Cаҳми китобхона дар рушди иқтисодиёт ва ихтироъкориву навоварӣ

  • АСОСӢ
  • МАҚОЛАҲО
  • Cаҳми китобхона дар рушди иқтисодиёт ва ихтироъкориву навоварӣ

Боймурод Боев

Директори КДПТ МД ММПИ

Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ ягона китобхонаи соҳавие мебошад, ки дар хазинаи гаронбаҳояш махзани ҳуҷҷатҳои патентӣ, меъёрию ҳуқуқӣ, адабиётҳои илмию техникӣ, иқтисодӣ ва соҳаи ҳуқуқ нигоҳдорӣ карда мешавад. Хазинаи китобхона зиёда аз 14, 9 миллион нусхаро ташкил медиҳад. Китобхонаи давлатии патентию техникӣ тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», Низомномаи КДПТ, дастурамалу қонунгузориҳои ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро пеш мебарад. Айни замон дар китобхона маъмурият, дастгоҳи хизматрасонӣ, шӯъбаҳои, мукаммалот ва коркарди хазинаҳо, автоматикунонӣ, маълумотӣ иттилоотӣ, иттилоот ва ҳуҷҷатҳои патентӣ, хизматрасонӣ, нигаҳдории хазинаҳо, маркетинг ва рушди китобхона, ҳамкориҳои байналхалқӣ амал менамояд.

Ба ҳамаи мо маълум аст, ки имсол аз ҷониби Сарвари давлатамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Фармон таҳти №707 аз санаи 15 сентябри соли 2009 дар бораи «Соли маориф ва фарҳанги техникӣ» эълон намудани соли 2010, ба имзо расидааст. Бо ин марому мақсад кормандон ва мутахассисони китобхона кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки саҳми беандозаи худро дар рушду нумӯи соҳаи маориф ва илму техника гузоранд. Китобхона аз соли 1965 то ба имрӯз фаъолияти худро дар самти пуррагардонӣ ва нигоҳдории хазинаҳои ҳуҷҷатҳои патентӣ, адабиётҳои ватаниву хориҷӣ, меъёрию техникӣ, додугирифти байналхалқии ҳуҷҷатҳои патентӣ, баҳисобгирӣ, ҷобаҷогузорӣ, хизматрасонии китобхонавию китобшиносӣ ва маълумотиву иттилоотӣ, автоматикунонии кори китобхонавию иттилоотӣ, тарғиботи фаъолияти китобдориву китобхонавиро пеш мебарад. Бояд қайд намуд, ки китобхона китобхонаи ягонаи сатҳи ҷумҳуриявӣ дошта буда соҳавии махсус мебошад. Зиёда аз 14 милион хазинаи китобхонаро тавсифҳои ихтироотҳои давлатҳои хориҷа ташкил медиҳад. Дар айни замон китобхона бо се шакли пешниҳоди иттилооти патентӣ дархости хонандагонро қонеъ менамояд. Пешниҳоди тавсифҳои ихтироот тариқи варақаҳо, тариқи дискҳои оптикии литсензионӣ кардашуда, ва тавассути электронӣ дар шабакаи умумиҷаҳонии патентию иттилоотии Авруосиё «ЕАПАТИС» маърази истифодабарии хонандагон қарор дода мешавад. Хазинаи китобхона дар варақаҳо ва микропленкаҳо 14 миллион, дар дискҳои оптикӣ 2,8 милион доро буда дар шабакаи умумиҷаҳонии патентию иттилоотии Авруосиё «ЕАПАТИС» ба 34 миллион тавсифҳои ихтиротро дастрасӣ дорад. ҷустуҷӯи маводҳо аз ҷониби истифодабарандагон ба тариқи анъанавӣ яъне бо роҳи ба синфбандӣ ҷудошуда, аз рӯи соҳаи систематикӣ кунонидашуда, аз рӯи рақами тартибӣ, аз рӯи муаллиф, аз рӯи дорандаи патент сурат мегирад. Дар китобхона шабакаи байникомпютерии шӯъбаҳо бо ҳам пайваст буда тавассути ин шабака корҳои автоматикунонӣ ва дохилнамоии адабиёту ҳуҷҷатҳои гуногун ба маъхази маълумотии (ММ) «ИРБИС» ворид карда мешавад. Миқдори умумии компютерҳо дар китобхона 25 ададро ташкил медиҳад. То айни замон ба маъхази электронии «ИРБИС» зиёда аз 100 ҳазор тафсифи китобшиносии адабиёту ҳуҷҷатҳои гуногун дохил карда шудааст. Ин миқдор тавсифи дохилкардашуда дар шӯъбаи хизматрасонии китобхона баҳри истифодабарӣ қарор дода шудааст. Дар рӯзҳои наздик маъмурияти китобхона ният дорад, ки маъхази электронии китобхонаро тавассути саҳифаи Интернетии китобхона www.gptb.tj маърази хонандагон гардонад. ҳар як шахс метавонад аз он дидан намуда аз наздик, аз кору фаъолият, хизматрасонӣ ва талаботҳои истифодабарии китобхона шиносоӣ пайдо намояд.

 

Ҳар сол доир ба воридоти нав «Номгӯи нави адабиётҳои КДПТ» дар ҳаҷми 4 нашр (дар як сол) ба табъ расонида шуда тариқи ройгон пешкаши хонандагон гардонида мешавад. Ин маводи иттилоотӣ ҳар семоҳа тариқи ройгон баҳри дастраси дар саҳифаи интернетии китобхона низ гузошта мешавад, то аз он хонандагон аз наздик шиносоӣ пайдо намуда аз навгониҳои китобхона бархурдор шаванд. Инчунин хонандагони сершумор метавонанд ин маводро аз китобхонаҳои донишкадаву донишгоҳҳои ҳудуди пойтахт буда дидан намоянд.

Олимону мутахасисон, ихтироъкорон барои ҷустӯҷӯи маводу иттилоотҳои зарурӣ ҳамасола ба хориҷи кишвар сафар менамоянд, ва дар ин сафари хеш баҳри дарёби «иттилооти зарурӣ» маблағҳои гаронеро сарфа менамоянд аммо акнун онҳо метавонанд аз ин маъхази бебаҳои китобхонаи мо бемамоният истифода баранд. Мутахасисони китобхона ва ё истифодабарандагон худ метавонанд аз навигариҳои ихтироъҳои ҷаҳон аз наздик шинос шаванд ва ё шабеҳияти ихтироъи худро аз ин шабака дар давоми 20-40 дақиқа муайян ва ё дарёб намоянд. Иттилооти хазинаи шабакаи мазкур аз соли 1924 ва то ба имрӯзро фарогир мебошад. ғайр аз ин китобхона бо 182 давлати ҷаҳон ҳамкории худро вусъат медиҳад. Аз ин миқдор давлатҳо китобхона ҳамасола тавассути доду гирифти умумиҷаҳонии ҳуҷҷатҳои патентӣ барои китобхона тавсифҳои ихтироотҳои нав ба навро дастрас менамояд.

Тибқи Моддаи 40-Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст «Моликияти зеҳнӣ дар ҳимояи қонун қарор дорад»! Мутахасисони китобхона дар равияи кори худ ба ихтироъкорон, навоварон, кормандони соҳаи илм, аспирантҳо кӯмаки худро дар ҷустуҷӯи ҳуҷҷатҳои патентию-иттилоотӣ дареғ намедоранд. Ба онҳо тарзи омода намудани баённомаи ихтироъ барои гирифтани патент ва нахустпатент, доир ба ҳимоя ва ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ ҳар гуна маслиҳатҳо медиҳанд, ки аз ин кор ихтироъкорону навоварон миннатдории бепоёни худро ба маъмурияту кормандон изҳор менамоянд.

Барои тарғиби кори китобдориву китобхонашиносӣ ва ҷалб намудани хонандагон ба китобхона, ҷалб намудан ба ихтироъкориву навоварӣ дар байни донишҷӯёни олии кишвар бо ташаббуси маъмурияти китобхона ҳама сола силсилаи намоишгоҳҳо дар китобхона гузаронида шуда ҳамчунон донишҷӯёни донишгоҳҳои олии кишвар бо роҳбарии устодони хеш фориғ аз дарс аз китобхона ва шароити он дидан менамоянд.

Албатта, дар китобхона мушкилиҳо низ ҷой дорад. Яке аз ин мушкилиҳои асосие, ки имрӯз аз он ҷумла китобхонаи мо низ фарогир шудааст ин норасогии мутахасисони соҳаи китобдорӣ мебошад. Чи хеле, ки мо медонем имрӯз дар ҷумҳурӣ 1330 адад китобхона мавҷуд аст, ва ягона Донишкадаи санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода барои бо мутахасисони соҳаи китобдорӣ таъмин намудани ҷумҳурӣ қудрат надорад. Бинобар, ин мо аз ҳукумати ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки дар донишкадаву донишгоҳҳои олии кишвар факултаҳои китобдориро таъсис намоянд то китобхонаҳои ҷумҳурӣ аз мутахасисони ин соҳа танқисӣ накашанд. Назар ба солҳои гузашта дида, рӯз аз рӯз сафи хонандагон ба китобхона зиёд гардида истодааст. Мутахасисони китобхона ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хонандае, ки ба китобхона ташриф овардааст «ноумед» аз ин даргоҳи илму маърифат наравад, ба онҳо маслиҳатҳо доири ҷустуҷӯ намудани китобу маҷаллаҳо ва иттилооти лозима медиҳанд. Китобхонаи мо дорои толори хониши барҳаво, ҷои нишасти зиёд, муҷҷаҳаз бо кондитсеонерҳои замонавии шакли «зимистону тобистон» мебошад. Хонандагон метавонанд иттилоотҳои лозимаро тавассутии дастгоҳҳои нусхабардор нусхабардорӣ намоянд.

Китобхона – ин макони ганҷина ва хазинаи бебаҳои миллат мебошад. Асоси рушди иқтисодиёти миллии ҳар як кишвар аз китобу китобхона оғоз мегардад гӯем ҳам хато намекунем.Чуноне, ки мо худ шоҳид ҳастем, вақте, ки ҷомеаи ҷаҳон дар нимсолаи дуюми соли 2008 ба муфлисшавӣ ва ба бӯҳрони молиявӣ фарогир шуд ва ҳатто шахсони миллионеру милиардеронро ба китобхонаҳо рӯ овард ва онҳо аз китоби «Капитал»-и Карл Маркс истифода намуданд. ҳатто барои мутолиа намудани ин китоб дар китобхонаҳо тибқи ҷадвал дар «навбат» истоданд. Бархе аз сарватмандон хостанд, ки ин китобро ба кадом роҳе набошад аз китобхонаҳо харидорӣ кунанд. Имрӯз китобхона, маконест муқаддас, ки дар он ҳуҷҷатҳои нодир ҷамъоварӣ ва нигаҳдорӣ карда мешаванд. Дар бисёре аз китобхонаҳои давлатҳои хориҷ пас аз пош хӯрдани ИҶШС аз китобхонаҳои худ адабиётҳои сиёсати Иттиҳоди Шӯравӣ дошта, асарҳои «Доҳии пролетариат» В.И.Ленин, асарҳои ҳомиёни коммунизм Ф.Энгелс, К.Маркс –ро аз китобхонаҳои худ ихтисор намуданд ва ё ба муколатураҳо супориданд. ҷустуҷӯ намудани «Капитал»-и К.Маркс дар вазъи бӯҳрони иқтисодӣ аз ҷониби сиёсатмадорону иқтисодчиён бори дигар собит сохт, ки ғояи китоб дар ягон давру замон «кӯҳнашавӣ» надоштааст. ҳатто дар як «рӯзи мабодо» дастгиру ҳамдами инсон мегаштааст.

Чи тавре, ки қайд карда шуд албатта китобхона дар саҳми рушду нумӯи соҳаи иқтисодиёти кишвар, рушду нумӯи соҳаи ихтироъкориву навоварӣ, илму дониш, баланд бардоштани савияи дониши ҳар як шахси истифодабарандаи китобхона, ки бевосита вақти пурқиммати худро дар китобхона мегузаронанд натиҷабахш мебошад. Албатта кас мумкин дар «гумонаш» нагузарад ҳам, вале мо инро ифшо менамоем, ки мо дорои китобхонае ҳастем, ки дар он тамоми ихтироотҳои кашфнамудаи ҷаҳон гирд оварда шуда нигаҳдорӣ карда мешавад. Бубинед мо чи қадар махзани гаронбаҳоеро дорем. Имрӯз бо сиёсати пешгирифта ҳукумати ҷумҳурӣ тамоми шароитҳоро баҳри истифодаи иттилооту рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт тадбирҳо андешидааст. Ягона системаи хизматрасонии соҳаи фаъолияти кори сатҳи ҷумҳуриявӣ дошта ин китобхонаҳо имрӯз тариқи ройгон амал менамоянд. Пас ба мо дигар чи чизеро лозим меояд, ки ҷустуҷӯяш намоем? Пас моро чи лозим, аст ки маблағи гаронеро сарфа намуда ба давлатҳои хориҷа баҳри ҷустуҷӯи маводи зарурӣ сафар намоем? ҳамааш имрӯз «дар дасти худамост!» Инсони комил, соҳибкори боандеша, шахси кордону зирак бевосита метавонад кори худро дар асоси маводҳои «фоидаовар»-и китобхона истифода намуда дар саҳми иқтисодиёти кишвар нақш гузорад. Мо аминем, ки ба чунин «китобхонаи гаронбаҳо», инсонҳои комил, соҳибкорҳои боандеша, кордону зирак ташриф оварда аз хазинаи тиллоӣ баҳравар мегарданд ва ҳам дар рушди кори рӯзмарраи худ, рушди Тоҷикистони азизамон саҳми худро мегузоранд. Дарҳои китобхона барои донишҷӯён, аспирантон, олимон, зиёиён, соҳибкорон, мутахассисони гуногунсоҳа ҳамеша боз аст. Китобхона ба шабакаи Интернет пайваст буда аз он ҳамарӯза хонандагони сершумор истифода мебаранд.

Ҳамасола аз ҷониби кормандони китобхона ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши худ дар курсҳои дистансионии Академияи Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ (СУМЗ) тариқи Интернет, тибқи барномаи «Асосҳои моликияти зеҳнӣ» (Сатҳи омӯзиши байналхалқӣ бо нишонаи DL-101) иштирок намуда дониши худро дар соҳаи ҳифзи объектҳои моликияти зеҳнӣ тақвият мебахшанд. Хурсандиовар аст, ки аллакай 9 нафар кормандони китобхона Боев Б.У., (2008) Содиқова Н.А., Бутаева Г.Т, Мирзоева Ф.К., Лоиқова П.М., (2009) Мусина Э.қ., Солеҳова Ф.Н., Саидова Т. С., ва Каримов Н.С. (2010) ба курсҳо дохил шуда бомувафақият хатм намуданд ва соҳиби Шаҳодатномаи Академияи СУМЗ гаштанд.

Китобхона тасмим гирифтааст, ки ба дигар китобхонаҳои ҷумҳурӣ кӯмаки худро дар мавриди дастрас намудани адабиётҳои лозима, иттилооти зарурӣ дар ҳар лаҳзаву ҳар сония кӯмак расонад. Дархостмандон метавонанд аз нишонаи китобхона, почтаи электронӣ тавассути саҳифаи Интернетии www.gptb.tj бархурдор гашта бо мо дар алоқа ва дар тамос шаванд. Кормандони китобхона дар ҳама чорабиниҳои китобхона ва ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намуда, ҳамеша саҳми беандозаи худро дар пешравӣ ва рушду нумӯи кишвари азизамон мегузоранд.

© Мақола тибқи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқуқҳои вобаста ба он» ҳифз гардидааст. Бе иҷозат ва ризогии муаллиф чоп намудан ва истифода намудани мақола манъ аст. Ҳангоми истифода намудани нишондодҳо ба сарчашма нишон додан ҳатмӣ мебошад.

Пештара
Баъди

Leave A Comment