« Китоб калиди дониш ва воситаи асосии саводнокшавӣ аст»
«Китоб аст, ки таърихи куҳанбунёди мо, ганҷинаҳои тамаддуни башарӣ, дурдонаҳои назми ҳазорсолаи мо, достонҳо ва илму дониши бостонӣ, хираду заковати наслҳо ва халқҳоро зинда нигоҳ медорад».
«Китоб як рукни муҳими тамаддуни башарӣ ва ҷузъи ҷудонопазири зиндагии инсон аст. Аз ин ҷост, ки мардуми олам бо арзи эҳтиром ба ганҷинаи маънавии ниёгон китобҳоро дар хазинаҳои миллии хеш нигоҳдорӣ мекунанд, то ин ки наслҳои имрўза ва оянда аз онҳо барои рушду камолоти маънавии худ истифода баранд».
«Китоб ҳамчун шиносномаи шоистаи ҳар як халқу миллат барои поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ ва рушди он, таҳкиму тақвият ёфтани ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву худшиносии ҳар як фард нақши бузург дорад».
«Китоб ва сухан аз нерўи бузурге бархўрдоранд. Сухан аз ҷумлаи неъматҳои олии маънавӣ буда, ақлу хирад ва даҳои инсониятро таҷассум менамояд. То ҷаҳон ҳаст ва инсоният боқист, умри сухан безавол аст».
«Имрўз нақш ва мақоми китоб ҳамчун манбаи муҳими дониш ва таҳқиқи масоили гуногуни таъриху сиёсат, иқтисодиёту маънавиёт ва маорифу фарҳанги халқамон беш аз пеш меафзояд».
«Китоб аст, ки бо нури донишу маърифат роҳи мардумонро равшан сохта, боиси ҳастиву пойдории миллат, таърих, забон, адабиёт ва фарҳанг гардидааст».
Шуъбаи маркетинг ва рушди китобхона