26 январи соли 2021 ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баён гардид.
Дар он роҳбарони вазорату идораҳо ва раисони шаҳру вилоятҳо ширкат варзиданд.
Хурсандиовар аст, ки Паёми Сарвари давлат ба Парлумон ҳолати кишварро арзёбӣ намуда, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян менамояд.