CЕМИНАРИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР СОҲАИ ФАРҲАНГ

Боймурод Боев

Директори КДПТ МД ММПИ

 

Аз санаи 4 то 7 майи соли 2009 бо ташаббуси Маъмурияти Китобхонаи давлатии патентию техникии Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Шӯъбаи ташкилоти байналхалқии Институти «ҷомеаи кушода» Хазинаи Сорос дар Тоҷикистон аз рӯи барномаи «Фарҳанг ва санъат» семинарии ҷумҳуриявии «Системаи идоракунии маркетингӣ дар фаъолияти муассисаҳои фарҳанг» баргузор гашт.

Дар кори семинар мутахассисон аз Вилояти Челябински Федератсияи Русия Устимчик Мария Васильевна ва Штыхван Вера Николаевна роҳбарӣ намуда таи 4 рӯз ба мутахассисони соҳаҳои гуногуни фарҳанг, ки аз тамоми ноҳияву шаҳр, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе даъвати шуда буданд оид ба мавзӯъҳои гуногуни идоракунии маркетинг дар муассисаҳои фарҳанг аз он ҷумла маркетинг дар идоракунии китобхонаҳо, театрҳо, хазинаҳо ва осорҳонаҳо додугирифти иттилоот намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани чунин як семинар дар он аст, ки дар шароити имрӯзаи бӯҳрони иқтисодӣ ба ҳар як нафари муассисаҳои соҳаи фарҳанг муяссар намегардад, ки барои баланд бардоштани савияи дониш ба кишварҳои хориҷ сафар намуда бо сарфаи маблағи зиёд дониши худро муккаммал намояд. Бинобар ин бо дастгирии Институти ҷомеаи кушода Хазинаи и Сорос мутахассисон аз Федератсияи Русия ба шаҳри Душанбе даъват карда шуданд то чунин як семинарии омӯзиширо дар дохили ҷумҳурӣ ташкил намоянд.

Аз ҷониби маъмурияти КДПТ маводҳои кори семинар, ки мутахассисон аз ФР дастрас карда буданд барои сарфа накардани миқдори зиёди варақ дар дискҳои оптикӣ сабт карда шуда ба иштирокчиёни семинар тӯҳфа карда шуд. Дар хотимаи семинар аз ҷониби иҷрочии директори ИҶК Хазинаи Сорос Зӯҳро ҳалимова ва Тренерон Устимчик М. ва Штыхван В. ба иштирокчиёни семинар сертификат супорида шуд. Семинар дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамкорӣ байни мутахассисони Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи додугирифти иттилоот кори худро анҷом дод.

Пештара
Баъди

Leave A Comment