Библиография ҳамчун ҷузъи асосии фаъолияти китобхонаҳо

Мирзоев У. М.

муовини директори Китобхонаи

давлатии патентию техникӣ

 

Ҳанӯз дар давраҳои пеш, ки аз мавҷудияти коғаз ва китоб тасаввуроте набуд, одамон кӯшиш мекарданд, ки ҳар он чизе, ки ба зеҳнашон меомад ё мушоҳида менамуданд бо истифода аз барги дарахт, чарм, қиртос, лавозимоти  сафолӣ, сангу чӯб ва нақшнигорӣ дар дару деворҳо  қайд мекарданд ва бо ин восита як навъ барои худ ба истилоҳ ҳифз ва нигоҳдорӣ менамуданд. Бо мурури замон шумораи  нигораҳои сабтшуда, қайдҳо батадриҷ зиёд гардида,барои банду баст ва нигоҳдории онҳо зарурати макони нигоҳдорӣ, яъне хазина ба миён омад ва  ин маконҳо номи китобхонаҳоро ба  худ касб намуданд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки макони асосии нигоҳдории навиштаҷотҳо дар дохили сабадҳо, қуттиҳои аз гил сохташуда, сандуқҳои чӯбин ба шумор мерафтанд.

Чи тавре ки дар боло қайд кардем, ба тадриҷ зиёд гардидани қайдҳо боиси пеш омадани мушкилиҳои зиёдро ҳангоми ҷустуҷуи иттилооти зарурӣ ба миён овард ва аз ин лиҳоз шахсони мутассадӣ тарзҳои оддии ҷобаҷогузорӣ, яъне  ба ибораи дигар таснифоти китобхонавиро ихтироъ намуда истифода мебурдагӣ шуданд.             Акнун ҷилдҳои ҷамъгардидаро, ки баъдтар китоб  ном гирифт, вобаста ба муҳтавои онҳо, ба кадом соҳа тааллуқ доштанаш ва дар дохили соҳа таснифоти мухтасар дар сабадҳои алоҳида  ҳифз гардида, дар болопӯши он ба кадом мавзӯъ вобаст буданашон сабт мегардид. Китобдорон барои осон дарёфт намудани маводи лозима дар ҳар қуттӣ ва сабадҳо, ки дар онҳо матнҳо гирд оварда шуда буданд, қайдҳо мегузоштанд. Ин имкон дод, ки нахустин феҳристҳои китобхонавӣ ихтироъ шуд ва ҷустуҷӯи адабиёти лозимаро дар ин махзани бузург осон намуд. Бо пешрафти замон ба феҳристҳои китобхонаҳо мавзӯъ, шакл, ҳаҷм, рӯйхатикитобҳо, нишондиҳандаҳо ва бознигарии китобҳо илова  шуданд. Дар маҷмӯъ  ҳамаи онҳо библиография номида мешуданд ва дар терминалогияи муосири китобхонавӣ воситаҳои библиографӣ мебошанд.

Донишмандони давр ҳангоми навиштан ва эҷод намудани асарҳо аз маълумотномаҳои библиографӣ, дастурамалҳои библиографӣ, маҷмӯи нишондодҳои библиографӣ истифода бурданро омӯхта, вақти худро ҳангоми ҷустуҷӯи адабиёти зарурӣ аз хазинаи бешумори китобхонаҳо сарфа намуданро ёд гирифтанд.

Ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 3 млн. мақола, 35 ҳазор маҷаллаҳои илмӣ- техникӣ, 150 ҳазор китобҳои илмӣ аз чоп бароварда шуда, пешкаши истифодабарандагон гардонида мешавад. Ғайр аз ин дар интиҳои  асри гузашта, шумораи зиёди китобҳо, китобчаҳо, маҷаллаҳо, рӯзномаҳо ва дигар намуди нашрияҳои чопию дастнависҳо рӯйи кор омад, ки дар онҳо тараққиёти бемайлони соҳаҳои илм, техника, фарҳанг ва ғайраҷамъоварӣ ва ҳифз карда шудаанд.

Яке аз функсияи асосии китобхона фаъолияти библиографӣ мебошад. Фаъолияти библиографӣ дар ҳамаи китобхонаҳо, новобаста аз шаклҳои фаъолияти онҳо ба роҳ монда шудааст.

Рисолати асосии хадамоти иттилоотиву- библиографӣ ин бо адабиётҳои илмиву техникӣ, иттилооти навин, маводҳои библиографӣ таъмин намудан ва баланд бардоштани сатҳи дониши истифодабарандагон ва таъмини он маводҳои илмие, ки ҳайати унвонҷӯён, устодон ва профессорони донишгоҳу донишкадаҳои  ҷумҳурӣ ба он ниёздоранд ба  шумор  меравад.

Самаранокӣ ва сифати фаъолияти китобхонаҳо дар ҷомеаи имрӯза ба тарзи дурусти фаъолияти библиографӣ вобастагӣ дорад. Самаранокии фаъолияти китобхонаҳо чӣ дар шакли электронӣ, анъанавӣ ва вертуалӣ бе истифодаи дастурҳои библиографӣ ғайри имкон аст. Ин мутахассисони соҳаи китобдориро водор месозад, ки новобаста аз илмҳои муосир аз худнамоии забони муошират, кор бо компютер, ташкил ва пешбурди сомонаи китобхонаҳо бархурдор шаванд ва дар фаъолияти кории худ навгониҳо ҷорӣ намоянд.

Дар баробари ин бояд барои ташкил ва истифодаи дастурҳои библиографӣ, ки дар фаъолияти  китобхонаҳо мақоми махсусро доро мебошад, кӯшиш ба харҷ дода шавад, чунки дастури библиографӣ қисми асосии фаъолияти библиографӣ ба ҳисоб меравад.

Албатта истифода аз дастурамалҳои библиографӣ оиди ба даст овардани маълумоти зарурӣ вобастаба соҳҳаҳои илм, ниҳоят муҳим ва саривақтӣ мебошад. Вобаста ба онҳо дар китобхонаҳо интихоб, тартиб, хусусияти ҳуҷҷатҳо ва таҷҳизот бо дастгоҳи ёрирасони библиографӣдода мешавад. Дар ин раванд Китобхонаи давлатии патентию техникӣ то ба имрӯз бо мақсади тарғиб,оҷилан ва ба истифодаи умум қарор додани хазинаи пурғановати худдастури библиографӣ-тавсиявиро дар шакли “Номгӯи адабиётҳои нав”инчунинрӯйхати библиографии адабиётҳо бахшида ба санаҳои таърихӣ ва ҷашнҳои миллӣ таҳия ва пешниҳоди истифодабарандагон  намудааст.    Истифодабарандаи имрӯза мехоҳад, ки оҷилан ба ӯ иттилооти зарурӣ дастрас гардад ва таъмин бошад. Дар ин маврид таҳия ва пешниҳоди дастурҳои библиографӣ саривақтӣ мебошад ва вақти кории худи корманд низ сарфа мегардад. Аз таҷрибаи китобхонаҳои хориҷ тариқи сомонаҳои интернетӣбо хабар мешавем, ки сифат ва кори китобхонаҳо аз ҷумла, хадамоти библиографӣ, фаъолияти китобдорӣ дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ин замина китобхонаҳои ҷумҳуриро мебояд, ки  ҳамқадам ба замони муосир бо истифода аз шароит ва имкониятҳои худ аз  шаклҳои нави хизматрасонӣ, таҳия ва омода намудани дастурҳои библиографиро тариқи электронӣ ба роҳ монда,  пеш аз ҳама кормандони ғайри ихтисосро ба курсҳои махсуси омӯзиши соҳаи библиографияшиносӣ равона созанд. Библиография худ фарогири қисматхои асосии илмӣ ва робитаҳои иҷтимоӣ мебошад ва самаранокии робитавӣ аз сатҳи шаклҳои он вобастагӣ дорад. Ин пеш аз ҳама дар назди китобхонаҳо вазифа мегузорад, ки дар замони муосир, ҳаҷми захираҳои библиографиро зиёд кунанд, сифати онро беҳтар намоянд, истифодаи бомавриди хазинаро барои ҳамаи истифодабарандагон таъҷилан ва осон пешкаш намуда,барои истифода бурдани маводҳои чопии потенсиалӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Минбаъд ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти хадамоти библиографӣ зарур аст, ки таҳияи дастурҳои библиогрфӣ ҳам дар шакли чопӣ ва ҳам дар шакли электронӣ пешниҳод карда шавад;

Таъсиси курсҳои махсуси омӯзиши библиографӣ  инчунин мунтазам ташкил ва баргузор намудани мизи мудаввар, семинару конфронсҳои омӯзишӣ  барои кормандони ғайри ихтисос бо ҷалби мутахассисон ва устодони соҳаи китобдорӣ ба роҳ монда шавад;

-ҳар як китобхона бояд дастгоҳи маълумотдиҳи -библиографии пурра ва комил дошта бошад.

Пештара
Баъди

Leave A Comment