«Муборизаи озодихоҳонаи Спитамен бар зидди истилогарони мақдунӣ яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи артишдорӣ ва лашкаркашии гузаштагони мо ба шумор меравад. Ҳатто Искандари мағлубнопазир Спитаменро чун рақиби тавоно ва лашкаркаши зираку боҳунар эътироф намуда, афзалияти стратегия ва тактикаи ҷангии ўро дар миёни лашкаркашонашон борҳо ситоиш кардааст». Эмомалӣ Раҳмон
Романи Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин «Спитамен» аз ҷумлаи асарҳоест, ки дар бораи таърихи муборизаҳои ватандўстонаи аҷдодони қадимиамон ҳикоят мекунад. Ин асар ба тасвири ҷангҳои ғоратгаронаи Искандари Мақдунӣ барои тасхири сарзамини аҷдодиамон Суғд ва корнамоиҳои Спитамени мубориз барои озодӣ ва истиқлолияти кишвараш бахшида шудааст. Романи мазкур бо маҳорати баланди нигорандагӣ навишта шуда, ба ташаккули эҳсоси ватандўстӣ ва худшиносии милли хонандагон мусоидат менамояд.