанд. Мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳо дар он аст, ки дар қаламравӣ кишвар ва берун аз он ба тарғиби соҳаи моликияти зеҳниро вусъат бахшид, ихтироъкорону навоваронро дастгирӣ намуда барои рушду нумӯи ҷомеа ва иқтисоди кишвар саҳми арзандаи худро гузоштан мебошад.

Дар ду сол як маротиба дар МД ММПИ Озмуни «Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида мешавад. Аз натиҷаи ин озмун ба ғолибон аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Маъмурияти МД ММПИ ифтихорномаҳо, дипломҳо, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва медалҳои тиллоии таъсисдодаи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ), медали тиллои ба номи В.И.Блинников, «Нишони фахри»-и МД ММПИ ва дигар тӯҳфаҳои пуливу молӣ дар толори васеъи муассиса ботантана супорида мешавад. То ба айни замон аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурии Тоҷикистон 344 нахустпатент ва 472 патент доир ба ихтироъ ҳуҷҷати ҳифозатӣ дода шудааст. Мӯҳлати амали патент ба ихтироъ тибқи қонуни ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ихтироъ» 20 сол муқарар гардидааст. Дар МД ММПИ аз соли 1993 то ба имрӯз 7 озмун гузаронида шудааст, ки дар натиҷаи он ба 14 нафар олимони барҷастаи тоҷик соҳиби баландтарин ҷоизаи ин соҳа – медали тиллоии Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) ва ба 7 нафар олим 7 медали тиллоии таъсиснамудаи Идораи патентии Авруосиё ба номи В.И. Блинников ва ба 16 нафар «Ихтироъкори беҳтарини Тоҷикистон», «Нишони фахри»-и Идораи Патентии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҶСШК «қолинҳои қайроқум» тӯҳфаи олии СУМЗ «TROPHY», ба 22 нафар соатҳои рамзии СУМЗ ва ба 11 нафар зиёиён ва олимоне, ки саҳми худро дар рушду нӯмӯи соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ дар ҷумҳурӣ содиқона гузоштанд «Нишони сарисинаги»-и Идораи патентии ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шудааст.

Инчунин ба 3 нафар иштирокчиёни озмунҳо ифтихорнома, ба 20 нафар диплом, ба 3 нафар дипломи дараҷаи I, ба 4 нафар дипломи дараҷаи II, ба 3 нафар дипломи дараҷаи III, ба 50 нафар иштирокчии намоишҳо диплом ва ба 22 нафар бо шаҳодатнома кадрдонӣ карда шудаст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ ҚҶТ «Дар бораи ихтироъ», ҚҶТ «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ», ҚҶТ «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», ҚҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқии топологияҳои микросхемаҳои интегралӣ» ҚҶТ «Дар бораи ишораҳои ҷуғрофӣ» ҚҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» мавриди амал қарор дорад.

Соли 2003 бо ибтикори маъмурияти МД ММПИ Кафедраи байнидонишгоҳии «ҳифзи объектҳои моликияти саноатӣ» ифтитоҳ дода шуд, ки то байни замон дар донишкадаву донишгоҳҳои олӣ аз фанни «Патентшиносӣ» ва «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» устодони муассиса дарс мегӯянд. 15 нафар мутахассисони МД ММПИ аз соли 2003 то ба имрӯз дар равияи фаъолияти меҳнатӣ Донишкадаи давлатии моликияти зеҳнии Федератсияи Русия ва 19 нафар курсҳои дистансионии DL-101 «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» Академияи СУМЗ -ро хатм намуда соҳиби диплом ва шаҳодатномаи сатҳи байналхалқӣ дошта гаштанд.

Соли 2003 байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Маркази технологияҳои иттилоотии Тоҷикистону ҳиндустон дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд. Имрӯз Маркази омӯзиши техноологияҳои иттилоотии Тоҷикистону ҳиндустон ба номи Бедил дар сохтори Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилоот таъсис дода шуда дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, автоматикунонии тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, истифодаи шабакаҳои пешоҳанги компютерӣ ва иттилоотӣ фаъолият ва хизмат мерасонад. Аҳамияти таъсис додани чунин марказ аз он иборат мебошад, ки ҷаҳони имрӯзаро бе ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тасаввур кардан ғайри имкон мебошад.

Яке аз сарчашмаҳои рушди иқтисодиёти кишвар ин ворид намудани технологияҳои нави иттилоотиву комуникатсионӣ дар фаъолияти рӯзмарраи корӣ мебошад, ки аз ҷониби Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати мақсаднок оид ба омӯзиш ва татбиқи технологияҳои компютерӣ дар сатҳи истеҳсолот ва тамоми соҳаҳои иқтисодиёт дастуру супоришҳо дода мешавад. Аҳамият ва муҳим будани ҳамкориҳои дуҷониба бо ҷумҳурии ҳиндустон дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва компютериро Президенти кишвар дар паёми худ қайд намуда буданд: «Комёбии муҳими сиёсати берунаи мо эҳё ва рушди алоқаҳои васеъ бо ҳиндустон мебошад.

Дар шароити рушди босуръати иқтисодии Тоҷикистон ва ҳиндустон барои сатҳи нави ҳамкориҳои иқтисодӣ, техникӣ ва технологӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи истифодаи шабакаҳои пешоҳангӣ компютерӣ ва иттилоотӣ тадриҷан шароитҳои лозимӣ барпо мегарданд». Албатта таъсиси чунин маркази омӯзишии сатҳи байналхалқӣ дошта барои баланд бардоштани савияи дониши шаҳрвандон, мутахассисон, донишҷӯён, хонандагони макотиби таҳсилоти ҳамагонӣ нақши муайян бозида ба баланд бардоштани маҳорати барномасозӣ, бунёд намудани самтҳои фаъолияти идоракунии электронӣ дар ҷомеаи рӯ ба инкишоф ва рушди иқтисодиёти кишвар саҳмгузор мебошад.

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и (КДПТ МД ММПИ) Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягона китобхонаи соҳавие мебошад, ки дар хазинаи гаронбаҳояш махзани ҳуҷҷатҳои патентӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, адабиётҳои илмию техникӣ, иқтисодӣ ва соҳаи ҳуқуқ Дар марказ чор сатҳи бахшҳои омӯзиши технологияҳои компютерӣ таъсис дода шудаанд. 1. «Корбари касбӣ», 2. «Моҳири web», 3. «Эҷодгари манбаи маълумотӣ», 4. «Барномасози касбӣ». Инчунин ҷиҳати зиёд будани талаботҳои шаҳрвандон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз ҷониби роҳбарияти марказ бахшҳои омӯзишии забони англисӣ, арабӣ, русӣ ва алифбои ниёгон, бахшҳои омӯзишии барномаҳои муҳосибавии «Бухгалтерия 1С» «Windows 2000» ва замимаҳои муштарӣ –сервер («Корхона-Бонк») ташкил карда шуд, ки имрӯз дар ин бахшҳо шаҳрвандони синну соли гуногун дониш меандӯзанд.

Аз оғози фаъолият дар ин марказ 250 нафар шунаванда дар равияҳои гуногун таҳсил ва хатм намуда соҳиби «шаҳодатнома» гаштанд. Марказ дорои 60 адад компютер, хуҷраҳои дарсии замонавӣ муҷаҳҳаз бо технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, дастрасӣ ба зиёда аз 100 номгӯи адабиётҳо дар соҳаи технологияҳои компютерӣ буда ба шунавандагон устодони баландихтисос ва мутахассисони дорои сертификати байналхалқии Маркази омӯзиши технологияҳои компютерии CDAC-и ҷумҳурии ҳиндустон дарс мегӯянд.нигоҳдорӣ карда мешавад. Хазинаи китобхона зиёда аз 14, 9 миллион нусхаро ташкил медиҳад. Китобхона фаъолияти худро дар самти пуррагардонӣ ва нигоҳдории хазинаҳои ҳуҷҷатҳои патентӣ, адабиётҳои ватаниву хориҷӣ, меъёрию техникӣ, додугирифти байналхалқии ҳуҷҷатҳои патентӣ, баҳисобгирӣ, ҷобаҷогузорӣ, хизматрасонии китобхонавию китобшиносӣ ва маълумотиву иттилоотӣ, автоматикунонии кори китобхонавию иттилоотӣ, тарғиботи фаъолияти китобдориву китобхонавиро пеш мебарад. Китобхона бо дастгирии Роҳбарияти МД ММПИ аз соли 2007 ин ҷониб ба хазинаи 34 милионаи шабакаи умумиҷаҳонии патентию иттилоотии Авруосиё «ЕАПАТИС» www.eapatis.com дастрасӣ дошта маърази истифодабарии хонандагон қарор медиҳад.

Олимону мутахассисон, ихтироъкорон барои ҷустӯҷӯи маводу иттилоотҳои зарурӣ ҳамасола ба хориҷи кишвар сафар менамоянд, ва дар ин сафари хеш баҳри дарёби «иттилооти зарурӣ» маблағҳои гаронеро сарфа менамоянд аммо онҳо метавонанд аз ин маъхази бебаҳо бемамоният истифода намоянд. Бо кӯмаки мутахассисони китобхона ва ё истифодабарандагон шахсан метавонанд аз навигариҳои ихтироъҳои ҷаҳон аз наздик шинос шаванд ва ё шабеҳияти кашфиёт ё офаридаи хешро аз ин шабака дар давоми 20-40 дақиқа муайян ва ё дарёб намоянд. Иттилооти хазинаи шабакаи мазкур аз соли 1924 ва то ба имрӯзро фарогир мебошад. ғайр аз ин китобхона бо 182 давлати ҷаҳон ҳамкории худро вусъат медиҳад.

Аз ин миқдор давлатҳо китобхона ҳамасола тавассути доду гирифти умумиҷаҳонии ҳуҷҷатҳои патентӣ барои китобхона тавсифҳои ихтироотҳои нав ба навро баҳри истифодабарандагон дастрас менамояд. Хонандагон, истифодабарандагон, ниёзмандон метавонанд аз саҳифаҳои Интернетии МД Маркази миллии патенту иттилоот www.tjpat.org, Китобхонаи давлатии патентию техникӣ www.gptb.tj, Маркази омӯзиши техноологияҳои иттилоотии Тоҷикистону ҳиндустон ба номи Бедил www.ticit.tj аз наздик шиносоӣ пайдо намоянд.

Сулҳу субботе, ки дар натиҷаи имзо шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон фароҳам оварда шуд, дастоварди бузург ва муқаддаси миллати мо мебошад, ки ба ҳама соҳаҳои пешрафти ҷомеа нақши худро гузошт. Сулҳи ба дастовардаи миллати тоҷикон ин яке аз сиёсати пешгирифта ва хирадмандонаи сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ин амал сабақомӯзӣ менамояд. Ба даст овардани сулҳ, ваҳдат ва ризояти миллӣ яке аз роҳҳое буданд, ки бо ранҷу азобҳо, заҳмату машаққатхо, табодули афкори тарафайн, музокироти тӯлонӣ ва баҳсҳои дурудароз тӯл кашида оқибат ба музокироти миллии тарафайн ба анҷом расида ақлҳои солимро ба осоишу амнияти кишвар ҳидоят намуд.

Инак таи сенздаҳ сол мешавад, ки музокироти байни тоҷикон дар фазои дастовардҳои истиқлолияти миллӣ, фарҳанги сулҳу суббот, дӯстиву бародарӣ, хамдигарфаҳмиву ифтихори миллиро дар раванди пешрафт ва рушду нумӯи соҳаҳои гуногуни ҷомеаи кишвар, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва арсаи байналмиллӣ шӯҳрат ёфта бори дигар собит сохт, ки миллати тоҷик ҳаёти осоишта ва меҳнати созандагию бунёдкориро мақсаду мароми доимии худ қарор медиҳад. Бо ин марому мақсад ва бо ин санаи фархундаи таърихӣ ҳамаи онҳоеро, ки баҳри озодӣ ва барқарор намудани ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва таъмин намудани фазои орому осударо баҳри миллати пуршарафи тоҷик бахшидаанд сар фуруд меоварем ва ба корнамоиҳои эшон «аҳсан» хонда, номи неки онҳоро ҳамеша вирди забон меоварем!

Ба ин рӯзи саид шукргузорӣ намуда, таманнои онро мекунем, ки давлати Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ шӯҳрат ёфта, мавқеи худро боз ҳам пурзӯру устувортар менамояд. Сенздаҳумин солгарди ваҳдати миллӣ муборак бошад ҳамватанони азиз!

Пештара
Баъди

Leave A Comment